Муҳаммад Тиллозода, писари 21 солаи Муҳиддин Кабирӣ 3-юми май вақте ба ҷанозаи бибии худ мерафт, дар деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат сокини 12 солаи деҳаи номбурда Муҳиддин Ортиқовро бо мошин задааст. Мутаассифона баъди ба бемористон интиқол додан, ҷабрдида мефавтад.
Ё "Қазияи писари Мухиддин Кабирӣ сиёсӣ мешавад?"Дар ҳодисаи мазкур чанд паҳлӯи таваҷӯҳбарангез пайдо шуд. Аввалан, хеле дер матбуотӣ шудани ин ҳодиса. Тавре гуфтем, ҳодиса 3 -юми май рӯзи ҷанозаи модари Кабирӣ сурат гирифт, аммо хабари он дар расонаҳои хабарӣ хеле дер пайдо шуд. Илова ба ин, масъалаи боздошту раҳоии Муҳаммад таи чанд рӯзи ахир мавриди баҳсҳост. Гуфта мешавад, дар ибтидо суди шаҳри Ваҳдат қароре баровард, ки тибқи он Тиллозода то замони баррасии парванда дар додгоҳ дар озодӣ хоҳад буд. Аммо дертар прокуратураи генералӣ ба ин ҳукм эътироз намуд ва баъди ин бо ҳукми Суди Олии Тоҷикистон қарори суди шаҳри Ваҳдат бекор гардид ва Муҳаммад аз нав ба боздоштгоҳ интиқол ёфт.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ мегӯяд, "агар гӯем ӯ як рӯз дар озодӣ буд, хато намекунем. Чун Муҳаммад дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунад, эҳтимол мақомоти қудратӣ ба гурехтани ӯ шубҳа карда, шиносномаи хориҷии ӯро аз дасташ мегиранд. Вале ман фикр мекунам, ки агар Муҳаммад барои гурехтан нақша медошт, баъди маҷрӯҳ шудани кӯдак, аз ҷои ҳодиса фирор мекард. Вале хушбахтона ӯ ба ин амал даст назад. Баръакс, фавран ба ёрии ҷабрдида шитоб кард. Мо намедонем ҳадафи саволи чандинбораи мақомот аз Муҳаммад, ки "Чаро баъди ин ҳодиса шумо мақомотро огоҳ накардед?" чист. Зеро ҳангоми кӯдакро ба беморхона бурдан нозирони минтақавии БДА- и шаҳри Ваҳдат ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Магар онҳо масъулини мақомоти қудратӣ ба ҳисоб намераванд? Ё ҳамчунин гуфтаанд, ки сабаби дубора зиндонӣ гардидани шумо ба хотири он аст, ки чун шумо донишҷӯ дар хориҷ аз кишвар ҳастед, имкони гурехтани шумо аз эҳтимол дур нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз рӯзи аввал масъулини нозири минтақавӣ шиносномаи хориҷии ӯро аз дасташ гирифта буданд. Пас ӯ чӣ тавр метавонад ба хориҷ аз кишвар фирор кунад?".
Ҷаноби Сайфуллозода ҳамчунин мегӯяд то ҷое ӯ медонад тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон барои чунин ҳолатҳо ба шахс то баррасии парванда дар додгоҳ чораи ҳабс татбиқ карда намешавад. Вале нисбати Муҳаммад маҳз ҳамин чораро татбиқ намуданд. Аз ин ҷост, ки ӯ мегӯяд аз оғози парвандаба шаффофияти он шубҳа пайдо мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зойиров, раиси Консорсиуми юридикии Тоҷикистон ва раиси ҲУСДТ мегӯяд, "агар аз айбдоршаванда забонхат барои берун нашудан аз кишвар гирифта бошанд, ин аллакай маънои онро дорад, ки суд ба хулосае омадааст, ки имкони фирори Муҳаммад Тиллозода вуҷуд надорад. Қонунгузорӣ таъбир медиҳад, одаме, ки гунаҳкор аст ва ғайб мезанад, тафтишот ҳуқуқ дорад бо дархост ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунад. Ман боварии комил дорам писари сиёсатмадори маъруфе чун Муҳиддин Кабирӣ ба амалҳое монанди ба суд ҳозир нашудан, ё гурехтанро раво намебинад. Вай ҳеч вақт сари падарашро хам нахоҳад кард. Ба ҳар ҳол масъала характери субъективӣ ҳам дорад. Аз ин ҷост, ки агар қазия характери сиёсӣ бигирад, ё мақомот бо амалкардҳои худ онро сиёсӣ намоянд, Консорсиуми юридикии Тоҷикистон ва Ҳизби умумимилии сосиал - демократ, ки дар сафи худ ҳуқуқшиносони варзида дорад, омода аст, дар паҳлӯи Кабирӣ бошанд. Бояд дар назар гирифт ва инро чун воқеияти Тоҷикистон қабул кард, ки Кабирӣ як мухолифи барҷастаи ҳукумати кишвар аст ва эҳтимоли фишор сари ӯ бо ҳар баҳона вуҷуд дорад".
Зойиров мегӯяд дар қонунгузории Тоҷикистон банде ҳаст, ки "Шахсан татбиқ накардани ҷазо" ном дорад ва дар таҷрибаи судӣ зиёд истифода мешавад.
- Вале ҳоло сухан дар бораи меъёри ҷазо намеравад. Аввал таркиби ҷиноят бояд муайян шавад. Мо дар мурофиаи судӣ иштирок хоҳем кард ва бо маводҳои ин парванда шинос мешавем. Бардоштҳои худро низ ба расонаҳои хабарӣ хоҳем гуфт.
Хотиррасон мешавем, ки қаблан писари собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов - Бобур Азимов низ дар як садамаи нақлиётӣ нафареро ба қатл расонд. ӯ тибқи моддаи 212 қонуни ҷиноии Тоҷикистон панҷ сол равонаи зиндон гардид. Илова бар ин то 3- сол баъд аз зиндон аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шуд. Ҳамчунин фарзанди 24- солаи раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Нусратуллоҳ Абдуллоев- Фарҳод Абдуллоев низ бар асари садамаи нақлиётӣ як корманди ширкати роҳсозии Чинро кушта буд. ӯ низ панҷ сол равонаи зиндон шуд, вале бар асоси қонуни афви соли 2011 мавриди афв қарор гирифт.
Ҷамила Мирбозхонова
Мӯҳр