Бахшҳо
04 июн 2012 03:51Иқтисодӣ

Имтиёзи корхонаҳои "тағодор" рақобатро аз байн мебарад

Дар чор моҳи соли 2012 аз 920 корхонаи саноатӣ 231 корхона кор накардааст ё аз ҳар 4 корхонаи саноатӣ яке аз фаъолият бозмондааст. Сабаби аз фаъолият бозмондани корхонаҳо гуфта нашудааст, танҳо коҳиши истеҳсоли семент бо далели қатъ шудани газ аз ҷониби ӯзбакистон арзёбӣ гаштааст.

Баъзе коршиносон мегӯянд, ки бо роҳандозӣ шудани "Равзанаи ягона" бақайдгириву таъсиси корхонаҳо осон шуда бошад ҳам, фоидаовар гаштани онҳо дар шароити Тоҷикистон мушкил аст. Зеро сабаби дар авоили соли ҷорӣ аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ё кам шудани истеҳсолот ин норасоии газ бошад, мушкили дигар камбуди нерӯи барқ дар тирамоҳу зимистон аст, ки корхонаҳои хурд тақрибан аз кор мемонанд. Яъне, фаъолияти корхонаҳо мавсимӣ мешавад ва табиист, ки дар чунин ҳолат даромади корхонаҳо коҳиш меёбад ё муфлис мегарданд.
Ахиран, 270 корхонаи вилояти Суғд аз сабаби норасоии газ ва барқ ба истифодаи ангишт гузаштанд ва гуфта мешавад, ки ин тарзи кор ба арзиши аслии маҳсулот таъсир расонда, боиси пойин рафтани нархҳо мегардад. Вале ҳанӯз дар ин самт дигаргуние эҳсос намешавад.

Имконияти нобаробари корхонаҳо

Иддае аз коршиносон чунин мешуморанд, ки дар Тоҷикистон монополия иҷозат намедиҳад, ки рақобати солим ба вуҷуд ояд ва ба пойинравии нархи молу маҳсулот оварда расонад. Константин Бондаренко, роҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон бар ин назар аст, ки монополия на танҳо сабаби ба таври сунъӣ боло рафтани нархҳо мегардад, балки яке аз омили асосии муфлисшавии корхонаҳову соҳибкорон аст. Ба андешаи ин коршинос дар минтақаҳо мансабдорони алоҳида бо назардошти манфиати худ бозорҳои хурдро мебанданд ва савдогаронро маҷбур мекунанд, ки рафта дар бозори асосӣ моли худро фурӯшанд. Яъне, инҳо метавонистанд дар бозорҳои хурд маҳсулоти худро арзонтар фурӯшанд, вале ин амали эшон ба касе маъқул нест ва маҷбур мекунад, ки кисаи раиси бозорро бо пули бештаре пур кунанд ва нархи молҳояшон низ дар натиҷаи пардохти зиёд боло меравад. Онҳоро озодона фаъолият кардан намемонанд.
Вақте гӯшт қимат шуд президент баромад карда, гуфт, ки бозорро ба деҳқонон медиҳад то нарх пойин равад. Аз як сӯ ин асос дорад, зеро бозор дар дасти як - ду нафар монополист аст, ки ҳар киро хоҳад мегузорад нахоҳад намегузорад. Боз ин ҳам дар сурате, ки ба кисаи ӯ пул дарояд. Вале мантиқан деҳқон наметавонад дар бозор соли дароз савдо кунад, чун ӯ кори саҳроро анҷом медиҳад. Аммо гап дар сари ин аст, ки он гӯштфурӯшҳо аз пеши худ нархро боло намебаранд. Як нафаре шояд ҳаст, ки монополия кардааст ва аз онҳо "доля"-и зиёд мегирад ва нарх боло меравад. Ин ҷо мансабдор ё калонҳои бозор бояд танбеҳ шаванд, на се-чор гӯштфурӯше, ки маҷбур аст "қоида"-и муқарраркардаи соҳиби бозорро риоя кунад.

Як корхона 8 дирам ва корхонаи дигар 28 дирам пули барқро месупорад

Тибқи маълумот ҳукумат барои 28 корхона дар пардохти андозу боҷи гумрукӣ ва пардохти нерӯи барқ имтиёз додааст, ки ширкати алюминиюми тоҷик, "Тоҷирон", "Сементи тоҷик" ва якчанд корхонаҳои сохтмониву тавлидии дигар дар ин рӯйхат шомил будаанд. Аммо дар ҳамин ҳол иддае аз коршиносон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳукумат бо додани имтиёз ба баъзе корхонаҳо ва нодида гирифтани манфиати корхонаҳои дигар дар сиёсати бозорӣ рақобати носолимро эҷод мекунад.
Гуфта мешавад, ки дар чанд соли ахир бо далели мавҷудияти рақобати носолим ҳудуди 40 корхонаи хусусии хурду миёна фаъолияти худро қатъ карда, ба кишварҳои дигари минтақа рафтаанд. Чанд корхона аз сабаби гаронии нерӯи барқ ва андозу пардохтҳои гумрукӣ ва набудани рақобати солим аз фаъолият бозмондаанд. Соли 2010 аз сабаби надоштани имкони пардохти андоз 12 корхона муфлис шудааст. Аз ҷумла, баъзе корхонаҳо имтиёзҳои зиёд доранд, ки ин дастгирӣ ба дигар корхонаҳо имкон намедиҳад то дар баробари чунин ширкати аз имтиёз бархурдор рақобат кунанд ва чунин муносибат он ширкатро дар бозор монополист месозад. Саволе ба миён меояд, ки агар рақобати солимро ба вуҷуд овардан мехоҳанд, пас чаро ба баъзе корхонаҳо имтиёз медиҳанду ба бархеи дигар не?
Ба андешаи роҳбари Маркази бозори озод ин амал нобаробарии имконияти рақобат байни корхонаҳоро ба вуҷуд меорад. Як корхона барои нерӯи барқ 8 дирам пардохт мекунад ва корхонаи дигар 25 дирам. Дар сурате, ки шояд даромади ҳамон корхонаи имтиёздор чандон ба буҷет зиёд набошад. Шояд баъзе корхонаҳо ба он хотире имтиёз мегиранд, ки "тағо" доранд. Дар муҳити иқтисоди бозорӣ тамоми ширкатҳои хоҷагидорӣ бояд дар як шароит амал кунанд ва ҳуқуқҳояшон амалан баробар бошад. Аммо ҳоло ҳуқуқи онҳо мувофиқи қонун баробар асту дар амал баробар нест .

Имрӯз корхона таъсис шуд, пагоҳ андоз месупорад?

Дар ҳоле, ки аз фаъолият бозмондани корхонаҳо дар чанд соли ахир мунтазам ба мушоҳида мерасад, ҳукумат мехоҳад боз шумораи онҳоро зиёд созад. Аммо дар чӣ гуна шароит ва бо чӣ хел даромаде онҳо метавонанд фаъолияти худро ба роҳ монанд, баъзан ба назар гирифта намешавад. Ҳоло нақша ҳаст, ки аз соли 2012 то 2013 дар қаламрави мамлакат 324 корхонаи хурду миёна бунёд карда шавад, ки аз ин ҳисоб 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.
Дар баробари шароити нобаробар эҷод кардани давлат барои фаъолияти корхонаҳои амалкунанда, инчунин ҷой надоштани дастгирӣ аз ҷониби давлат ба ширкатҳои навтаъсисшаванда ва пардохту андозҳои гарону фоизи баланди қарзҳо сабаби зуд-зуд ба муфлисшавӣ рӯбарӯ гаштани корхонаҳо ном бурда мешавад. Номзади илмҳои иқтисодӣ Зулфия Асророва бар ин назар аст, ки барои корхонаҳо гирифтани қарз бо 36 фоизи солона ва баргардонидани он ғайриимкон аст.  Дар сурате, ки давлат мехоҳад ҷойҳои нави корӣ бунёд кунад ва инро аз ҳисоби таъсиси корхонаҳо метавон муҳайё кард, вале корхонаҳои навтаъсисёфта дар ягон ҳолат бо чунин фоизи қарз қомати худро рост карда, даромад ба даст оварда наметавонанд. Аз ҳамин хотир муфлисшавии корхонаҳо ҳар гоҳ ба назар мерасад. Дар дигар давлатҳо корхонаҳои навтаъсисро аз 3 то 5 сол аз тамоми андозҳо озод мекунанд то худтаъминкунанда шаванд. Ин амал ҳам ба афзоиши шумораи корхонаҳо оварда мерасонад ва ҳам дар оянда даромади буҷет аз ҳисоби андози онҳо бештар мешавад. Вале дар мо корхона ҳоло  нав қарз гирифта ба кор оғоз кунад ба сараш давида мераванд то аз он андоз ситонанд. Ин амал на шумораи корхонаҳоро зиёд мекунад, на андозсупорандагон зиёд мешаванд ва на ҷои кори иловагӣ пайдо мегардад.   

Ба бовари Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мушкили аслӣ дар муфлисшавии корхонаҳо андози аз ҳад гарон ва пардохи пули барқи қимат аст. Вай аз ҷумла гуфт: "Бо ҳамин сабабҳо корхонаҳо наметавонанд фоида ба даст оранд. Аз як тараф дар зимистон нерӯи барқро кам мекунанд то корхонаҳо имкони кор карданро надоранд ва тобистон ҳангоми фаровонии барқ нархи он қимат аст ва маҳсулоти истеҳсоли ин корхонаҳо нисбат ба он ки аз хориҷа меояд, гаронтар аст. Дар Тоҷикистон барои овардани таҷҳизоти корхона андози гарон месупоранд, дар сурате, ки бидуни ин дастгоҳҳо маҳсулоти истеҳсолшуда сифати паст дорад. Аммо барои корхона муфид нест, ки дастгоҳ орад, зеро андозҳои гарон монеаи ин кор мешаванд. Далели аслии рушд накардани корхонаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон якум сармоя аст, ки аз бонкҳои кишвар бо фоизи баланд гирифтани он душвор аст, дуюм андоз ва саввум пули барқ аст. Бештари корхонаҳои хурду миёна бо бонкҳо робита надоранд ва ҳама кори онҳо тариқи нақдӣ анҷом меёбад".   
Чунин ба назар мерасад, ки масъулин мехоҳанд ҳеч кореро анҷом надода, ба комёбиҳои зиёде ноил шаванд. Яъне, мехоҳанд ҷойҳои нави корӣ таъсис гардад, андози бештар ҷамъоварӣ гардад, буҷет пур шавад, аммо ин ҳама дар шароите, ки корхонаҳо на бо барқ таъминанд, на шароити сармоягузории хуб вуҷуд дорад, на рақобат ба назар мерасад ва на имкони гирифтани қарз мавҷуд аст.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)