Ин муроҷиати собиқадори ҷанг бар асоси ваъдаҳои беохир барои таъмини ӯ бо манзили зист аз сӯи масъулини Питер сурат гирифтааст. Бо сабаби аз 10 сол камтар зистани ӯ дар Питер шаҳрдорон ӯро ба рӯйхати маҷрӯҳони ҷанг шомил ва бо манзили зист таъмин накардаанд.
Аз мактуби мӯсафед бармеояд, ки соли 1945 барои саҳми чашмрас доштанаш дар озод намудани асирони амрикоӣ аз дасти фашистон роҳбарияти ин кишвар ӯро барои зисти доимӣ ва гирифтани табаъият ба ин кишвар даъват намуда будаанд ва аммо ӯ он замон ин таклифро рад карда будааст. Акнун бо гузашти 66- сол аз рад кардани ин таклиф пушаймон шудааст.
Дар Консулгарии ИМА мактубро ба қайд гирифтаанд ва ба маъмурияти Президент ирсол кардаанд.
Гуфта мешавад, бо вуҷуди аз сӯи президент Дмитрий Медведев ба имзо расидани қарор дар хусуси таъмини якояки меҳтарони чанг бо манзили зист, садҳо нафар ҳанӯз ҳам дар ҳуҷраҳои танг ва фарсуда ва ё хонаи фарзандону ақрабо ба сар мебаранд.
Дар ҳамин ҳол роҳбари Кумитаи манзилии Санкт-Петербург Юрий Осипов баъди ирсоли ин нома гуфтааст, шахсан масъалаи таъмини меҳтари қаҳркардаро таҳти баррасӣ ва иҷро қарор хоҳад дод.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |