Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ филми мустанадеро бо номи «Пеш аз сафар бидон» рӯи навор овардааст, ки шаби 31-уми майи соли равон тариқи шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон пешкаши бинандагон гардид.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати кишвар мегӯяд, ин филм барои ҷилавгирӣ аз хатарҳое таҳия ва пешкаши мардум гардид, ки маъмулан муҳоҷирони корӣ дар хориҷа рӯ ба рӯ мешаванд. Номбурда қайд намуд, ки филми мазкур ҳамчунин барои дастрас намудани маводи иттилоотӣ оид ба тартиби ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти корӣ ва будубош дар хориҷи кишвар таҳия шудааст. Ба қавли ин ҳамсӯҳбатамон, «Пеш аз сафар бидон» аввалин филмест, ки роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо сабки нав ва вижагиҳое таҳия гардидааст. Ин филм дар телевизион ҳудуди 50 дақиқа идома ёфта, дар он лаҳзаҳои мухталиф, аз қабили омодагии муҳоҷирон ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории қабл аз сафар, воқиф будан аз қоидаву қонунҳои кишвари қабулкунандаи муҳоҷир, ба доми қаллобон афтодани муҳоҷирон зимни харидории чипта, одоби муошират ва рафтори муҳоҷирон дар фурудгоҳ, роҳи оҳан ва дохили ҳавопаймо ва чӣ гуна худро идора намудани муҳоҷир баъд аз вуруд ба кишвари хориҷа, инъикос ёфтааст.
Медонед, барои патент ба куҷо муроҷиат кунед?
Вақте бо чанд тан аз бинандагони ин филм сӯҳбат кардем, онҳо дар ин маврид назар ва бардоштҳои гуногун доранд. Олия Аловиддинова, мушовири маркази мусоидат ба муҳоҷирони АТШХТ (Ассосиятсия тараққиёти шаҳрҳои хурди Тоҷикистон) бардошташро аз тамошои ин филм мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки воқеан ҳам дар филми мазкур барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва нафароне, ки хоҳиши ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, чизҳои муҳим гуфта шудааст: «Масалан, вақте ин филмро тамошо кардам, дар он ҷо хеле хуб фаҳмонидаанд, ки муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар бояд чи корро ба анҷом расонад, дар Федератсияи Русия барои патент, иҷозатнома барои кор ба куҷо мурочиат кунад. Хуб мешуд, агар боз аз рӯзгори муҳоҷирон ба таври васеътар дар филми мазкур сужаҳо нишон дода мешуд».
Дар филми «Пеш аз сафар бидон» бо нишон додани лаҳзаҳои мушкиле, ки ба рӯ ба рӯ шудани муҳоҷирон рабт доранд, ҳамчунин роҳҳои ҳалли он ва ё барои гирифтор нашудан бо чунин мушкилиҳо ба гунае маслиҳат садо медод.
Миёнрав як қисми маошро мегирад… Сироҷҷиддин Ҳафизов, муҳоҷири тоҷик дар Русия мегӯяд, филмро то ахир тамошо кардааст ва аз ҳама лаҳзаҳои ҷолибаш барои ӯ, иттилоъ дар мавриди моҳияти бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва нишон додани як гурӯҳ ҷавонон, ки бе имзои шартономаи меҳнатӣ ба кор даромадаанд, мебошад. Зеро риояи чунин талабот дар ҳақиқат кори ҳар муҳоҷирро зимни ҳисобу китоб ва гирифтани музди меҳнаташ осон мекунад: «Медонед як сабаби шартнома набастани баъзе аз муҳоҷирон дар надоштани маълумоти кофӣ ва надонистани забон аст. Вақте забонро намедонӣ як нафари забодон восита шуда, ба корфармо гап мезанад ва ҳолатҳое мешавад, ки аз маошат ҳамон нафари миёнрав як қисмашро мегирад,ки худат дарак надорӣ. Шахсан ман аз чанд чизе, ки дар ин филм гуфтанд, қаблан огоҳ набудам. Хусусан дар мавриди фаъолияти профсоюзи муҳоҷирон дар Русия, ки он метавонад ба аъзоёнаш кӯмак намояд», изҳор дошт ӯ.
Оммавӣ гардонидани филм ба нафъи кор аст
Дар ин филм дар симои Меҳрубони 21 сола, ки бори аввал ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, ба нафарони дигар, ки дар ин самт таҷриба надоранду боре аз Ватан берун нашудаанд, маслиҳатҳои муфид дода шудааст. Нозим Нурзода, ҷомеашинос иброз медорад, ки филми «Пеш аз сафар бидон» ҷолиб буда, усули ибтидоии тарғибу ташвиқ дар ин самт аст, ки метавон онро дар оянда боз ҳам такмил дод. Номбурда қайд намуд, ки тариқи филм ва бо дигар роҳҳо бурдани корҳои тарғиботӣ дар ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳалли мушкилоти муҳоҷирон нақши муҳим мебозад.
Бархе аз нафарони дигар пешниҳод менамоянд, ки хеле хуб мешавад, агар лаҳазаҳои муҳими ин филм такрор ба такрор дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ва дигар ҷойҳо тариқи телевизион нишон дода шавад, то он оммавӣ гардад. Зеро ба қавли ҳамсӯҳбатонамон, огоҳ будани муҳоҷир аз чи гуна рафтор намудани муҳоҷирон ҳангоми боздошти мақомоти милитсия, эҳтиром ба урфу одат ва фарҳанги кишвари қабулкунанда, масъалаи бақайдгирии корти муҳоҷир дар Хадамоти муҳоҷирати федеролии Русия ва чи гуна истифода бурдан аз кӯмакҳои ҳуқуқии диаспорҳои тоҷик, ки дар ин филм инъикос ёфтааст ба манфиати кор хоҳад буд.
Алишер Зарифӣ
Мӯҳр