Бахшҳо
15 май 2012 03:39Гузориш

Ҷомеаи журналистӣ: Танзими қонунии блокировкаи сайтҳо ба роҳ монда шавад

Конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки аввали моҳи равон зери унвони «Озодии баён ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» сурат пазируфт, ахиран сил-силаи тавсияҳоеро таҳия намуда, фардо барои баррасӣ ба ҳукумат ва панҷ вазорати кишвар пешниҳод хоҳад кард.

3-юми майи соли 2012 бо ҳузури беш аз 115 нафар роҳбарони ташкилотҳои журналистӣ, воситаҳои ахбори чопиву электронии давлатӣ ва мустақил, коршиносони соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва журналистон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Ҳамойиш бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон  ва ҳамдастиву шарикии тамоми созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла Иттифоқи журналистони Точикистон, Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Медиа- алянси Тоҷикистон, Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз», ташкилотҳои ҷамъиятии «Журналист», «ИНДЕМ» ва «Хома», фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» сурат пазируфт. Иштироккунанадагон дар чор бахш муҳимтарин проблемаҳои мавҷудаи соҳаро баррасӣ намуда, тавсияҳои мазкурро пешниҳод сохтанд:

1. Иқдоми президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастур ба Вазорати адлия ҷиҳати хориҷ намудани моддаҳои 135 ва 136 аз Кодекси ҷиноӣ боиси хушнудист. Дар баробари ин тавсия шуд, ки ташкил ва фаъолияти гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба ин масъала шаффоф ва бо иштироки намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин қайд гардид, ки декриминализатсия на фақат ба моддаҳои 135 ва 136 КҶ-и ҶТ дахл дорад, балки боз ба 6 моддаи дигари қонунгузории ҷиноятӣ низ марбут аст, ки онҳо ҳам бояд мавриди назар бошанд. Тавсия шуд, ки ҳангоми ғайриҷиноӣ кардани моддаҳои марбут ба диффаматсия таҷрибаи давлатҳои дигар, хусусан, Украина дар мавриди вориди махдудият оид ба пешниҳоди даъвоҳо аз ҷониби шахсони мансабдор мавриди омӯзиш қарор гирад;

2. Солҳои охир ба додгоҳ кашида шудани ВАО-и мустақил нигаронии ҷомеаи журналистиро ба бор овард. Аз ин хотир тавсия шуд, ки таъсиси ниҳоди махсуси ташхиси забонию ҳуқуқӣ барои баррассии масоили таҳқир ва тӯҳмат зарур аст. Инчунин қонунгузор бояд дар қонунгузории шаҳрвандӣ ҳаҷми маблағи ҳадди аксари  товони зарари маънавиро муайян намуда, пардохти боҷи далатиро барои рӯёнидани зарари маънавӣ пешбинӣ намояд;

3. Иштирокчиёни конференсия бар онанд, ки лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи ВАО» бояд ҳарчӣ зудтар қабул гардад. Дар замина тавсия мешавад, ки дар қонуни нав масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии фаъолияти ВАО (хусусан бақайдгирӣ),  масъулият барои поймол намудани озодии сухан мушаххас карда шавад, меъёрҳои «сарчашмаи ахбор», «ҷавоб», «раддия» мушаххас баён шавад ва дар матни қонун мафҳумҳои «танқид», «шахсияти шинохта» (публичная фигура), «ақида» ва  «баҳои якҷониба» (оценочное суждение) шарҳ дода шавад;

4. Бо мақсади муайяну мушаххас намудани сарнавишти ВАО-и электронии мустақил ва ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатии дахлдор, ВАО-и мустақили электронӣ, ташкилоти ҷамъиятии соҳа ва коршиносони мустақил гурӯҳи якҷояи корӣ таъсис дода шавад;

5. Танзими базаи ҳуқуқии гузариши Тоҷикистон  ба пахши рақамӣ, воридкунии тағйироту иловаҳои лозима ба қонунҳои амалкунанда ва ба тартибдарории онҳо оғоз гардад;
6. Чорабиниҳои тахассусиро барои  бозингарони давлативу ғайридавлатии соҳа вусъат дода,  иттилоотонии аҳолӣ доир ба гузариш ба пахши рақамӣ  бо роҳи таҳияи силсилаи барномаҳои радиотелевизионӣ, роликҳои иҷтимоӣ, чопи матолиб дар ВАО ва ғ. таъмин карда шавад;

7. Вобаста ба ҳолати феълии иҷрои Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ба созмону иттиҳодия ва ҷомеаи журналистии кишвар тавсия мешавад, ки раванди ҳамбастагӣ ва ҳамраъйиро идома дода, роҳбурди нави фаъолиятро коркард намоянд;

8. Воситаҳои ахбори омма ҳангоми қабули кормандон дар баробари шартномаи меҳнатӣ ҷиҳати риояи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ низ ҳуҷҷат (санад) ба имзо расонанд;

9. Риоя накардани ҳуқуқҳои муаллифӣ, истифодаи ғайриқонунии ахбор аз нахустсарчашмаҳо, бо аломатҳои махсус ҷудо накардани матлабҳои таблиғотӣ  аз мушкилоти умдаи соҳа боқӣ монда, таҳлили амиқи вазъияти бавуҷудомада, коркарди пешниҳодот ва имзои созишнома миёни ВАО дар ду моҳи наздикро тақозо мекунад;

10. Мутахассисони соҳаи Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба гурӯҳи корие, ки дар назди Маркази миллиии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон оид ба омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ доир ба танзими фаъолияти Интернет таъсис шудааст, ҷалб карда шаванд;

11. Таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ доир ба танзими муносибатҳо дар Интернет, аз ҷумла   таҷрибаи Олмон ва ИМА омӯхта шуда, натиҷаҳои он дар такмили қонунгузории Тоҷикистон истифода шаванд;

12.Танзими қонунии боздоштани (блокировка)-и сайтҳо ба роҳ монда шавад ва дар ин замина тартиби пешазсудӣ ва аз ҷониби суд боздоштани сайтҳо муқаррар карда шавад;

Қарор аст, ин тавсияҳо фардо ба ҳукумат ва 5 вазорату идораҳои дахлдор ироа шавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)