Бахшҳо
23 май 2012 09:41Гузориш

Нақши Осиёи Марказӣ дар раванди хуруҷи низомиёни амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон

Ба назар мерасад дар мақтаи кунунии хуруҷ аз Афғонистон навъе ҷобаҷои нерӯҳои низомӣ аз сӯи Амрико дар Осиёи Марказӣ дар ростои барномаҳои тавсеаталабонаи Вашингтон дар қалби Аврупо-Осиё ва ташкили «Осиёи Марказии бузург» бошад.

Ба дунболи кушта шудани беш аз бист сарбози покистонӣ дар ҳамлаи ҳавоии Амрико дар хоки Покистон авохири моҳи ноябри соли 2011, Исломобод масири килиди интиқоли тадорукоти НАТО дар марзи худ бо Афғонистонро ба рӯи корвонҳои тадорукоти ин созмон баст ва эълон кард дар сурати афзоиши молиёт тараддуди марзӣ, иҷозаи убури таҷҳизот ва камазҳои ҳомили молу колои НАТО дар Афғонистонро содир хоҳад кард. Ҳарчанд дар ибтидо ба назар намерасид, ки Исломобод марзҳои худро ба зудӣ бозкушоӣ кунад, аммо бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти мақомоти сиёсӣ ва низомии Покистон дар моҳи марти соли 2012, эҳтимол меравад марзҳои Покистон бо Афғонистон барои интиқоли тадорукоти НАТО дар ояндаи наздик кушода шавад.

Дар ин миён, ҳамалоти муқаррар ба корвонҳои тадорукотии Амрико ҳангоми убур аз Покистон таваҷҷӯҳи Вашингтонро ба таъмин ва интиқоли тадорукот ва лучастик худ дар Афғонистон аз тариқи марзҳои шимолии ин кишвар маътуф намуда аст. Ба тавре ки аввалин корвони махмухаҳои низомии Амрико, шомили бист камази 25 тонаӣ дар 29-уми феврали соли равон бо убур аз пули сохташуда тавасути муҳандисини амрикоӣ ба рӯи рудхонаи марзи «Панҷ», аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуд.

Ин иқдоми озмоишӣ бо ин ҳадаф сурат гирифт, ки дар сурати муносиб будани шароит, Амрико ва НАТО то соли 2014 аз ин масир барои хориҷ сохтани нерӯҳо ва таҷҳизоти худ аз Афғонистон истифода кунанд. Қобили зикр аст, ки тай даҳаи гузашта, бахше аз фароянди интиқоли тадорукот ба мақсади Афғонистон мустақиман аз тариқи ҳавоӣ ё аз тариқи бандарҳои Ховари Миёна ва дарёи Хазар анҷом гирифта аст.
Воқеият ин аст, ки идомаи ҳузури нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон (ба вижа аз соли 2009, ки масири интиқоли тадорукот дар Покистон ба далоили мухталиф борҳо масдуд шуд) бидуни истифода аз роҳҳои интиқоли тадорукот ва озуқа аз марзҳои шимолии ин кишвар имконпазир набуда аст.

Ин шабакаи роҳҳо, ки шабакаи тавзиъи шимолӣ ном дорад, шомили хутути оҳан, роҳҳои обӣ ва ҷодаҳое ҳаст, ки аз бандарҳои дарёи Балтик ва Баҳри сиёҳ оғоз шуда ва бо убур аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистон мерасанд ва беш аз ду сол аст, ки ҳудуди 40 фоиз колоҳои ғайринизомӣ ва сӯзишвории мавриди ниёзи эътилоф дар Афғонистон, аз тариқи масири шимолӣ ба ин кишвар мунтақил мегардад.

То кунун зоҳиран тавофуқ дар мавриди убури тадорукоти низомӣ ба мақсади Афғонистон сурат нагирифта ва фақат колоҳои ғайри маргбор аз қабили ғизо, сӯхт ва масолеҳи сохтмонӣ аз тариқи шабакаи тавзиъи шимолӣ ба Афғонистон фиристода мешавад. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба тирагии равобити Исломобод-Вашингтон, ба назар мерасад Амрико ва НАТО тасмим доранд, ки аз шабакаи тавзиъи шимолӣ барои интиқоли таҷҳизоти вазнини низомӣ дар замони хуруҷ аз Афғонистон (поёни соли 2014), баҳрабардории ҳадди аксар намоянд.

Ба ҳамин иллат таи чанд моҳи ахир намояндагони давлати Амрико музокироте бо роҳбарони Осиёи Марказӣ дар ин замина анҷом додаанд, ки охирин дидори онҳо дар  миёнаи феврали соли 2012 сурат пазируфт. Ҳамчунин Кохи сафед ваъда дод, ки дар соли ҷории мелодӣ кӯмакҳои низомии худро ба ин минтақа идома диҳад ва бо ҳадафи ҷалби ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, ба ҳар як кишвари минтақа- Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллион доллар, ба Қазоқистон 1,8 миллион доллар ва ба Туркманистон 685 ҳазор доллар кӯмаки низомӣ намояд. Ин дар ҳолест ки Вазорати дифои Амрико (Пентагон) солона низ ба манзури тасхил дар интиқоли таҷҳизоти мавриди ниёзи худ ба Афғонистон 500 миллион доллар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак мекунад.

Давлати муҳофизакори Англия низ бо ҳадафи ҷалби мувофиқати давлатҳои Осиёи Марказӣ барои транзити заминӣ ва ҳавоии таҷҳизоти низомии ин кишвар дар Афғонистон аз тариқи ин минтақа, таҳарукотеро аз сар гирифта аст. Дар ҳамин росто Филип Ҳомунд, вазири дифоъ ва Ник Хорвей, вазири мушовир дар умури нерӯҳои мусаллаҳи Англия моҳи феврали соли 2012 музокироти фишурдаеро дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қазоқистон ба манзури касби иҷозаи хориҷ намудани махмулаҳои низомии Англия (шомили 11 ҳазор кантинер ва ҳудуди 3 ҳазор худрави низомӣ  маҷмуан ба арзиши 4 миллиард фунд) аз Афғонистон тариқи ҳаримҳои ҳавоии Осиёи Марказӣ, баргузор карданд ва муваффақ шуданд, ки дасти кам назари мувофиқи Остонаро ҷалб кунанд.

Британияи Кабир ҳам монанди Амрико интизор дорад, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ иҷоза диҳанд таҷҳизоти низомӣ боргирӣ шуда, дар шимоли Афғонистон (нафарбарҳо ва тонкҳо) барои ирсол ба Англия бо қатор ба бандари Рига (пойтахти Литвия) дар соҳили дарёи Балтик мунтақил гардад. Аммо ҳамон гуна, ки сенати Амрико дар гузориши нашркардааш авохири декабри соли 2011 изъон кард, шабакаи тавзиъи шимолӣ ҷойгузини комиле барои масирҳои интиқоли тадорукот дар хоки Покистон нест ва интиқоли тадорукот аз тариқи ин шабака ҳадди аққал барои Амрико гарон тамом мешавад, ба тавре ки Вашингтон бояд барои ҳар кантинер даҳ ҳазор доллар бештар ба кишварҳои тронзит бипардозад.

Ба илова, дар феврали соли равон артиши Амрико дар гузорише ба кумитаи нерӯҳои мусалаҳи парлумон эълон кард «НДН» қодир ба интиқоли теъдоди зиёде аз махмулаҳои аз мабдаъ Афғонистон нест. Бинобарин, саволе матраҳ мешавад, ки чаро Амрико ва сойири кишварҳои ғарбӣ, ки иддаъо мекунанд дар фикри хуруҷи камхазина аз Афғонистон ҳастанд, иттикои худро ба шабакаи тавзиъи шимолӣ афзойш додаанд?

Дар посух бояд гуфт, ки Ғарб, ба вижа Амрико аз интихоби масири Осиёи Марказӣ ба ҷойи масири Покистон барои тронзити он тарафи тадорукоти худ ба дохил ва хориҷ аз Афғонистон, аҳдофи мушахасеро мадди назар дорад, ки иборатанд аз:
1.Поёни ҳузури низоми пурчолиш ва пурхазинаи нерӯҳои эьтилоф дар Афғонистон ва хориҷ сохтани даҳҳо ҳазор нерӯи низомии Амрико ва НАТО, ҳадафи аслии давлат Обомо ва ҳампаймонони ӯст. Мақомоти амрикоӣ ба рағми афзоиши чашмгири ноамнӣ ва хушунат дар Афғонистон исрор доранд, ки вогузории тадриҷи таъмини амният ба давлати Кобул, ба истиқрори субот дар он кишвар кӯмак хоҳад кард.
Пас аз эълони расмии хабари кушта шудани Усома Бен Лоден (рахбари шабакаи Ал-Қоида) дар 2-юми майи соли 2011, Вошингтон бо иттико ба ин мувафақияти зоҳирӣ, талош кард муқаддамоти хуруҷи обрӯмандонаи нерӯҳои худ аз Афғонистонро суръат бахшад; ба ин тартиб, ки бо таваҷҷӯҳ ба танишҳои физоянда миёни Амрико ва Покистон, Иёлоти муттаҳида мекӯшад ҳамонанди Иттиҳоди шӯравӣ аз тариқи каридори шимолӣ (умдатан аз роҳи ҷумҳуриҳои Ӯзбакистон, Қазокистон ва Туркаманистон) ва ба шакли марҳалаи хуруҷ аз Афғонистон иқдом намоянд, бо ин тафовут, ки дар поёни садаи 1980 Маскав нерӯҳои худро дар як марҳила аз ин кишвар хориҷ кард, аммо Вошингтон қасд дорад тай чанд марҳила иқдом ба ин кор намояд.
2.Амрико мусамам аст нуфуз ва ҷойгохи худ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро дар дарозмуддат ҳифз намояд. Бинобар ин, ба назар мерасад дар мақтаъи кунунӣ хуруҷ аз Афғонистон навъи ҷобаҷои нерӯҳои низомӣ аз сӯи Амрико дар Осиёи Марказӣ дар ростои барномаҳои тавсеаталабонаи Вошингтон дар қалби Аврупо-Осиё ва ташкили «Осиёи марказии бузург» бошад.
3. Дар ҳоле, ки Маскав барои табдили Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба як ниҳоди муқтадири низоми талош мекунад, кишварҳои Осиёи Марказӣ низ барои муқобила бо таҳдиди эҳтимолии ношӣ аз хуруҷи неруҳои низомии ғарбӣ аз Афғонистон омода мешаванд. Ин кишварҳо таи иҷлоси ғайри расмӣ дар 11 августи 2011 дар Остона (пойтахти Қазокистон), осори хуруҷи Амрико ва НАТО аз Афғонистон бар Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор доданд ва таъкид карданд, ки гароиши насли ҷавони Осиёи Марказӣ ба толибон ва бархе созмонҳои ифротии мустақар дар минтақа (монанди Ҳаракари исломии Ӯзбакистон), нигаронии раҳбарони минтақаро барангехтааст.
Дар натиҷа бо таваҷҷуҳ ба ин ки пешбиниҳо нишон медиҳад баъд аз коҳиши ҳузури низоми эьтилоф дар Афғонистон, нооромиҳои ин кишвар идома ёфта, ба кишварҳои хамсояи Афғонистон сироят хоҳад кард. Интизор меравад давлатҳои Осиёи Марказӣ барои дифоъ аз амнияти худ ниҳоди низомии наверо ба ҳамроҳи Афғонистон ва ба раҳбарии Амрико таъсис диҳанд. Ин ниҳод дар сурати шаклгирӣ, то ҳудуди зиёде муҷрии сиёсатҳои Вошингтон дар минтақа хоҳад буд, ки пешгирӣ аз нуфузи Русия, Чин ва Эрон аз муҳимтарин усули он башумор меравад. Дар ҳамин росто дар Августи 2010 фош шуд, ки мақомоти амрикоӣ як барномаи дарозмуддатро барои таьсиси пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Марказӣ, дар дастури кори худ қарор додаанд.
Пас аз бармало шудани ин масьала, идораи мубориза бо мабводи мухаддир (вобаста ба фармондеҳии маркази Амрико эьлон кард ба манзури таьсиси марокизи низомӣ - омузишӣ дар устони Оши Қирғизистон ва минтақаи Қаратоғ дар водии Ҳисори Тоҷикистон, эҷоди пойгоҳи болгардҳо дар атрофи Алмаатои Қазоқистон ва низ бозсозиву таҷҳизи гузаргоҳҳои марзии Ӯзбакистон, Туркаманистон ва Қирғизистон, дар маҷмӯъ 40 милион доллар ихтисос додааст.
4. Мақомоти Амрико ва Британия ба шиддат мекӯшанд раҳбарони Осиёи Марказиро ба убури таҷҳизоти низомии НАТО аз тариқи хутути роҳи оҳан ва соҳаҳои ин минтақа тарғиб кунанд ва бо таваҷҷуҳ ба иддаои ахири Нек Хорвей (вазири нерӯҳои мусаллаҳи Британия) мабнӣ бар ин ки мумкин аст бахше аз таҷҳизоти низомии Британия дар Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон боқӣ бимонад, эҳтимол дорад эьтилоф таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон бихоҳад дар ивази ҳамкории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар амалиёти транзити таҷҳизот ва нерӯҳои низомияшон аз Афғонистон, теъдоде аз таҷҳизоти низомӣ ё силоҳҳои истифодашуда дар ҷанги Афғонистонро дар ихтиёри ниҳодҳои низомии Осиёи Марказӣ қарор диҳад.
Ин муомила, танҳо аз лиҳози иқтисодӣ ба суди Ғарб буда ва нафъе барои давлатҳои ин минтақа нахоҳад дошт; зеро аз ин таҷҳизоти низомӣ фақат муддати маҳдуде метавон истифода кард ва дар баланд муддат, ба қатаоти беарзише табдил хоҳад шуд. Бинобар ин дур нест ҷумҳуриҳое чун Тоҷикистон, ки то кунун 90 фоизи таҷҳизоти ҳарбии худро аз Русия таъмин намудаанд, барои сарфаҷӯии бештар, дубора ба бастани қарордодҳои низомӣ бо Маскав алоқа нишон диҳанд. Амре, ки мусалламан ба мизоқи Вошингтон ва НАТО хуш нахоҳад омад.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)