Аввалин паёми Владимир Путин баъди расман ба курсии президентӣ такя заданаш ба Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикии ӯ буд. Путин ҳамтои тоҷикашро ба муносибати 67-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ шодбош гуфт. Дар нома аз ҷумла гуфта мешавад, ки "Хотираи мардонагӣ ва фидокориҳои қаҳрамонҳо, ки китф ба китф гузошта барои Маскав, раҳоии Сталинграду Аврупо мубориза бурда, Берлинро муҳосира карданд, моро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон илҳом мебахшад".
Номаи хело самимӣ, ҳамту не? Шояд мазмуни ин мактуб то ба мағзҳои миллатгароёни рус ҳам мерасад. Шояд билохира дарк мекунанд, ки замоне тоҷикон ҳам барои ин марзу бум сина сипар карда будаанд? Бале, ин ҳарфҳо ба афсона монанд аст. Афсонае, ки шояд ба хоби бештари муҳоҷирони тоҷик биёяд: 9-уми май вақте аз Ғалабаи Шӯравӣ бар фашизм 67 сол сипарӣ мешавад, нажодпарастони тоссар ба кӯчаҳо баромада муҳоҷиронро сахт ба оғуш мекашанд. Барои хуни ҳазорон нафар, ки онҳову онҳо баринҳо рехтаанд, пузиш мехоҳанд…
Бале, ин танҳо метавонад рӯъёе дар хоб бошад. Аммо ба эҳтимоли зиёд дар ин рӯз ҳам мисли идҳои гузашта муҳоҷирони бепушту паноҳро афроде бо ливои фашистӣ ва бо занҷиру арматура "пешвоз" мегиранд. Баъди ин ид ҳам мисли идҳои гузашта шояд чанд муҳоҷирро ба ватан меоранд… рӯи тобут.
Ин гапи нав нест, ки мегӯянд, нажодпарастони рус аз сӯи афроди алоҳидае дар ниҳодҳои калидии Русия пуштибонӣ меёбанд. Далел ҳам ин аст, ки барои куштори одам скинхедҳоро танҳо ба авбошӣ маҳкум карда, аз толори суд раҳо мекунанд. Мисолҳо зиёданд ва зиёд дар ин мавридҳо гуфтаанд. Аммо ҳоло мавзӯъ дигар аст. Оё Путин дар даври сеюми роҳбарии кишварро бар ӯҳда гирифтанаш барои ҳалли ин мушкил иқдоме мекунад? Ҳанӯз дар роҳ ба сӯи интихобот буд, ки ваъда дод, дар сурати президент интихоб шуданаш ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ хотима мебахшад. Акнун ӯ райисҷумҳур аст. Ҳоло рӯшан нест, ки шеваи муборизааш бо муздурони ғайриқонунӣ чӣ гуна хоҳад буд. Ва ҳамчунин маълум нест, ки Путин бо тамоми муҳоҷирони ғайриқонунӣ мубориза карданист ё танҳо бо тоҷику қирғизу ӯзбакҳо. Зеро ба гуфтаи коршиносон шаҳрвандони ин кишварҳо бепуштупаноҳ маҳсуб мешаванд ва ҳар мушт нахуст ба сари онҳо бармехӯрад. Аммо то он ки Владимир Путин ба ҳалли мушкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дасту остин барбизанад, дар навбати аввал корҳои муҳимтареро бояд анҷом диҳад. Ва тавре мушоҳида мешавад, аллакай дар ин самт гомҳое низ гузошт.
Барои мисол бо имзои як фармон, ки ҳамагӣ баъди чанд соати расми савгандёдкунияш тасвиб кард, гуфт, Русия таҳаммули дахолати Амрико дар умури дохилии кишварашро надорад. Дар ин фармон омада, ки Маскав мехоҳад бо Вашингтон муносибати наздик дошта бошад, вале ҳеҷ гоҳ таҳаммули дахолати Амрико ба умури дохилии Русияро надорад.
Бархе коршиносон мегӯянд, Маскав бар ин аст, ки дар паси эътирозҳои мухолифони ҳукумати Русия Вашингтон меистад. Гузашта аз ин Русия аз он чашми тарс дорад, ки ИМА ба оҳистагӣ паи қадами худро дар минтақа устувор кардан дорад ва ҷои ӯро танг, чизе, ки барои Русия зиёд дарднок ва нохушоянд аст. Ногуфта намонад, ки ахиран дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия низ берангиҳои зиёд ба мушоҳида мерасад. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон барои хомӯшии Кремл дар қиболи фишорҳои Ӯзбакистон озурдахотир аст.
Владимир Путин шояд акнун сардиҳои байни Душанбеву Маскавро бо ҳезуми мулоиматӣ гарм мекунад. Тоҷикистон аз ин пештар ҳам як бору ду бор дар гармии ин гулхан нишастааст. Он замон Путин ваъдаи бунёди нерӯгоҳи РоҒунро дода буд ва боз ваъдаҳои зиёде, аммо ин оташ мисли гулхани абадии боҒҳои Ғалаба, ки ба хотири Ғалаба дар ҶБВ бунёд шудааст, ҷовидона насӯхт. Ин бор ҳам Душанбе шояд ваъда мегирад, аммо мисли пешин ба онҳо бовар мекунад ё хайр кори вақт аст.
Президенти "нав"-и Русия акнун ҳар чи бештар талош хоҳад кард, то муносибатҳояшро бо кишварҳои пасошӯравӣ тавре ба роҳ монад, ки касе дар фикри пайвастан бо ИМА нашавад. Вазъияти геополитикӣ таврест, ки Амрико аз оддитарин "димоғи сӯхта"-и кишварҳои минтақа аз Русия истифода карда, онро ба худ моил мекунад. Русия ҳам намехоҳад, мисли Гурҷистон давлате дар муқобилаш қарор бигирад. Путин хуб медонад, ки ҳар як зинаи бад шудани равобиташ бо кишварҳои минтақа як зина онҳоро ба ИМА наздик мекунад. Дар мисоли Тоҷикистон низ ҳамин аст. Ҳарчанд Душанбе шарики стратегии Маскав асту сарвари давлат таъкид ҳам карда, ки чунин хоҳад монд, аммо коршиносн мегӯянд, агар шарики стратегӣ аз манфиатҳои Тоҷикистон ҳимоят накунад, Амрико аз ин ҳолат ба хубӣ истифода хоҳад кард. Гузашта аз ин Тоҷикистон бо АфҒонистон ҳамсарҳад аст ва таври маълум баъди соли 2014, нерӯҳои НАТО ва Амрико хоки давлати исломиро тарк мекунанд. Гуфта мешавад, бо як ишораи Душанбе Амрико метавонад бештари техникаву аслиҳаро бо шарти андаке дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад.
Аммо аввалин паёми Путин ба Раҳмон шодбош буд. Худо кунад, ки минбаъд аз ҳар ду кишвар танҳо паёмҳои шодбошӣ расад.
Абдулазизи Восеъ
Мӯҳр