Мақоле ҳаст, ки агар касе хоҳиши тухм хурдан надошта бошад, баҳонае ба ӯ кофист, ки як тухми вайроншударо ёбад. Аммо ин дафъа чунин баҳонаҳо шояд воқеӣ ба назар расанд, зеро аз вайроншавии на як ё ду тухм, балки бастаҳои бисёр ҳам шикоят мешавад. Гуфта мешавад, ки баъзе истеҳсолкунандагони тухм ба хотири суди бештар усули ҷадидро «кашф» кардаанд. Яъне, дар як рӯз ду бор тухм кардани мурғ. Ба истилоҳи дигар мурғро водор месохтаанд, то ҳар рӯз ду бор тухм диҳад. Ин кор бо вайрон кардани системаи биологии мурғ имконпазир мешавад.
Чунин ба назар мерасад, ки дар замони афзоиши рекордии нархҳо тоҷирону соҳибкорон ҳам ба хотири кам кардани хароҷот ва зиёд кардани даромад роҳҳои алтернативии «судманд»-ро меҷӯянд. Моле, ки арзон аст харидори зиёд дорад. Новобаста аз он ки арзон беиллат нест, харидорон бо назардошти имконияти молӣ ба савдои моли арзон майл доранд.
Масалан, ҳама медонанд, ки туфлиҳои туркӣ сифати олӣ доранду бештари туфлиҳои чинӣ пастсифатанд. Аммо аксарият туфлии чинӣ мехаранд, чун нархи арзон дорад.
Замоне нархи гӯшт қимат шуд ва хароҷоти корхонаҳои ҳасиббарорӣ афзоиш ёфт, зеро маҳсулоти асосии зарурӣ барои ҳасиб ин гӯшт аст. Акнун як ҳасиби 10 сомонӣ бо арзиши 15 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешуд, ки харидорони ин навъи маҳсулот якбора кам шуданд. Баъзе аз соҳибкорони ҳасиббарор ба хотири аз даст надодани харидорон роҳи дигари арзон истеҳсол кардани хасибро ёфтанд. Онҳо дар дохили ҳасиб гӯштро камтар ва дигар маҳсулоти арзонро бештар ҷой карда, бо ин усул болоравии арзиши аслии маҳсулоти худро нигоҳ доштанд.
Ҳамакнун чунин роҳи осони манфиатҷӯиро тухмистеҳсолкунандагон низ пеш гирифтаанд. Рӯз то рӯз зардии тухмҳо сафедчатоб шуда истодааст ва шикоят дар мавриди вайрон будани тухмҳо бештар ба назар мерасад. Сокини пойтахт Акмал Раҳимов мегӯяд, ки аз бозор як баста тухм харида ба хона овардааст, аммо ҳангоми бирён зардии тухм ба туби резинӣ монанд шудааст. Вай гумон карда, ки тухм вайрон шудааст, вале якчанд шиноси дигараш низ аз сахтшавии зардии тухм ва ранги сафедро ба худ гирифтани он шикоят кардаанд.
Баъзе огоҳон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ғизои мурғ қаблан аз хориҷ ворид мешуд ва дар натиҷаи хароҷоти роҳ нархаш гаронтар меафтод ва ин боис мегашт, то нархи тухм низ боло равад. Баъд аз он ки арзиши сӯзишворӣ ниҳоят баланд шуд ва хароҷоти нақлиёт афзуд, ба арзиши тухмҳо низ таъсири манфӣ расонд. Аммо истеҳсолгарони тухм ба хотири пешгирии болоравии нархи тухм ва аз даст надодани харидорони худ роҳи дигареро пайдо карданд- истеҳсоли ғизои (камбиркот) мурғ дар дохили кишвар. Лекин аз рӯи ҳадсҳо дар ин ғизо меъёри зарурии иловагиҳо камтар шуда ва аз ин сабаб зардии тухм сафедчатоб ва таркибаш сахт шудааст.
Дар Тоҷикистон тақрибан дар тамоми минтақаҳо тухм истеҳсол карда мешавад ва боз аз Эрону Русия ворид мегардад. Аммо аҷибаш дар он аст, ки нархи тухми аз хориҷа воридгардида ва тухми дар кишвар истеҳсолшуда аз ҳам фарқ намекунад. Ҳамааш аз 65 то 85 дирам арзиш доранд.
Ахиран кормандони «Тоҷикстандарт» якчанд мағозаи пойтахтро гашта, тухмҳои фурӯширо ба санҷиш гирифтанд ва натиҷа нишон додааст, ки бисёре аз фурӯшандаҳо дар асл ягон хел сертификати мутобиқати стандартро надоранд ва баъзе тухмҳо воқеан ба стандарт ҷавобгӯ нестанд. Аммо яке аз сабабҳои аслии вайроншавии тухмҳоро масъулини «Тоҷикстандарт» дар нодуруст нигоҳ доштани он, адами яхдонҳои нигоҳдорӣ ва риоя накардани шароити ҳифзи тухмҳо донистаанд.
Аз рӯи гуфтаи мутахассисон ду навъи тухм истеҳсол мешудааст, ки яке «парҳезӣ» ва дигаре барои истеъмоли тӯлонӣ будааст. Аммо дар Тоҷикистон аслан тухми «парҳезӣ», ки мӯҳлати истифодаи он 7 рӯз аст, истеҳсол намешудааст, лекин амалан баъзеҳо ин қоидаро ба назар нагирифта, тухми «парҳезӣ»-ро бо пешбинии истифодаи як моҳа ба фурӯш мебаровардаанд. Ба гуфтаи мутахассисон ҳангоми аз стандарт гузаронидан он тухмҳое оварда мешавад, ки ба меъёр ҷавобгӯ ҳастанд, аммо дар бозор навъи дигараш ворид мегардад.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи коршиносон дар бозорҳои Тоҷикистон маҳсулоти зиёде ворид мешавад, ки ба меъёр тамоман мутобиқ нест. Вале ин ҳама дар ҳолест, ки ташхисгоҳҳои Тоҷикистон умуман ба меъёри ҷаҳонӣ ҷавобгӯ набудааст.
Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр