Рӯзи 11 - и май дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо як гурӯҳ муҳоҷирини корие, ки тариқи шартномавӣ барои кор мераванд, вохурӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст, раҳбари ҶДММ "Тоҷихориҷакор", масъулини ХМТ ва Себелев Виктор, намояндаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон низ ширкат доштанд. Аммо суоли аслӣ ин аст, ки вақте таи ду даҳ сола мушкилоти муҳоҷирон ҳали худро пайдо накардааст, чигуна ба воситаи шартнома фишорҳо болои муҳоҷирон кам мегардад?
Раҳбари "Тоҷикхориҷакор"роҷеъ ба қонунҳои будубоши муҳоҷирин дар Русия суханронӣ карда аз роҳи шартномавӣ рафтани онҳо истиқбол кард. Вай ба ҳамаи гурӯҳ яктогӣ симкартаи "Билайн"- и Русия тӯҳфа карда аз онҳо хост то қонунҳои икишвари кордеҳро хароб накунанд. Аммо воқеан муҳоҷирони мо қонуншикананд ё русҳо?
Ин масъалаест, ки аз ҷониби худи Русия ҳам матраҳ мешавад. Доимо иддаоҳое аз ҷумла надоштани ҳуҷҷат, надонистани забон, иқомати ғайриқонунӣ ва фаъолияти ғайриқонунии муҳоҷирони тоҷикро матраҳ мекунанд. Аммо ба ростӣ муҳоҷирони мо қонунҳои ин кишварро риоя намекунанд ё русҳо ҳуқуқҳои муҳоҷирони моро нақз мекунанд?
Дар посух ба ин суол ҳуқуқшинос Шокир Ҳакимов мегӯяд: "тибқи мушоҳидаҳои ман ҳарчанд муҳоҷирони мо тамоми ҳуҷҷатҳоро дошта бошанд ҳам, мақомоти гуногун боз кӯшиш мекунанд ҳуқуқҳои онҳоро халалдор созанд. Зеро сатҳи дониши ҳуқуқии аксари муҳоҷирон паст асту захираи луғавии лозимиро барои фаҳмондани андешаҳояшон надоранд, ки аз ҳамин русҳо истифода мебаранд".
Чаро бо гузашти 20 сол муҳоҷирон ҳамчунон азоб мекашанд?
Солҳост, ки муҳоҷирони мо дар Русия бо мушкилоти зиёде мувоҷеҳанд. Аз депорти онҳо гирифта то таҳқиру зарбулат ва низ қатлашон. То ҳол ҳукумат натавониста мушкилоти муҳоҷиронро ҳал намояд, зеро агар ҳал менамуд, чунин воқеаҳо минҷумла ради марзу қатли муҳоҷирон дар Русия рух намедод ва ё ҳадди ақал камтар мегардид. Ин коста нагардидани фишорҳо аз болои муҳоҷирон, бардоштҳои яксонеро дар байни коршиносон падид овардааст. Онҳо чунин мешуморанд, ки масъалаи муҳоҷират кайҳо боз сиёсӣ шудаву ҳали он печида гаштааст.
Ҳуқуқшинос Шокир Ҳакимов мегӯяд, ки дар сиёсӣ шудани масъалаи муҳоҷират ҷои ҳеч шакку шубҳае нест: "Зеро ҳамаи сатҳҳо ва мақомоти давлатӣ инчунин соҳибкорон аз будани муҳоҷирони тоҷик дар Русия манфиат доранд. Ба ғайри ин, азбаски дар қиёс бо соири муҳоҷирон, шаҳрвандони мо бо таҳаммултар ва қувваи кории арзонтаре ҳастанд, корфармоён кор кардан бо муҳоҷирони тоҷикро ба нафъи худ медонанд. Муҳоҷирони мо ба монанди иҷоранишин ба соҳибмулкон маблағ месупоранду пайваста дар талошанд то ҳамагуна масоилро бо пардохти ришва рафъ намоянд. Яъне дар баробари қувваи кори арзон, русҳо мардуми моро ҳамчун манбаъи даромади ғайрирасмӣ эътироф кардаанд".
Ин суханонро журналисти тоҷик Раҷаби Мирзо тақвият бахшида мегӯяд, ки ба унвони фишанги сиёсӣ истифода шудани муҳоҷират аз ҷониби Русия, ҷои баҳс надорад, чун дар Русия хеле хуб медонанд, ки муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон чӣ нақшу мақоме доранд: "гап сари асноди мардикорони тоҷик ҳам намеравад, ҳарчанд Душанбеи расмӣ дар ин замина бохтҳои зиёде дорад. Бубинед, оё мардикорони узбеку қирғиз хамагӣ расман ва бо ҳуҷҷатгузории комил дар қаламрави Русия кору фаъолият доранд? Ба ҳич ваҷҳ! Вале чаро мушкилоти онҳо ба қадри шаҳрвандони мо нест? Зеро ҳукумати ин кишварҳо ҳаргиз иҷоза намедиҳанд, ки ба шаҳрвандонашон то ин ҳад беҳуқуқиро раво бинанд. Ёд дорам, ки як замон вақте чанд қирғизро ба таври ваҳшиёна куштанд, ҳам дар Маскав ва ҳам дар Бишкек чи шӯру шаре барпо гардид".
Пас вақте, ки
муҳоҷират ба як масъалаи сиёсӣ табдил шудааст, оё ба воситаи шартнома сафар кардани муҳоҷирони мо метавонад мушкилоти онҳоро ҳал намояд?
Қодиршо Мурувват муовини раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рудакӣ мегӯяд, ки шартнома муҳоҷирати меҳнатиро ба як низом медарорад. Ба гуфтаи номбурда, дар даврони шуравӣ сокинони манотиқи деҳоти Тоҷикистон ба вилояти Калинини Русия барои кор фиристода мешуданд ва дар он замон тамоми шарту шароити кору зиндагӣ маълум буду барои муҳоҷирони меҳнатӣ манзил пешниҳод мегардид: "аз ин назар дар шароити имрӯз низ ингуна қарордодҳои корӣ аҳаммияти вижа касб кардаанд. Албатта, наметавонем масоили 25 ва ё 30 сол қаблро бо имрӯз муқоиса кунем, зеро он айём танҳо теъдоди маҳдуди ҳамватанони мо омода буданд ба ҷумҳуриҳои дигари шуравӣ рафта кор кунанд. Ҳоло бошад, шумораи довталабон ба маротиб зиёд аст ва ҳалу фасли он ба якборагӣ чандон осон ба назар намерасад. Дигар ин ки ман аз ҷавонони тоҷик хоҳиш дорам ҷиҳати омузиши забони русӣ камари ҳимматро махкамтар бубанданд. Зеро надонистани забони русӣ боиси он шудааст, ки бархе гурӯҳи нотавонбинон нисбати миллати мо писханд зада ва ҳатто онро дар саҳифаи рӯзномаву китоб ва филмномаҳои худ ҷой бидиҳанд. Донистани забони русӣ дар шароити ҳозира барои кишри ҷавони мо ҳамчун обуҳаво зарур аст".
Роҳи наҷот чист, шартнома ё ташкили ҷойҳои корӣ?
Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар баробари фишорҳое, ки Русия ба муҳоҷирони мо ворид мекунад, танҳо ба ирсоли номаҳои расмӣ иктифо кардаанд. Ин тарзи бархурди ҳукумат дар хусуси ради марз ва қатли шаҳрвандон, чунин менамояд, ки масъулини Тоҷикистон хоҳиши садо баланд карданро надоранд ва ё шояд наметавонанд, ки фишорҳо болои муҳоҷирон ҳамчунон идома дорад.
Журналисти тоҷик Раҷаби Мирзо иллати сурат нагирифтани вокуниши ҷиддиеро аз тарафи ҳукумат ба нокофӣ будани иродаи сиёсӣ марбут дониста бар ин бовар аст, ки он иқдомоти дар шакли изҳороту нота пахш гардида, танҳо ба хотири бархурди шадиди матбуот рух дод. Бинобарин то ҳукумат, арҷгузорӣ ба ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро дар дохилу хориҷи кишвар роҳандозӣ накунад, мавзуъ ҳамоно печида боқӣ мемонад:
"Ҳукумат бояд донад, ки Кремл ҷуз мушкилоте, ки барояш ҳангоми қазияи ду халабон дар моҳи ноябри порсол ба вуҷуд оварда буд, истифода ва сӯиистифода аз муҳоҷирон ҳатто дар шакли қонунӣ имконпазир аст. Инак Кремл содагардониву авфи муҳоҷирони мамолики пасошӯравиро ба роҳ монданист. Набояд фаромуш кард, ки соли 2008 Русия ба Гурҷистон барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонаш, ки дар Абхозистону Осетияи Шимолӣ зиндагӣ мекарданд, ҳамла кард. Ҳамакнун тибқи оморҳои гуногун дар Русия аз 400 000 то 600 000 нафар шаҳрвандони мо шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, пас чи касе кафолат медиҳад, ки як рӯз ин ҳолат ба мо низ рӯ намезанад".
Муҳоҷирати шаҳрвандони кишвар ба Русия ва дигар кишварҳо як тасмими иҷбориест, ки ба хотири набудани ҷойҳои корӣ гирифта мешавад ва бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии ҳоким дар дохили кишвар ин раванд ҳамчунон давом дорад. Масъалаи муҳоҷират яке аз доғтарин масоили кишвар аст. Инчунин маблағҳои ҳамин муҳоҷирон буҷети Тоҷикистонро пур мегардонад.
Ҳоло мехоҳанд раванди муҳоҷиратро бо роҳандозии шартнома танзим кунанд. Коршиноси масоили сиёсӣ Абдуфаттоҳ Воҳидов мӯътақид аст, ки мушкилоти муҳоҷират дар кишвар ба воситаи ҳеч шартномае ҳали худро намеёбад: "агар ҳал карда метавонистанд дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ ташкил мекарданд то мардум ба Русия барои кор бо маоши арзон нараванд. Мамлакате, ки мехоҳад бо воситаи шартнома муҳоҷирати меҳнатиро ба танзим дарорад, дар асл намехоҳад шаҳрвандонаш дар дохил кор кунанду хоҳиши фиристодани онҳо ба хориҷаро дорад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар масъалаи ба тариқи шартномавӣ ва ғайришартномавӣ рафтани муҳоҷирон ба Русия, танҳо Кремл манфиатдор аст на Тоҷикистон. Онҳо барои раҳоӣ аз вобастагии Русия ташкили ҷойҳои кории воқеиро дар дохили кишвар муассир медонанд.
Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр