Рӯзҳои 16-17 май дар шаҳри Дубай нишасти Шӯрои байнидавлатии тарҳи CASA-1000 баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон, ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонй, Барномаи рушди байналмилали Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Бонки исломии рушд, Бонки рушди Осиё ва чанд созмони молии байналмилалӣ ширкат доштанд.Дар ин нишаст, ки бо раёсати Чумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ба манзури ҳамоҳангии фаъолиятҳо ва иҷрои ба мавқеи қарорҳои нишастҳо, ҳайати мудирони тарҳи CASA-1000 интихоб шуд. Дар нишасти Дубай кумитаҳои марбут ба суръат бахшидан дар раванди иҷрои тарҳи мазкур ва дабирони кумитаҳо низ таъйин шуданд ва тазаккур дода шуд, ки бояд моҳи феврали соли 2014 тарҳи CASA-1000 ба баҳрабардорӣ бирасад. Қобили зикр аст, ки CASA-1000 бахше аз тарҳи эҷоди бозори минтақайии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Чанубӣ, бо номи CASAREM аст ва амалӣ шудани он имкон хоҳад дод ҳамасола 1000 миговатсоат нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мунтақил шавад.
Арзиши тарҳи CASA-1000 873 миллион доллар баровард шудааст, ки интизор меравад бахши аъзами онро ниҳодҳо ва кишварҳои сармоягузор пардохт кунанд.Дар чорчӯби ин тарҳ пешбинӣ мешавад, ки хати интиқоли барқ ба тули 750 километр дар қаламрави чор кишвари Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон бунёд шавад. То соли 2016 ин хати интиқоли барқ бояд ба таври комил мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Дар бораи ҷузъиёти CASA-1000 бояд гуфт, ки нахустин асноди марбут ба он 4 августи соли 2008 ба имзо расид ва бар пояи ин тарҳ, дар ибтидо 1300 миговот(ба тадрич то 5000 миговот) барқ аз Осиёи Марказӣ ба Покистон(1000миговот) ва Афғонистон(300 миговот) интиқол меёбад ва саҳми Тоҷикистон ва Қирғизистон дар содироти барқ ба таври мусовӣ 50 дарсадӣ дар назар гирифта шудааст. Дар ростои ҳамоҳангии барномаҳои кишварҳои ширкаткунанда дар тарҳи мазкур, Шӯрои байниҳукуматӣ ва дабирхонаи вижа таъсис шудааст. Сармоягузорӣ дар тарҳи CASA-1000 90 дарсад тавассути ниҳодҳои молии байналмилалӣ (Бонки рушди Осиё, Бонки исломии тараққиёт, ва Бонки ҷаҳонӣ) ва 10 дарсад тавассути бахши хусусӣ анҷом хоҳад шуд. Сохти се хати бузурги интиқоли барқ аз ҷумлаи бахшҳои аслии тарҳи мазкур аст, ки тибқи он хати интиқоли барқи Датко-Хуҷанд (477 километр, миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон), Хуҷанд-Роғун- Сангтуда(350 километр, дар дохили Точикистон) ва Сангтуда-Кундуз-Пули Хумрй-Кобул-Пешовар, миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон) сохта хоҳад шуд. Ҳамчунин истгоҳҳои кумакии интиқоли барқ дар Датко, Хуҷанд,Сангтуда, Кобул ва Пешовар сохта хоҳад шуд.
Дар нишасти Дубай бо ташаббуси Тоҷикистон намояндагон ва масъулони чанде аз ниҳодҳои молии кишварҳои арабй, аз ҷумла Бунёди Саудии рушд, Хазинаи рушди Абу Дабй ва Бунёди Кувейтии рушд ҳузур доштанд, то бо шароити сармоягузорӣ дар тарҳи CASA - 1000 беҳтар ошно шаванд. Дар айни ҳол тарҳи мазкур тавассути Бонки ҷаҳонй, Бонки исломии рушд ва Ожонси рушди байналмилали Иёлоти муттаҳидаи Амрико пуштибонии молӣ мешавад. Бо ин ҳол имкони сармоягузории дигар ниҳодҳо ва кишварҳо ба тарҳи CASA-1000 ҳамчунон вуҷуд дорад ва бо тавҷҷӯҳ ба аҳамият ва дурнамои он дар бозори энержии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, довталабони сармоягузорӣ кам нестанд. Аз натиҷаи чандин нишасти марбут ба тарҳи CASA-1000 бармеояд, ки масъалаи сармоягузорӣ ва мушорикат дар он кори соддае нест ва дар ин замина бархе мулоҳизот дар назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, дар ҳоле ки ҳайати Русия низ дар ин ҷаласа ширкат ва бори дигар омодагии Маскавро ба сармоягузории 500 миллион долларӣ ба хазинаи тарҳ баён дошт, дар бораи пазируфтан ё рад шудани ин пешниҳод иттилое нашр нашудааст. Русия дар моҳи сентябри соли 2011 дар нишасти Душанбе барои аввалин бор эълом карда буд, ки омодааст дар тарҳи CASA-1000 ҳудуди 500 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Посух надодан ба дархости Русия баёнгар аз ин воқеият аст, ки ин ҷо баҳси рақобат матраҳ аст ва ҳамин мавзуъ дар миёни кишварҳои аслии таъминкунандаи тарҳи CASA-1000 бо неруи барқ низ ба мушоҳида мерасад. Фаъол шудани тарҳи мазкур бе мушорикати ду кишвари аслии таъминкунадаи барқи арзон, яъне Тоҷикистон ва Қирғизистон самараи чандоне ба ҳамроҳ нахоҳад дошт. Ба вижа яке аз муҳаррикони тарҳи CASA-1000 неругоҳи "Роғун" бо арзонтарин барқ дар минтақа мебошад, аммо ҳамин рақобат барои касби бозори энержии Осиёи Ҷанубӣ боис шудааст, ки ӯзбакистон бо ҳар баҳонае ба сохти неругоҳи "Роғун" мухолифат мекунад. Тошканд бо таваҷҷуҳ ба ниёзи Покистон ба неруи барқ ва ҳимоятҳои сарсахтонаи Исломобод аз тарҳи CASA-1000, пешниҳод кардааст, ки дар ростои рафъи эҳтиёҷи Покистон бо неруи барқ, ҳозир аст дар ин кишвар неругоҳҳои ҳароратӣ бунёд намояд. Аз ҷумла моҳи марти соли гузашта Ориф Каримов, сафири Узбакистон дар Исломобод эълом кард, ки тарҳи CASA-1000 ва неругоҳи "Роғун" ба унвони манбаи аслии он, хилофи муқаррароти байналмилалӣ аст ва Тошканд омода аст ниёзҳои Покистон бо нерӯи барқро бароварда кунад. Ин мавзуъро раиси ҷумҳури Узбакистон дар дидор бо нахуствазири Покистон низ матраҳ кард. Аммо Покистон ҳамчунон аз тарафдорони сарсахти тарҳи CASA-1000 боқӣ мондааст ва дар нишасти Дубай Ҳилол Ризо, мушовири вазорати обу барқи Покистон таъкид кард, ки "ин тарҳ барои Покистон бисёр муҳим аст ва ҳукумати Покистон аз тамоми имконот ва тавонойиҳои худ дар ҷиҳати амалӣ кардани тарҳи CASA-1000 кор хоҳад гирифт".
Агарчӣ гуфта мешавад, CASA-1000 бахше аз тарҳи эчоди бозори минтақайии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Чанубӣ, мавсум ба CASAREM аст, ин мавзуъ низ пӯшида нест, ки дар мачмуъ тарҳи мазкур чузъе аз барномаи давлати Амрико барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, таҳти унвони "Роҳи ҷадиди абрешим" мебошад. Ба баёни дигар масоили марбут ба сармоягузориҳо дар ин тарҳ ва наҳваи иҷро шудани он, то ҳадди зиёде ба сиёсатҳои Вашингтон дар минтақа вобаста аст ва посух надодан ба дархости Маскав дар мавриди мушорикат дар тарҳи CASA-1000, баргирифта аз ҳамин мавзуъ аст. Ба дарозо кашидани баррасии коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар ташхиси вижагиҳои неругоҳи "Роғун" низ ҷудо аз ин мавзуъ нест, зеро дар марҳалаи кунунӣ манфиатҳои Амрико эҷоб мекунад аз мавозеи Тошканд дар мухолифат бо сохти неругоҳи Роғун ҳимоят кунад, агарчӣ ба хубӣ медонад, ки бидуни мушорикати Тоҷикистон ва такмили неругоҳи "Роғун", тарҳи CASA-1000 ҳаргиз ба аҳдофи мавриди назар даст нахоҳад ёфт. Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар ростои то ҳадде умедвор нигоҳ доштани давлати Душанбе, вазири хориҷаи Амрико моҳи апрели соли гузашта дар дидор бо мақомоти тоҷик дар шаҳри Душанбе гуфт,"мо хостори он ҳастем, ки дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон чанд истгоҳ бунёд шавад, ки тавассути онҳо барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд содир шавад."Аз ин суханон ин натиҷаро низ метавон гирифт, ки Амрико мехоҳад аз қаламрав ва имконоти Тоҷикистон фақат барои тронзити барқ ба Осиёи Ҷанубӣ истифода кунад ва манбаи аслии таъмини барқ Қазоқистон, Қирғизистон ва то ҷое Узбакистон бошанд. Зеро дар чорчӯби тарҳҳои минтақайии Амрико ин се кишвари Осиёи Марказӣ дар авлавиятҳои бештаре қарор доранд. Суханони Хиллари Клинтон дар мавриди ин ки Точикистон набояд фақат ба хотири мухолифати кишварҳои ҳамсоя тарҳи "Роғун"ро дунбол кунад, балки "бояд манобеъи алтернативи энержӣ низ баррасӣ шаванд", дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст.
Нишасти Дубай бори дигар собит намуд, ки дар марҳалаи кунунӣ бозори пурдаромади энержии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ба майдони рақобати қудратҳо ва кишварҳои минтақа табдил шудааст ва ҳар як талош доранд саҳми бештареро ба худ ихтисос диҳанд. Дар айни ҳол дар ин фароянд зоҳиран баранда Амрикост, аммо мушорикат надодани Русия ва нодида гирифтани нақши неругоҳи "Роғун", мавзуест ки шонси Амрико дар дастёбӣ ба ҳадафҳои худро коҳиш додааст. Зеро Маскав бо пуштибонӣ аз мавзеи Душанбе дар такмили тарҳи "Роғун" ва ҷалби ҳимояти Чин дар ин замина, метавонад гардунаи рақобатҳоро ба нафъи худ бичархонад. Дар ин робита қобили зикр аст, ки дар нишасти моҳи ноябри соли 2011 Созмони ҳамкории Шанхай дар Санкт Петербург, таъкид шуд, ки ин ниҳод ба манзури ҳалли мушкили энержии кишварҳои узв, қасд дорад бошгоҳи энержӣ таъсис диҳад.Дар ин замина намояндаи Маскав иброз дошт, ки тарҳи CASA-1000 дар қаламрави Созмони ҳамкории Шанхай амалӣ мешавад ва ин созмон бояд дар он мушорикат дошта бошад. Ин мавзуест ки гардонандагони тарҳи CASA-1000 наметавонанд онро нодида бигиранд.
Аъзами Хуҷаста
Мӯҳр