USAID рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар Тоҷикистон қайд намуд.
Тибқи иттилои сафорати ИМА дар Душанбе, лоиҳаи муколама оиди ВНМО ва бемории сил, ки аз ҷониби Агентии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамкории зич бо вазороти тандурустӣ, корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Хазинаи глобалӣ ва созмонҳои дигари ғайриҳукуматӣ, ки дар самти пешгирии нашъамандӣ фаъолият мекунанд, 25 июн дар боғи "Дўстии халқҳо"-и шаҳри Душанбе чорабинии вижа доир сохтанд.
Бино ба қавли манбаъ, дар ҳамойиш оиди хавфи нашъамандӣ барои башарият ва роҳҳои пешгирии он иттилоъ дода шуд.Дар ҷараёни чорабинӣ, озмунҳои гуногун, саволу ҷавоб ва намоишҳои мусиқӣ оиди кӯшишҳои мубориза алайҳи нашъамандӣ пешкаши тамошобинон гардиданд. Ҳамин гуна чорабиниҳо дар чорчӯбаи лоиҳаи USAID Муколама оиди ВНМО ва бемории сил дар шаҳрҳои Хӯҷанд, Кӯлоб ва Қурғонтеппа гузаронида шуданд.
Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи муколама оиди ВНМО ва бемории сил яке аз барномаҳои сершумори кӯмакдиҳанда аз ҷониби мардуми Амрико буда, тавассути USAID амалӣ мегардад. Аз соли 1992 сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе зиёда аз 984 миллион доллари ИМА ба барномаҳои кӯмакдиҳандаи рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр