Инҳое, ки хондан як тараф истад, "Шоҳнома"-ро хатто як бор варақгардон накардаанд, иддаои миллатсозӣ доранд. Лоф мезананд, то барои миллате, ки баҳри тамаддуни башарӣ бузургтарин давлатҳову сохтори давлатдорӣ ва бузургтарин шоирони ҳакиме мисли Фирдавсиро тӯҳфа кардааст, ормону тарзи зистро омӯхтанӣ ҳастанд.
Ба назар мерасад мо барои бузургдоштани бузургон ҳеч одат нахоҳем кард. Албатта барои ин корамон метавонад далелҳои бисёре бошад. Яъне худхоҳии кӯр ва фиръавнона, ки ҷуз худ дигареро дидану пазируфтан нахостан, балки натавонистан. Ё надоштани бузурге андар табор, ё аз назари таборӣ бегона будан бо он бузург. Ё... хуллас, далелҳои зиёде мешавад матраҳ намуд.
Шояд ҳеч шоири дигаре дар олами форсизабонҳо мисли Фирдавсӣ ҷойгоҳи волои ватандустӣ ва шаҳомати миллати худро бо ин волоӣ ва шевоӣ насурудаву нахоҳад суруд. Саҳеҳтар аст бигӯям, ки натавониста бисарояду сурудан наметавонад. Фирдавсӣ рамзи ростини шукӯҳу шаҳомати рӯҳи шикастнопазири Эронзамин аст. Ҳамзамон бо ин Фирдавсӣ мардумитарин шоири форсизабон будаву ҳаст. Зеро ҳамеша бо мардум будаву ормонҳои мардумро суруда. Ҳарчанд ҳамосаи безаволи у "Шоҳнома" ном дорад, ба ҳеч ваҷҳ тасвиргари ормонҳо ва манфиатҳои шоҳону хонадони шоҳон набудаву нест. ӯ шоирест, ки бо шаҳомату ғурури Фирдавсиёна дар рӯ ба рӯи замону соҳибони замон садо баланд кард:
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Ҳамин талоши созандаву ғурурофарини Ҳакими Тӯс чӣ дар замони зиндагияш ва чӣ солҳои баъдӣ барои сардамдорон писанд набудаву нест. Ба вижа агар ин афрод такязада ба арикаи қудрат аз табори Фирдавсӣ набошанд, талоши ошкору ниҳон барои камранг ҷилва додани ҷойгоҳи Фирдавсӣ анҷом додаанду медиҳанд.
Шояд Шумо, хонандаи азиз, бипурсед, ки чаро ин ҳамаро менависам?
Хамасола 15-уми моҳи май дар саросари ҷаҳон Рӯзи бузургдошти Ҳаким Фирдавсӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо дар мо... Ҳарчанд иддаоҳои пучамон гӯши фалакро ба дод оварда ва лоф аз ориёӣ будану доштани фарҳанги муштарак бо мардуми форсизабон дорем ва ҳатто иддаои роҳбарии форсизабонони ҷаҳонро низ матраҳ мекунему шармамон намеояд, аз ин Рӯзи азизу бузург фаромӯш кардем. Мо давлатдорӣ, давлатсозӣ ва миллатсозиро осону шӯхӣ пиндоштаем. Чун дар ин маҳдудаи танге аз марзу буми бекарон ва фарохнои порсизабонҳо сохторе давлатгунаро ба осонӣ ба даст овардаем, бар ин боварем, ки мешавад ҳамин тур ба осонӣ миллат сохт. Ин дар ҳолест, ки ин бовари мо назири аксари иддаоҳоямон об дар ҳован кӯбидан асту бас. Бидуни шинохти Фирдавсӣ ва ормонҳои ҳакимонаву ғурурофарини ҳамосаи ҷовидонаи ӯ наметавон бунмояи миллати созанда ва озодаро тарҳрезӣ кард. Ин ҷумлаҳоро фақат ба он хотир овардам, ки бархе идеологҳои ҳукумат ва афроди наздик ба онҳову чоплусаконашон иддаои миллатсозӣ доранд. Инҳое, ки хондан як тараф истад, "Шоҳнома"-ро хатто як бор варақгардон накардаанд, иддаои миллатсозӣ доранд. Лоф мезананд, то барои миллате, ки баҳри тамаддуни башарӣ бузургтарин давлатҳову сохтори давлатдорӣ ва бузургтарин шоирони ҳакиме мисли Фирдавсиро тӯҳфа кардааст, ормону тарзи зистро омӯхтанӣ ҳастанд.
Ин субҳ устод Дорои Дӯст, ки волаи ҳамосаи Фирдавсӣ ва ҳар навиштаи дигар дар бораи шукӯҳу шаҳомати инсон ва табори эронӣ ҳастанд, занг заданду таъкид доштанд, ки дар ин шумораи ҳафтанома нашри матлабе аз Рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Ҳаким Фирдавсӣ фаромӯш нашавад. Вақте гуфтанд, ки дирӯз дар Садои кадом як кишваре бегона ба муносибати ин Рӯзи бузург сӯҳбатҳои дилписанд шуд, мисли теғе ба дилам захм зад. Бегонаҳо ин Рӯзро таҷлил мекунанду ба муносибати он мизи гирд ва сӯҳбатҳо ташкил медиҳанд, аммо дар мо...
Беш аз ин сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе низ таи ин чанд рӯз коре дар ин росто сомон надода ва агар коре ҳам анҷом дода дар доирае хеле маҳдуд буда, ки ҳеч расонае дар ин маврид хабаре пахш накард. Шояд дар ин кор шахси ҷаноби сафир бештар таъсиргузор буда. Охир талошҳо барои бузургдошти Шаҳриёр ва барои меҳмонҳои сафорат тӯҳфа кардани китоби ин шоири табрезиро аксари рӯшанфикрони точик, ки ба сафорат рафтаанд, медонанду набояд фаромӯш карда бошанд. Ҳол он ки ба ҳеч ваҷҳ ҷойгоҳи ин ду шоир қобили қиёс нест ва рӯҳи поки Фирдавсии бузург моро бибахшад барои ин таъкид, зеро воқеан ҳам ин муқоиса таҳқири Ҳакими Тӯс аст. Охир на Шаҳриёр ва на ҳеч шоири дигарро наметавон бо Фирдавсӣ қиёс кард ва ҳатто тасаввури муқоиса худ корест сахт хато. Ин дар ҳолест, ки бо талоши афроде мисли оқои Шеърдӯст дар Эрони исломӣ Рӯзи шеъри форсӣ бо зодрӯзи Шаҳриёр ҳамзамон таҷлил мешавад, яъне ғайримустақим таъкид мегардад, ки дар рӯзи таваллуди бузургтарин шоири форсӣ рӯзи бузургдошти шеъри ин мардум сурат мепазирад. Ҳол он, ки ба ҳеч ваҷҳ Шаҳриёр бузургтарин шоири форсигӯ набудаву нест. Охир ин забони ноб шоироне мисли Фирдавсӣ, Саъдӣ, Аттор, Хайём, Ҳофиз… дорад. Бигзарем аз ин ҳама, ки ба ҷуз аз гардиши каҷи чархи каҷрафтор пеши соҳиби аслии он шикоят бурдан дигар коре намешавад кард?!
Аммо дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Ҳаким Фирдавсӣ бояд таъкид дошт, ки онро дар Тоҷикистон таҷлил мекунанд ё не ҳеч таъсире ба ҷойгоҳи Фирдавсӣ надораду нахохад дошт. Гузашта аз ин набояд фаромӯш кард, ки мо он қадар кучак ҳастему Фирдавсӣ ба он ҳад бузург аст, ки агар ба номи ӯ коре бикунем, пас барои ӯ нест, балки барои худи мост. Фирдавсӣ аз мову бузургдошти мо бениёз буду ҳаст, моем, ки бо ёдкарди ӯ ва омӯхтани ҳамосаи беназираш ҳувияти худро ёд мекунем, ҷойгоҳамон дар тамаддуни башарро мешиносем, аз иллати бадбахтиҳоямон огоҳ мегардем. Ё ҳанӯз қудрати рӯ ба рӯ шудан бо шаҳомату шукӯҳ ва ғурури Фирдавсиро надорем? Ё шояд қудрат ҳамчунон дар ихтиёри табори Маҳмуд асту талоши беэътиноӣ ба ҷойгоҳи волои Фирдавсӣ аз ин дидгох аст, ки номи бузургон шунидан наметавонанд, ё ҷуз аз табори худ, ки бузурге надорад, аз табори дигарон бузурге намеҷӯянд? Намедонам, зеро ин падида мисли рози азалисту пушти парда ва ба қавли Хайёми бузург "ин рози азалро на ту дониву на ман"...
Зафари Суфӣ
Мӯҳр