Чанд муддат аст, ки дар бадани муносиботи Бокуву Теҳрон як сардӣ дамида, ҳарду ҷониб бо муттаҳам кардани якдигар ба рӯи муносиботашон хати батлон кашидан доранд.
Ҳафтаи гузашта Бокуи расмӣ бо пахши як изҳорот Эронро ба дахолат дар корҳои дохилии Озорбойҷон муттаҳам кард. Тазоҳуроти эрониҳо дар назди консулгарии Озорбойҷон дар Табрез ва ҳамойиши ҷавобии ҷавонони озарӣ дар назди сафорати Эрон дар Боку ин танишро боз ҳам тундтар намуд. Ҷонибҳо аллакай назари худро дар пайи ин тазоҳурот изҳор карданд. Ба назари ин ҷониб, ҳеҷ як тараф хостори ҳалли мусбии қазия нест.
Элнур Аслонов, як масъули маъмурияти президенти Озорбойҷон изҳор кардааст, ки муносибот дар миёни ду кишвар дар пайи тазоҳуротҳо боз ҳам ба сардӣ гаравидааст. Мавсуф гуфтааст, Озорбойҷон роҳи рушди демокративу дунявиро пеш гирифтааст, ки ин тартиб ба Теҳрон хушоянд нест. Аммо касе наметавонад Бокуро аз ин роҳ боздорад.
Тайи чанд моҳи охир бори дуввум аст, ки муносиботи миёни ду кишвар тезутунд мешавад. Чанде пеш дар «Тоҷикони Россия» андешаҳои худро доир ба муносибати Боку дар мавриди дастгирии таҳримҳои Амрико нисбат ба Эрон дарҷ карда будам. Мебинем, ки ин андешаҳо тасдиқи худро пайдо карда истодаанд ва ҷониби Эрон мавқеъи Озорбойҷонро, ки худро ба таври ғайрирасмӣ бошад ҳам, аммо амалан ва ё бо ишораҳое аллакай шарики Амрико дар ҷанги шурӯънашуда алайҳи Эрон муаррифӣ кардан мехоҳад, нодида нагирифтааст.
Ин ҳолат, ки мақсади муташанниҷ намудан авзоъро дар Озорбойҷон ва сардсозии муносиботи ин мардумонро дорад, уламои исломи Озорбойҷонро сахт хашин кардааст.
Ҳамчунин намояндагони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Озорбойҷон бо шумули аҳзоби сиёсиву динӣ бо шиорҳои «Ҳайфи Эрон!», «Эрон қочоқгари мухадирот ба Озорбойҷон!», «Нест бод сиёсати мулогароӣ!» дар назди сафорати Эрон дар Боку тазоҳуроти эътирозӣ доир карда, аз сарвари олии мазҳабии Эрон Оятулло Хоманаӣ даъват намудаанд, то аз пуштибонии нерӯҳои «резандаи хуни озарбойҷониҳо» даст бикашад. Дар рафти ин эътирозот намояндагони созмонҳои ҷавонон аз Теҳрон даъват кардаанд, то аз мазҳаб барои мақсадҳои сиёсии худ истифода накунад ва дар масоили Қарабоғи кӯҳӣ аз мавқеи ягона баромад намояд.
Дар ин тазоҳурот ҳамчунин намояндаи Раёсати мусулмонони Қафқоз оид ба минтақаи ғарбӣ Тоир Қарабоғӣ ширкат намуда, аз ҷумла изҳор кардааст, ки ин мавзеъгирии Эрон хилофи талаботи Ислом будааст. Дар изҳороте, ки ширкаткунандагони ин тазоҳурот нашр кардаанд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки «Эрон дар муносибот бо Озорбойҷон аз мавқеи хурдагирӣ (предвзято) баромад карда, ҳамчунин бо Арманистон муносиботи дӯстонаро ба роҳ монда, геносиди фарҳангии беш аз 30 миллион озарии муқими Эронро роҳандозӣ мекунад».
Дар ҳамин ҳол сафорати Эрон дар Боку ба ин тазоҳурот вокунише нишон надодааст.
Ёдовар мешавем, рӯзи 8 май як гурӯҳ ҷавонони эронӣ баъди даъвати сарвари мазҳабии Озорбойҷони шарқии Эрон Оятулло Мӯҳсин Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар намози ҷумъа дар назди консулгарии Озорбойҷон дар шаҳри Табрези Эрон тазоҳурот доир намуданд. Оятулло Муҷтаҳиди Шабистарӣ гӯё ҳангоми мавъизааш дар намози ҷумъа Озорбойҷонро барои роҳандозии сиёсати зиддиисломӣ муттаҳам карда, аз мардум даъвати роҳандозии тазоҳуроти эътирозиро дар назди намояндагии Озорбойҷон намудааст.
Дар ҳамин ҳол Элнур Аслонов, масъули маъмурияти президенти Озорбойҷон ин вазъиятро ташреҳ карда, аз ҷумла гуфтааст, «дахолати Эрон ба масоили дохилии Озорбойҷон амали маҳкумшаванда аст. Озорбойҷон ба ҳич ваҷҳ ба корҳои дохилии дигар кишварҳо, аз он ҷумла кишварҳои ҳамсоя, дахолат намекунад ва табиист ки нисбати худаш чунин муносибатро тақозо хоҳад кард».
Ҷаноби Аслонов иқрор кардааст, ки мақомот дар маҷмӯъ аз эътирозоти мардумаш дар назди сафорати Эрон дар Боку дастгирӣ мекунад ва гуфтааст, ҳамойиши озариҳоро метавон эътироз дар қиболи изҳоротҳои як қатор доираҳои Эрон оид ба андешаҳои зиддиозариашон ва роҳандозии ҳамкориҳои Эрону Арманистон, ки ахиран Теҳрон тақвият додан мехоҳад, медонад.
Дар ҳамин ҳол Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, яке аз кишварҳои пуштибони барномаҳои сулҳомези Эрон, авоили моҳи апрели соли равон таҳдидҳои ҳастаии ин кишварро иқрор кард ва изҳор дошт, ки тамоми имкониятҳои таъсир болои Эрон барои қатъ кардани истеҳсоли уран аллакай истифода шудаанд. Яъне, ин кишвар низ аз тартиби истифодаи зӯрӣ болои Эрон амалан истиқбол кард.
Хуллас, вақте кишварҳои калидии ҷаҳон андешаи бо роҳи гуфтушунид қатъ кардани истеҳсоли уранро дар Эрон итмомёфта эълон медоранд, тахмин меравад, Озорбойҷон низ дар мавриди шурӯъ шудани таҳоҷум болои Эрон ва пораву парокандаву фалаҷ кардани он аз ин кишвар ҳамчун кишвари наздиктарин манфиате интизор дорад. Фақат як далели дар мавриди истифода аз ҳариму пойгоҳҳои ин кишвар аз сӯи нерӯҳои зиддиэронӣ чандин миллионҳо доллар муфт ба кисаи Боку рехтанаш кифоя аст, ки чунин тахмин бизанем, вагарна ду кишвареро, ки чандин солҳо дӯстонаву тифоқ ва зери як мазҳаби Ислом зиндагӣ доштанд, чӣ лозим дар чунин вазъияти душвори сиёсии минтақа бо ҳам тунд шаванд?!
Мо танҳо як тахмин задем, тахмини шумо кадом аст?
Абубакри Файзалӣ
Мӯҳр