Раисҷумҳури Амрико, ки дар сафари эъломнашудае вориди Афғонистон шуд, баъд аз имзои санади марбут ба ҳамкориҳои стратегии Кобул-Вашингтон, дар як суханронии телевизионӣ гуфт, ки замони хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон фаро расидааст.
Хабаргузории Форс ба нақл аз рӯзномаи амрикоии «USA todey» менависад, ки Барак Обама, президенти ИМА дар ин суханронии телевизионияш аз пойгоҳи ҳавоии «Багром» эълом кард, ки шикасти «Алқоида» наздик аст. Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин бо ишора ба коҳиши ҳамлаҳои Толибон, афзоиши қудрати нерӯҳои амниятии афғон ва марги Бен Лоден ва бисёре дигар аз раҳбарони «Ал-Қоида» эълом кард, замони интиқоли низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон фаро расидааст.
Обама бо ишора ба ин ки мавҷи ҷанг ва низомиёни амрикоӣ роҳбарии «Ал-Қоида»-ро вайрон карданд, афзӯд: «Толибон фикр мекунад метавонад бори дигар дар Афғонистон ҳукумат кунад, аммо хушбахтона ин бор ин кишвар аз сӯи Амрико пуштибонӣ мешавад ва дигар чунин иттифоқе намеафтад».
Суханони Обама дар хусуси Толибон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки пеш аз ин расонаҳои хабарӣ аз музокироти сулҳи Амрико ва Толибон хабар додаанд.
Президенти Амрико гуфт: «Дар тули се соли ахир, авзоъ баргаштааст ва иҷрои ҳадаф барои шикасти «Ал-Қоида» ва иҷоза надодан ба ин гурӯҳ барои бозсозии худаш наздик аст. Шикасти терористҳое, ки дар таърихи 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико ҳамла карданд, ниҳоятан даст ёфтанӣ хоҳад шуд».
Изҳороти Обама дар бораи наздик будани пирӯзии Амрико бар «Ал-Қоида» дар шароите гузориш мешавад, ки Леон Паннета, вазири дифои Амрико ахиран эълом кард, ки ҳеҷ роҳи ҳалли фаврӣ ва мӯъҷизаосое барои нобудии комили «Ал-Қоида» вуҷуд надорад.
Обама, ки сеюмин бор аст, дар тули даврони раёсатҷумҳурии худ ба Афғонистон сафар мекунад, пас аз вуруд ба Кобул ва дар аввалин солгарди кушта шудани Усома бин Лоден, роҳбари шабакаи терористии «Ал-Қоида» бо ҳузур дар кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон санади ҳамкориҳои старатегӣ миёни Кобул-Вашингтонро бо Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон имзо кард. Ин тавоқуфнома маъмурияти низомии Амрикоро дар Афғонистон коҳиш медиҳад, аммо пуштибонии тӯлонимудати ИМА аз Кобулро сомондиҳӣ мекунад.
23 ҳазор низомии амрикоӣ то поёни тобистон аз Афғонистон хориҷ мешавандРаисҷумҳури Амрико дар ин суханронӣ эълом кард, беш аз 20 ҳазор низомии амрикоӣ то поёни тобистони соли ҷорӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Обама гуфт: «Мо соли гузашта 10 ҳазор низомии амрикоиро аз Афғонистон хориҷ кардем ва 32 ҳазор низомии дигар низ то поёни тобистони соли ҷорӣ Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Баъд аз он низ ин коҳиш бо суръати собите идома хоҳад дошт ва ба ин тартиб бештари низомиёни мо ба кишвар боз хоҳанд гашт».
Президенти Амрико афзуд, ҳамон тавр, ки эътилофи мо тавофуқ кардааст, то поёни соли 2014 нерӯҳои афғон масъулияти комили амнияти кишварашонро бар ӯҳда хоҳанд гирифт. Низомиёни байналмиллалӣ ба омӯзиш, мушовира ва кӯмак ба нерӯҳои афғон идома хоҳанд дод ва ҳамроҳи онҳо дар сурати ниёз хоҳанд ҷангид, аммо ҳамзамон, ки Афғонистон рӯ ба пеш ҳаракат кунад, нақши мо ба нақши ҳимоятӣ тағир хоҳад кард.
Обама бо баёни ин ки Афғонистон рӯзҳои сахтеро пеши рӯ дорад, гуфт: «Сарнавишти Афғонистон бояд ба дасти худи мардуми Афғонистон рақам зада шавад ва ояндаи кишвари худро дар ихтиёр дошта бошад. Мо хостори идомаи ҷанг дар Афғонистон нестем, балки талош мекунем то ин ҷанг поён ёбад».
Раисҷумҳурии Амрико афзуд: «Мардуми Афғонистон пас аз интиқоли комили раванди вогузории амният, шоҳиди ҳузури низомиён, корвонҳои низомиёни хориҷӣ ва гашти ин низомиён дар ҷодаҳо ва шаҳрҳо нахоҳанд буд». Санаде, ки ахиран миёни раисони ҷумҳури ду кишвар ба имзо расид, қарор аст барои тасвиб ба парлумони Афғонистон пешниҳод шавад ва пас аз тасвиби он, ҷанбаи қонунӣ пайдо хоҳад кард.
Мӯҳр