Бахшҳо
09 июн 2012 06:16Сиёсат

Тафаккури чӯпонии «чиновникҳо» Тоҷикистонро то куҷо мебарад?

Порсол истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон аз дурнамои эълонкардаи Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар ҳудуди 550 киллограм камтар шуда, ҳамагӣ 2 тоннаю 241 киллоро ташкил додааст. Имсол масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дурнамои тавлиди тиллоро дар кишвар ҳудуди 2,5 тонна меҳисобанд. Аммо суоли аслӣ инҷост, ки чаро аз ин захираи гаронбаҳо ба дурустӣ ҷиҳати рушди иқтисоди мамлакат истифода намешавад?

Тиллои Тоҷикистон дар дасти Чиниҳо

Яке аз дороиҳои асосии Тоҷикистон ин тиллост. Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави кишвар 28 маъдани тилло кашф шудааст, ки захираи онҳо ба 430 ҳазор тонна мерасад. Тоҷикистон дар сол наздики 3 тонна тилло истеҳсол мекунад. Бештари ин истихроҷҳои тилло тавассути ширкати тиллои "Зарафшон" сурат мегирд. Дар истихроҷи тилло корхонаи тиллои "Зарафшон" бо ширкати "Nelson Resources Ltd" (44%), давлати Тоҷикистон (51%) ва низ Сандуқи байналмилалии Пул (IFC) (5%) саҳм доранд. Корхонаи тиллои Зарафшон бузургтарин корхонаи истихроҷкунандаи тиллост, ки ба Тоҷикистону Чин тааллуқ дорад. Инчунин танҳо дар ноҳияи Шӯрообод 17 кони тилло мавҷуд аст, аммо бо далели набудани роҳҳои иртиботӣ, аз ин конҳо истифода намешавад. Ду маъдани дигар яъне кони тиллои "Покруд" дар ноҳияи Ваҳдат ва кони "Табоспин" дар ноҳияи Масчо ҳастанд, ки ба гуфтаи раиси саридораи геологияи Тоҷикистон, захираи тилло дар кони Ваҳдат 116,8 тонна ва дар кони Масчо 59 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир бештар чиниҳо аз захоири тиллои Тоҷикистон баҳра мебаранд. Мутахассисони чинӣ дар ду кони тиллои ноҳияи Шуробод ба заршӯӣ машғуланд. Дороии ин конҳо онҳоро барои фаолияти васеъ ҳавасманд кардааст. Захоири ин ду кон 100 тон тахмин зада мешаваду ба гуфтаи масъулин, аз ин ду маъдан дар як сол 300 килограм тилло метавон дарёфт кард.  Ширкати чиноии "ZiJin Mining Group Co.Ltd" ба нақша гирифтааст, ки дар Тоҷикистон корхонаи тасфияи тилло созад ва то соли 2014 истихроҷи ин маъданро соле то ба 4 тон расонад. Аммо суол пеш меояд, ки чаро ин конҳо дар ихтиёри худи тоҷикон нест то соҳибкорони маҳаллӣ ба ин кор ҷалб шаванд?

Иқтисодшинос Фирӯз Саидов мегӯяд, ки Тоҷикистон дар шароити кунунӣ қудрати коркарди тиллоро надораду ба ҳамин хотир ширкатҳои хориҷиро барои ин кор ҷалб менамояд зеро илоҷи дигаре надорад: "шояд дар оянда тавноии коркарди тиллоро пайдо кунем, вале акнун беҳтар аст бо он ширкатҳое, ки дар ин замина таҷриба доранд ҳамкорӣ намоем ва дар вақти бастани шартнома манфиати ҷумҳуриро дар коркарди тилло ба инобат гирем. Сармояи хориҷӣ ба ин кор ҷалб шавад, аммо ҳамроҳи он барои истихроҷи тилло аз кадрҳои маҳаллӣ истифода гардад то онҳо қобилияташон зиёд гашта дар оянда аз паи ҷустуҷӯи маъданҳои тилло шаванд".
Дар ҳамин маврид узви комиссияи энергетикаи Парлумони Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мегӯяд, ки захоири тилло дар умқи заминҳои Тоҷикистон фаровон аст, аммо то имрӯз аз иқтидори ин конҳои тилло чандон дуруст истифода нашудааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки истихроҷи тилло ҳазинаҳои зиёдро талаб менамояд ва истифодаи самараноки тилло бастагӣ ба болоравии нархи он дар бозорҳои ҷаҳонӣ дорад. Мушкил инҷост, ки худи зарри соф дар таркиби тилло кам аст. Барои истеҳсоли тилло, ибтидо маъдани онро муъаян баъд худи тиллоро тоза ва пурбаҳо мекунанд. Гузашта аз ин барои истихроҷи тилло бояд корхонаҳои тасфиясозӣ ташкил кард. Ҳамин мушкилот боис шуда то ширкатҳои хориҷӣ ба конҳои тиллои Тоҷикистон камтар таваҷҷӯҳ кунанд. Худи давлат ҳам сармояву тавони онро надорад то ин корро анҷом диҳад. Барои баҳрабардорӣ аз тилло сармоягузории хориҷӣ лозим аст ва он конҳои тиллое, ки ҳаст, истифода аз онҳо бастагӣ ба нархи тилло дорад. Агар нархи тилло дар бозор афзоиш ёбад, сармоягузорон ба истихроҷи он машғул мешаванд ва дар ҳолати акс, онгоҳ, ки нархи тилло коста гардад, аз истифодааш даст мекашанд. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 корхона истеҳсоли тилло ва нуқра: корхонаи муштараки "Зарафшон", корхонаи "Апрелевка" ва корхонаи тилои "Тоҷик" ва низ ширкати хусусии "Артели Одина" дар вилояти Хатлон фаъоланд.

Картошка сарват тавлид мекунад ё тилло?

Аз тарафи иқтисоддонон ба масъулин чунин интиқод ворид мегардад, ки дар соҳаи саноат ислоҳоти ҷиддие гузаронида намешавад ва онҳо ҳатто дар соҳаи кишоварзӣ ҳам стратегияи мушаххасе надоранд. Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар як сӯҳбаташ гуфта буд, ки бо идома ёфтани вазъияти ҷорӣ дар бахши саноат, ин соҳа фалаҷ мешаваду кишоварзӣ ҳам наметавонад боиси тараққии Тоҷикистон гардад.  
Дар асл соҳаи кишоварзӣ ҷузъи соҳаҳои асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад на барои он ки 30 дарсади даромади миллиро таъмин менамояд, балки ба он хотир, ки ҳамроҳи муҳоҷират бештари мардум аз ин соҳа зиндагии худро пеш мебаранд. Дар канори ин, бо вуҷуди гузашти 20 сол аз истиқлоляит ва таваҷҷуҳи давлат, ин соҳа натавонистааст аҳолиро бо молҳои ғизоии дохилӣ таъмин намояд. Ҳатто вақте балоҳои табиӣ дар кишвар рух медиҳад, аз дигар кишварҳо кумакҳои ғизоӣ ба мардум расонида мешавад. Соҳаи кишоварзӣ мавсимист, дар як фасл мешавад маҳсулеро кошту дар фасли дигар не ва низ бисёре аз заминҳову зироъатҳо ба далели набудани шароит ва бетаваҷҷуҳӣ хароб гаштаанд. Стратегияи мушаххасе ҳам барои рушди ин бахш дида намешавад ва кишоварзон аз истеҳсоли маҳсулоти худ чандон фоидае ба даст намеоранд, зеро агар меоварданд, кишоварзи 75 солаи тоҷик Сангалӣ Раҳимов намегуфт, ки имрӯз одамон аз маводи кишоварзӣ фоида намебинанд. Зеро нархи маводи кишоварзӣ аз ҷумла ғаладонагиҳо нисбати порсол як маротиба зиёд шудааст. Тавре номбурда иброз намуд: "акнун ин технологияе, ки барои коркарди пахта истифода мешавад, махсуси асри 50 аст. Ягон теникаву технологияи нав нест. Ман худ 3,5 гектар пахта дорам, ки дар ҳолати ногуворе қарор доранд. Чанд рӯз қабл озуқаи аввали заминро додам, аммо барои ин бештар аз 80 км гаштаму як трактори кӯҳна ёфтам. Ҳарчанд техникаҳои нав баромадааст, аммо дар мо ҳамон техникаи замони шӯравӣ боқист, ки фарсуда гаштааст. Бо тамоми вуҷуд мегӯям, имрӯз он деҳқоне, ки 4 гектар замин гирифтаасту саводи кофӣ ҳам надорад, аз ҳама тараф фиребаш мекунанд".               

Гуфта мешавад, ки бо гузашти 20 сол аз истиқлолият ҳамчунон иддае аз масъулини тоҷик ба номи ошноҳояшон ресторану меҳмонхонаву ба ин монанд иншоотҳо доранд ва подаи гову рамаи гуспанд ҳам парвариш медиҳанд. Ин ҳам дар асри 21. Фикр намекунед, ки ин аз як навъ тафаккури чупонӣ доштани эшон  дарак медиҳад?
Аммо ин ки парвариши чорпо то чи андоза суд меораду чи қадар хароҷотро талаб менамояд, кишоварзи тоҷик Сангалӣ Раҳимов мегӯяд: "ман барои парвариши ҳайвоноти калон ҳисоботи зиёд дорам, аммо парвариши ҳайвононт ҳам даромади ончуноние намеорад. Имрӯз 95 фоизи мардум аз хурдани гушти гусфанд даст кашидаанд, зеро гушти гов масраф мекунанд. Ман худам ба ин намуди соҳибкорӣ яъне парвариши гову гуспанд даст намезанам, чун зарар меорад. Зиёда аз 40 дарсад  зарар мебинам. Дар деҳаи мо тақрибан касе бо ин кор сару кор надорад".      
Бо ҳамаи инҳо худи мақомот мегӯянд, ки ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Ба гуфтаи масъулини Вазорати кишоварзӣ талаботи мардуми ҷумҳурӣ ба картошка 760 ҳазор тонна мебошад. Соли гузашта тақрибан 800 ҳазор тонна картошка истеҳсол гардид. Аз рӯи барнома соли ҷорӣ дар тамоми намуди хоҷагиҳои мамлакат ҷамъоварии ҳосили картошка ҳудуди як миллион тонна пешбинӣ шудааст, ки дар қиёс бо порсол тақрибан 200 ҳазор тонна бештар аст. Масъулини Вазорати кишоварзӣ гуфтаанд, ки  ҳосили интизории картошка аз талаботи мардуми кишвар наздики 240 ҳазор тонна бештар буда, имкон медиҳад, ки ин намуди маҳсул ҳатто ба хориҷа содир гардад.

Дар ҳоле бардошти картошка бо нақшаи аз пеш тасдиқшудаи масъулини Вазорати кишоварзӣ мувофиқат мекунад, ки истеҳсоли тиллои мо бо барнома мутобиқат намекунаду тилло камтар аз ҳадди муқаррар истеҳсол мегардад ва суоле матраҳ мегардад, ки истеҳсоли картошка ба Тоҷикистон фоида меорад ё тилло? Чун имрӯз нархи болои як кило картошка 2,5 сомонист ва нархи як кило тилло 50 ҳазору 258 доллар аст. Тибқи ҳисобот нархи як кило тилло бо нархи 98 тонна картошка баробар аст.       
Дар зимн набояд фаромуш кард, ки захоири тилло мизони дороии ҳар кишвареро мушаххас мекунаду ҳамроҳи ин ба сарвати миллии ҳар мамлакате унсурҳои гуногуне дохил мешаванд. Аз ҷумла фондҳои асосиву гардони истеҳсолӣ, ки Тоҷикистон аслан истеҳсолоти муқтадире надорад. Пас сӯҳбат кардан дар бораи ин ду бемаъност. Комёбиҳои илмию фарҳангӣ ва низ таҷрибаву малакаи истеҳсолӣ ҳам ба дороиҳои миллат дохил мешаванд, ки ин ду низ дар Тоҷикистон дида намешавад. Пас мемонад захираҳои табиӣ, ки дар сурати истифодаи дуруст аз онҳо Тоҷикистон метавонад ба яке аз сарватмандтарин кишварҳои дунё табдил ёбад. Зеро боарзиштарину гаронтарин захирае, ки дар ҷаҳон вуҷуд дорад, ин тиллост. Ҳарчанд нархи он нисбат ба соли 2010, ки ҳар як унсаш ба 1900 доллар баробар буд нест аммо тилло ба далели камёббуданаш ҳамонанди захоири нафту газ ҳамеша арзиши баланд дорад. Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби захоири тиллои худ, дороии миллияшро зиёд гардонад. Ба таъбири дигар саноати кӯҳиву маъдан, саноати сангин ва сангҳои қиматбаҳо минҷумла тилло, сарвати миллиро фазоиш медиҳад на маҳсулоти кишоварзӣ. Чунончи имрӯз нархи як унси тилло, ки муодили 31,1 грам аст дар бозори ҷаҳонӣ ба 1 ҳазору 563 доллар баробар шуда, ки ин дар қиёс бо авоили соли ҷорӣ ҳарчанд наздики 100 доллар ва тирамоҳи порсол 250 доллар арзонтар мебошад аммо тирамоҳи соли гузашта нархи як унсий тилло дар ҷаҳон ба нишондоди рекордӣ расида аз 1900 доллар гузашта буд. Тоҷикистон ҳам соли 2011 воридот ва содироти маъданҳои гаронбаҳоро афзоиш додааст. Тибқи омори Вазорати энергетика дар соли 2011 истихроҷи тилло 2 тоннаву 241 килоро ташкил дода, ки ин нисбат ба соли 2010, 134,4 кило бештар аст. Тибқи барнома дар соли 2012 тавлиди тилло 279 килои дигар бештар ба нақша гирифта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки порсол Тоҷикистон аз ширкати "Апреловка" 50 кило тилло харида буд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи инҳо тиллои Тоҷикистонро дигарон мегиранду мефурӯшанд ва аз даромади фурӯш чизе барои худамон боқӣ намемонад.                 
Давлат риск намекунад

Иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки иқтисоди Тоҷикистон дар баробари омилҳои берунӣ осебпазир аст. Чунончи акнун захираҳои тиллову арзии Тоҷикистон тақрибан 431 млн долларро ташкил медиҳад, ки ин танҳо барои воридоти якуниммоҳа кофист. Ин захира ҳатто барои кишварҳои камдаромад низ кам аст ва бояд бештар бошад. Захираҳои арзиву тиллоӣ бояд барои дувуним то се моҳ кофӣ бошад.
Истихроҷи тилло аз он ҷиҳат барои Тоҷикистон зарур аст, ки ҷуз 2 моли асосии содиротӣ яъне аломинийву пахта дигар чизи дигаре барои содирот ва афзунгардонии сарвати миллӣ надорем. Албатта аз фурӯши ин 2 ҳам чандон дороии миллат зиёд намегардад. Порсол аз фурӯши нахи пахта 170 млн. ба даст омаду аз ҳисоби алюминий ҳам танҳо 300 млн. сомонӣ ба буҷети кишвар ворид мегардад. Пас тилло метавонад ба яке аз аслитарин колоҳои содиротии Тоҷикистон таблил ёбад. Зеро бо раванди феълӣ, ки тамоми бозорҳои кишварро молҳои Чину дигар кишварҳо фаро гирифтааст, эҳтимоли пурра фалаҷ гардидани истеҳсолоти набудаи мамлакат вуҷуд дорад.
Бо Чин ҳам ҳатто давлатҳои мутараққии дунё рақобат карда натавонистаанд чӣ расад ба Тоҷикитсон, ки тамоми иқтисодаш воридотисту истеҳсолоташро бештар маҳсулоти кишоварзиву ашёи хом ташкил медиҳад. Бо ингуна молҳои арзони кишоварзӣ ва ашёи хом даромади миллӣ зиёд намегардад. Агарчи  Тоҷикистон беҳтарину ҳосилхезтарин хокро доросту метавонад аз онҳо истифодаи фаровон барад, аммо мушкил инҷост, ки то кунун аз онҳо истифодаи самараноке бо гузашти 20 сол аз истиқлолият набурдаасту техникае ҳам надорад то аз ин ҳосилхезии заминаш ба таври муассир баҳраманд гардад. Гузашта аз ин дар дохили кишвар маҳсуле дида намешавад, ки пурра талаботи аҳолиро қонеъ гардонад. Барои ҳамин ингуна молҳо аз берун ворид мешавад. Дар ҳеч соҳае ҳам моле нест, ки зиёд тавлид гардаду талаботи дохилро таъмин намояд, ки ба ҳамин хотир воридоти маҳсулот аз хориҷа озод аст ва вақте, ки моли ватанӣ кам аст, табиист мардум рӯ ба аҷноси хориҷӣ меоранд.    

Ба қавли коршиносон имкони роҳандозии ҳарчи бештари корхонаҳои коркарди тилло дар кишвар вуҷуд дорад, аммо мумкин аст он маъдане, ки корхонаи тасфияи тилло дар онҷо сохта мешавад, танҳо 25 тон тилло дошта бошаду баъди истихроҷӣ ин 25 тонна, дигар ин корхонаи сохташуда нодаркор мешавад ва шояд онро кучонида шавад, аммо хароҷот зиёд мегардад. Вақте дар таркиби 4 тонна маъдан 10 дарсад тилло бошад, ширкатҳои хориҷӣ ба он таваҷҷуҳ намекунанд. Ба гуфтаи коршиносон конҳои холис дар Тоҷикистон камтар асту бештари ин конҳо пошхурда ҳастанду ин тиллоҳоро бештар бо усули заршӯӣ ва тозакунӣ мегиранд. Тиллои холисе, ки ба таври табиӣ пайдо мешавад, кам аст. Сарфи маблағ барои тилло фоида меорад, аммо риски зиёд ҳам дорад. Ин ки дар коне 10 ё 25 фоиз тиллост ё камтару бештар, инҳо ҳама тахминист. Қабл аз истихроҷи тилло ҳамин рискҳо ба назар гирифта мешавад махсусан таркиби тилло дар дохили маъдан. Дар зимн бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон кони нуқраи бузургтарини "Мансури калон" ҷойгир аст, аммо солҳост, ки ҳеч ширкати хориҷие ба ин кон таваҷҷуҳ зоҳир накардааст ҳарчанд ин маъдан беш аз 50 ҳазор тон нуқраи соф ва дигар сангҳои қиматбаҳо дорад. Набуди сармоя бузургтарин мушкил гаштааст.                          

Агар Тоҷикистон имконияташро барои истихроҷ ва содироти тилло сарф кунад, манфити зиёде мебинад. Вале мушкили асосӣ инҷост, ки ин кор ҳазинаву таҳқиқоти  зиёдеро талаб мекунад. Зеро дақиқ кардани мизони тилло, сифати он, тиллои холису нохолис ва маълумкунии ҳамаи инҳо вақту сармояи фаровон мехоҳад. Бо ҳамаи инҳо коршиносон чунин мешуморанд, ки тилло ҷузъи сарвати миллии ҳар кишварест ва ҳеч мамлакате аз истихроҷу коркарди он ба мақсади фурӯш ё нигаҳдорӣ дар хазина, зарар намебинад.
Аммо ба назар мерасад, ки дар кишвари мо рушди саноати маъдан ва истихроҷи тилло дар ояндаи наздик имконпазир нест. Зеро дар тули 20 соли истиқлол ҳукумати Тоҷикистон роҳи  рушди ин соҳаро барномарезӣ накардааст ё агар карда муассир набуда аст. Дар ин бист сол мо ҳадди ақал метавонистем, ки 15-20 нафар мутахассис омода намоем. Гузашта аз ин тавре, зикр гардид, дар ҳоле, ки сармоядорон ва мансабдорони мо дар фикри рамаву пода ҳастанд, рушди соҳаи саноати маъданро умедвор шудан ба ақл рост намеояд. Шумо чӣ фикр доред?


Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)