Бахшҳо
18 май 2012 06:58Сиёсат

Президенти Тоҷикистон нав мешавад?

Соли 2012 дар ҷаҳон лидерони нави сиёсӣ ҳукумат меронанд, ки ин замони паси сар шудани як мавҷи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба ҳисоб меравад ва имкон дорад, ки тағйиротҳои зиёде ба вуқуъ пайванданд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки аксари рақибони сиёсӣ барои заъиф нишон додани рақиби худ ва паст задании имиҷи ӯ дар назди халқ мехоҳанд аз вазъи ноҷӯри моливу иқтисодии кишвар сӯиистифода кунанд ва фаъолияти роҳбари имрӯзаро мавриди чолиш қарор диҳанд.

2012: соли ба сари қудрат омадани 27 президенти нав

Аз афташ бӯҳрони молӣ дар зеҳни аврупоиҳо таъсири манфӣ гузошт, ки дигар ба ваъдаҳои роҳбаронашон дар мавриди беҳтар кардани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ чандон бовар надоранд. Ба наздикӣ Фаронса бо Николя Саркозӣ, президенти собиқи ин кишвар, ки мехост кишварашро аз қарзҳои давлатӣ наҷот дода, вазъи зиндагии мардумро беҳтар созад, хайрухуш кард ва бар сари қудрат раисҷумҳури нав Франсуа Олланд омад. Дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико сенаторҳои ҷумҳурихоҳи амрикоӣ дар муборизаи пешазинтихоботӣ эҳтимол иғвои коллапси молиявии давлатиро роҳандозӣ мекунанд, аз он ки иҷозат диҳанд то Барак Обама қарзи давлатиро то Марс расонад. Дар Русия лидери "нав" роҳандозии барномаҳои зиёдеро дар оянда ваъда кард ва ҳоло маълум нест, ки аз кадомин ваъдааш оғоз мекунад. Дар Миср нафрати мардумӣ алайҳи Ҳусни Муборак теъдоди намояндагони ҳизби исломиро дар курсии парлумон зиёд кард, ки шояд на ҳама қудратҳои ҷаҳон хостори чунин табаддулот буданд. Хулоса соли 2012 дар 27 кишвари ҷаҳон интихоботҳои президентӣ баргузор мешаванд ва бо эҳтимоли қавӣ соли ҷорӣ тағйиротҳои зиёде аҳолии дунёро интизор аст.

ИМА: Обама равад, сиёсати ҷангӣ авҷ мегирад?

Президенти феълии Амрико Барак Обама баҳри мубориза бо дефитсити (каср) буҷет пардохти андоз аз даромади 30 фоизаро аз маблағи 1 миллион доллар зиёд дар сол ҷорӣ карданист. Тарзи андозсупорие, ки дар мисоли шахси Уоррена Баффет, молияшиноси амрикоӣ фош шуд, ки ӯ аз 46 миллион доллар даромади солона танҳо 17 дар сад андоз месупорад, дар ҳоле, ки ёрдамчии ӯ аз 60 ҳазор доллар 30% андоз месупоридааст. Ин мавзӯъ сару садои зиёдеро дар байни номзадҳои президентии кишварҳо ба вуҷуд овард. Ҳатто дар Фаронса боварии мардум ба роҳбарони сармояпараст коҳиш ёфт ва онҳо роҳбари нави худро аз ҳизби сотсиалисти "мардумсолор" интихоб карданд.  
Рӯзи интихоботи президентии Амрико 6-уми ноябри соли ҷорӣ баргузида шудааст. Дар ҳоли ҳозир 4 нафар аз ҳизби ҷумҳурихоҳон даъвои президент шуданӣ доранд, аммо андешаҳои онҳо мухталиф аст. Дар ин миён шанси Нют Гингричро баъзе коршиносон зиёдтар арзёбӣ мекунанд. Барномаи пешазинтихоботии онҳо аз чӣ иборат аст, феълан мушаххас нест. Миёни гузоришҳояшон баъзе бандҳоро метавон дарёфт, ки тақрибан монанданд. Аз ҷумла, кам кардани дахолати давлат ба иқтисод, даст кашидан аз афзоиши фоизи андоз ва интиқоди президенти феълии ИМА. Барак Обама корхонаҳоеро, ки дар Амрико ҷойи корӣ таъсис медиҳанд, таъриф мекунад ва дигар корхонаҳоеро, ки ин коро анҷом намедиҳанд, ҷазо медиҳад, менависанд нашрияҳои амрикоӣ. Иддае ин мавқеи Обамаро ҷонибдорӣ мекунанд, ки дар Амрико ҷойи корӣ зиёд мешавад, аммо бархе бар ин боваранд, ки сабаби кӯчидани сармоя аз ИМА-ро бояд ҷуст, на ин ки бо роҳи маҷбурӣ соҳибкоронро дар кишвар нигоҳ дошт. Интиқоди асосие, ки ба ҷониби Обама равона шудааст, ин дар зери қарз мондани ИМА ва боз хостори қарзро ба 1,2 трлн. зиёд кардан аз ҷониби ӯ мебошад. Баъзе экспертҳои амрикоӣ мегӯянд, ки Амрико дар марзи дефолт қарор дорад ва ин ҳама ба имиҷи Барак Обама таъсири манфӣ мерасонад. Вале як гурӯҳи мардуми Амрико сиёсати Обамаро ба он хотир ҷонибдорӣ мекунанд, ки мехоҳад ҷангро камтар кунад ва хароҷоти ҷангро ба дигар бахшҳо сарф намояд. Зеро замони ба сари қудрат омадани Ҷорҷ Буш буҷети кишвар аз профитсит на танҳо ба дефитсит расид, балки қарзи давлатӣ ба таври рекордӣ афзуд ва дар сурати ба сари қудрат омадани ҷонибдорони ҷанг ин раванд боз авҷ мегирад.   

Фаронса: Франсуа Олланд сотсиализми воқеӣ ваъда медиҳад

Баъди он ки Николя Саркози дар Юнон баромад кард ва гуфт, ки мо ба ҳеч кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ин хел гузашт намекунем, ки ба Юнон кардем ва ин ҳолати истисност, кишвари навбатие, ки ба чунин ҳолат гирифтор шуд, ин Фаронса буд. Чунин ранг гирифтани кор имиҷи Саркозиро дар назди мардумаш ва ҷомеаи Аврупо паст кард. Дар баҳри қарз ғарқ шудани кишвар нафрати мардуми камбизоат ва қисме аз синфи миёнаро ба вуҷуд овард. Аз ин хотир ҷонибдорони Франсуа Олланди сотсиалист, президенти кунунии Фаронса, ки сиёсати зидди бонку қарзии Саркозиро шиор карда буд, зиёд шуданд.
ӯ моҳи апрели соли ҷорӣ президент интихоб шуд ва бар зидди душмани худ: бахши молия ҷанг эълон кард. Вай пешниҳод мекунад, ки барои бонкдоронро андозҳои нав ҷорӣ карда шавад ва фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар минтақаҳои оффшор манъ гардад. Қадами навбатӣ фишор ба шахсони сарватманд аст. ӯ мехоҳад, ки одамони доро ва ширкатҳои бузург, ки дар сол 150 ҳазор евро даромад доранд, андоз аз даромадро, ки феълан 40 дар сад аст, 45 % пардохт кунанд ва андоз аз фоидаи корхонаҳо аз 33 ба 35 % баланд карда шавад. Инчунин супориш додаст, ки маоши президент ва вазиронро то 30 % кам карда шавад. Ин ҳама тадбир ба таъсиси 150 ҳазор ҷойи корӣ замина фароҳам меорвардааст. Бар замми ин Франсуа ваъда додаст, ки ба рушди табобати ройгон мусоидат мекунад ва сохтмони манзилҳои истиқоматиро барои аҳолии камбизоат роҳандозӣ менамояд. Сарбозонашро аз Афғонистон мебарорад. Синни нафақаро аз 62 ба 60 пойин меорад ва никоҳи якҷинсиро иҷозат медиҳад. Ҷои тааҷҷуб аст, ки ахиран президенти Амрико Барак Обама низ никоҳи якҷинсиро ҷонибдорӣ кард. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё лидерони сиёсӣ мехоҳанд бо истифода аз ҷонибдории ин гурӯҳ кафолати мондани худ дар сари қудратро ба даст гиранд. Гӯё ин гурӯҳ ба як нерӯи пуштибони сиёсатмадорон табдил шудааст. Аммо Валери Пекресс, вазири буҷети Фаронса мегӯяд, ки ин барномаҳо устувории молии кишварро таҳдид мекунад ва Фаронса боз ба баҳри қарз ғарқ мешавад.           

Мексика: Мафияи маводи мухаддир зидди президент

Моҳи июли соли ҷорӣ интихоботи парламентӣ ва президентӣ дар Мексика баргузор мешавад. Лекин муборизаи беамони президенти феълии Мексика бар зидди гардиши маводи мухаддир норозигии мардумро ба вуҷуд овард ва дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии кишвар ҷанги воқеӣ идома дорад. Баъди ин тасмими президент Мексика устувории сиёсиашро аз даст дод. Ҳизби ҳоким боварии аксари мардумро аз даст додаст ва аз рӯи пешгӯиҳо ҳизби инқилобхоҳон шанси бештари бар сари қудрат омаданро дорад. Аммо гуфта мешавад, ки бо ба сари ҳукумат омадни ин ҳизб боз тиҷорати маводи мухаддир дар кишвар авҷ хоҳад гирифт.

Венесуэла: Уго Чавес то соли 2031 ҳукумат ронданист

Интихоботи президентӣ дар Венесуэла 7-уми октябри соли равон баргузор мешавад. Аммо роҳбари феълии ин кишвар Уго Чавес дар як суханронияш гуфт: "Ман соли 2021-ум аз вазифа рафтанӣ будам, лекин вақте оппозитсияи ман хабар медиҳад, ки марги ман наздик аст, пас нақшаи ман дигар шуд: бо кӯмаки Худо ва дастгирии мардум то соли 2031-ум ҳукумат меронам". ӯ аз соли 1999 президенти ин кишвар аст ва ҳатто бемории раки вазнин ӯро барои ғалаба дар интихоботи навбатӣ навмед намекунад. Аммо баъзе коршиносон мегӯянд, ки дар ғолибияти ӯ ҷои шубҳа нест. Зеро қонунгузориро чунон тағйир додаст, ки азнавинтихоб шудани ӯ кафолат дода мешавад. Аммо агар дгар нерӯ бар сари қудрат ояд, ин маънои робитаи қавӣ доштани ин қувва бо ИМА ва заъиф гаштани таъсири Русияро дорад. Соли 2011 аз рӯи маълумоти Маркази таҳлили тиҷорати ҷаҳонии аслиҳа Венесуэла дар миёни кишварҳои воридкунандаи аслиҳаи хушкигарди Русия дар ҷои аввал аст.  

Миср: Душмани Исроил ё дӯсти ИМА?

Дар интихоботи парламентии моҳи январи соли равон Ҳизби озодӣ ва адолати Миср баранда шуд ва бо ҳизби салафии "Ан-нур" 75 фоизи курсиҳои парлумонро соҳиб шуд. Аз рӯи натиҷаи овозҳо дар палатаи болоии парлумон низ аз 180 курсӣ 150 тояшро намояндагони ин ҳизб ишғол карданд. Маълум мешавад, ки акнун ин ҳизби исломӣ сарқонуни навро менависад, ислоҳоти ҳукуматро роҳандозӣ мекунад ва номзади асосиро ба интихоботи президентии моҳи июни соли ҷорӣ пешниҳод менамояд. Президенти институти Ховари Миёнагии Русия Евгений Сатановский чунин мешуморад, ки бар сари қудрат омадани ин ҳизб дар Миср рақобати ҳарбӣ сиёсии Исроилро дар минтақа заъиф месозад. Аммо андешае ҳам ҳаст, ки Миср солона аз ИМА ҳудуди 1 миллиард доллар кӯмак мегирад ва ҳеч гоҳ бар зидди иттифоқчии асосии Амрико ҷанг намекунад.

Сурия: Рақобати НАТО ва Эрон

Маълум нест, ки соли ҷорӣ дар Сурия ҷанг хотима меёбад ё не. Таҳлилгарон мегӯянд, ки агар ҷанг хотима наёбад, нархи нефт дар бозори ҷаҳонӣ боз ҳам болотар меравад. Аммо масъалаи аслӣ ин рақобати кишварҳои арабӣ ва Эрон аст. Ба андешаи Евгений Сатановский агар Эрон аз Сурия, иттифоқчии худ ҷонибдорӣ кунад, кишварҳои арабӣ, ки артиши қавӣ надоранд, мухолифат карда наметавонанд. Лекин агар Туркия, ки аз барҳамхӯрии Сурия манфиатдор аст, дахолат кунад Эрон ҳам андеша мекунад. Дақиқтараш шиаҳои қудратманд бо артиши НАТО даргири ҷанг шудан намехоҳад. Аз сӯи дигар дахолати артиши НАТО ҳам ба низои Сурия ҳоло зери суол аст. Русия ва Чин ҳанӯз созишномаи Созмони милалро дар бораи даъвати Башор Асад ба истеъфо имзо накардаанд.  

Тоҷикистон: Рақиби Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ кист?

Дар ҳоле, ки рақибони сиёсии президентҳо дар кишварҳои гуногун аз заъфи моливу иқтисодии кишвар ва барномаҳои номуваффақи роҳбари давлат интиқод мекунанд ва мубориза барои соҳиб шудан ба мансаби раисҷумҳур шадид аст, дар Тоҷикистон, ки дар соли 2013 интихоботи президентӣ дорад, дар баробари Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ягон рақиби сиёсии воқеӣ дида намешавад. Чунин ба назар мерасад, ки дар интихоботи навбатӣ ягон рақиби сиёсие нест, ки даъвои "ман президент мешавам"-ро дар сар парварад. Дар миёни аҳзоби сиёсӣ раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, Муҳиддин Кабирӣ худ аз даъвои президент шуданӣ даст кашидааст. Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демокарат Раҳматилло Зойиров ҳоло хомӯш аст ва ба таҷрибаи гузашта дар интихоботи парлумонӣ назар афканем, шанси ӯ камтар аст. Аз он ки роҳбарони дигар аҳзоби сиёсӣ номзадии худро ба президентӣ пешбарӣ мекунанд, рақобате интизор будан амри маҳол аст. Пас оё воқеан пайдо мешавад нафаре, ки дар интихоботи соли 2013 бо Раҳмон рақобат варзад ё мисли рақибони Барак Обамаву Николя Саркози аз барномаҳои номуваффақ ё камбудиҳои президенти феълӣ шадидан интиқод кунад?

Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов чунин мешуморад, ки вазъияти Тоҷикистон аз дигар кишварҳо фарқ мекунад ва ҷомеаи мо ҷомеаи баъдинизоӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки ҷанги шаҳрвандӣ 15 сол пеш хотима ёфтааст, аммо ҳанӯз мардум аз барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон шукрона мекунанд ва аз каме тағйир ёфтани вазъи сиёсӣ ҳароси бештар доранд. Лекин ба гуфтаи ин коршинос ҳоло то интихоботи президентӣ беш аз як соли дигар мӯҳлат ҳаст ва Тоҷикистон ба номзадҳое, ки барномаи алтернативии пешазинтихоботии рушди кишварро тарҳрезӣ кунанд, сахт эҳтиёҷ дорад. Ба ҳамин хотир пайдо шудани нафароне, ки бо чунин барномаҳои рушди кишвар номзадии худро ба президентӣ мемонанд, аз эҳтимол дур нест. ӯ аз ҷумла афзуд: "Вале онҳо дар чаҳорчӯбаи қонун оё метавонанд дар баробари президенти феълӣ рақобати шадид нишон дода тавонанд, саволи дигар аст. Зеро дар Тоҷикистон хоҳу нохоҳ роҳбарони сиёсӣ фишангҳои зиёдеро дар даст доранд, ки мавқеи худро беҳтар ҳифз кунанд ё дар мавриди фаҳмондадиҳии барномаҳо бештар бо мардум кор кунанд. Лекин мавҷуд будани як силсила барномаҳои алтернативии рушд ба манфиати мардуми кишвар аст".     

Дар тамоми кишварҳо замони маъракаи пеш аз интихоботӣ номзадҳо кӯшиш мекунанд барномаҳои худро ба мардум муаррифӣ кунанд ва боварии мардумро ба даст оранд ё аз ҷонибдории бештари аҳолӣ бархурдор шаванд. Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои боварии мардумро бештар ба даст овардан чӣ мавзӯҳоеро дар барномаи пешазинтихоботии худ ҷой медиҳад? Ба андешаи Абдуғанӣ Мамадазимов  зимистони гузашта нишон дод, ки мушкили умдаи мардум ин таъмини нерӯи барқ  мебошад. Ҳам президенти кунунӣ ва ҳам дигар номзадҳо масъалаи расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба хусус кай ба охир расидани сохтмони "Роғун", дар чӣ қадар вақт ба кор даромадани он ва аз куҷо дастрас кардани маблағи бунёди ин нерӯгоҳро дар мадди аввал қарор медиҳанд. Масъалаи дуввум, ки номзадҳо бояд ба он таваҷҷӯҳ кунанд, пайдо кардани ҷойҳои кории нав дар қаламрави кишвар ва даст кашидан аз муҳоҷирати меҳнатӣ бояд бошад, ки метавонад оилаи суннатии тоҷикро аз байн барад, мегӯяд ӯ.
Аммо шигифтовар он, ки нафаре, ки дар баробари Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик чунин ваъдаҳо диҳад то ҳол аз худ дарак надодааст.  Беш аз ин мардуми тоҷик ин бор низ ба ваъдаҳои ба истиқлоли энергетикӣ расондани Раҳмон бовар хоҳад кард ё на ҳамчунон номаълум боқӣ мемонад.

Исфандиёр  Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)