Бахшҳо
04 май 2012 04:41Сӯҳбати рӯз

Иззат Амон: Ҳама фикр мекунанд мо рақибашон ҳастем

20 сол аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли мушкили муҳоҷират оҷиз мондааст. Ҳамватанони мо барои пешбурди зиндагӣ ноилоҷ Русия мардикорӣ мераванд. Ба иттилои ғайрирасмӣ теъдоди ин афрод аз марзи ду миллион кайҳо гузаштааст. Дар ҳамин ҳол ахиран, мақомоти Тоҷикистон барои ба кор фиристодани теъдоди дигаре аз шаҳрвандони кишвар бо давлати Қатар қарордоди ҳамкорие тасвиб карданд. Оё чунин як созишнома то куҷо метавонад мушкили муҳоҷират ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар созад? Посухи ин суол ва чанд пурсиши дигарро Озодагон аз Иззат Амон, роҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия ҷӯё шуд.

Озодагон: Чанд рӯз қабл масъулини Тоҷикистон бо мақомоти давлати Қатар оид ба «бо ҷои кор таъминкунии муҳоҷирони Тоҷикистон» созишнома имзо карданд. Қаблан ҳам Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Белорусияву дигар кишварҳо тавофуқномаҳои ҳамсонро имзо карда буд. Ба назари шумо чунин созишномаҳо то куҷо мушкили муҳоҷиратро бартараф мекунад?

Иззат Амон: «Бале, қаблан ҳам чунин созишномаҳо бо кишварҳои дигар ба имзо расида буд. Умуман, ҳукумати Тоҷикистон талошҳои зиёде мекунад, то корҳоеро дар ин замина анҷом диҳад. Аммо ба назар мерасад, ки ё таҷрибаи кофӣ надорем ва ё баъди ба имзо расидан аз паи амалӣ гардонидани ин созишномаҳо намешавем.
Ба ҳар ҳол ман кӯшишҳо ва иқдомотеро, ки аз ҷониби ниҳодҳои ҳукуматӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон сурат мегирад, мусбат арзёбӣ мекунам. Вале ин ки  он мусбат тамом мешавад ё манфӣ паҳлӯи дигари масъала аст. Ҳамин, кӯшишҳо барои ҳалли мушкил иқдоми мусбатест».

Озодагон: Оё аслан масъулини Тоҷикистон иродаи ҷиддии ҳалли мушкили муҳоҷиронро доранд ва дар заминаи муҳоҷират сиёсати пешгирифтаашонро қабул доред?

Иззат Амон: «Оре, ҳукумати Тоҷикистон ин иродаро дорад, то мушкили муҳочиронро ҳал намояд. Аммо мутаасифона хеле дер бедор гашта ва паи амал шуданд. Қабл аз қазияи машҳури «халабонҳои рус» ба назар мерсид, ҳукумати Тоҷикистон ҳатто донистан намехоҳад, ки беш аз 2 миллион шаҳрвандаш аз хонаву зану фарзанди худ ҷудо шуда, хору зор ва ғуломи мардуми бегона гаштаанд. Баъди он ки ба хотири ду халабони рус ҳазорон муҳоҷири моро аз Русия ихроҷ карданд, ҳукумат бедор шуд ва фаҳмид, ки шарики стратегияш ба чӣ номардиҳое қодир аст. Дақиқан баъди ин мусибат, шоҳид будем, ки ҳукумат барои кам кардани вобастагии шадиди худ аз Русия мехоҳад кадом корҳоеро анҷом диҳад.  

Ман сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистонро дар хусуси ҳалли мушкили муҳоҷират қабул дорам, вале онро нокофӣ ва ноқис медонам. Зеро дар ин кор на мутахассисони соҳа, балки шахсони ногаҳонӣ ҷалб шудаанд. Бубинед, аз таъсис ва фаъолияти Хадамоти муҳоҷират як сол гузашт, аммо то кунун кори назарраси ин ниҳодро надидем. Ҷуз паҳн кардани маълумотномаҳо дар фурӯдгоҳҳо. Сабаби ин ҳам бармегардад ба камтаҷрибагӣ ва ҳавсала надоштан дар роҳи ҳалли мушкил».

Озодагон: Беш аз 20 сол шуд муҳочирони мо аз рафтану омадан ба Русия хаста шудаанд. Дар Шӯравии собиқ чунин набуд. Ҳоло тибқи иттилои мухталиф 2 миллион муҳоҷир дорем, ки доимо ҷонашон дар хатар аст. Барои ҳалли мушкили муҳоҷират чӣ кор бояд кард? Ё ин ки масъалаи муҳоҷирати тоҷикон сиёсисту онро ҳал намудан душвор?

Иззат Амон: «Ҳақ бо шумост. Воқеан ҳам мардуми мо дар муҳоҷират ранҷи зиёде мекашанд. Мо борҳо пешниҳодҳоямонро барои ҳалли масоили муҳоҷират ва ё беҳтар намудани аҳволи будубоши муҳочирон ироа кардем, вале дидем, ки ҳукумат ва махсусан намояндагии Тоҷикистон дар Русия ба ин пешниҳодҳо бетаваҷҷӯҳанд. Дар ҳақиқат вақтҳои ахир масоили муҳоҷират бештар тобиши сиёсӣ гирифта, то иҷтимоӣ. Бовар кунед, агар қарори сиёсии роҳбарияти кишвар барои ҳалли ин мушкил набошад, ҳеч кореро ба сомон расонида наметавонем. Пеш аз ҳама барои ҳалли мушкили муҳоҷирон бояд аз намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия шурӯъ кард. Зеро масхарабозие, ки дар ин ду идора нисбати муҳоҷирон сурат мегирад, дар идораҳои пулис нисбати онҳо дида намешавад. Бетафовутии масъулини сафорат ва консулгарии Тоҷикистон нисбат ба мушкилоти муҳоҷирон дар Русия қатъан ҳар касеро хашмгин мекунад.
Тасаввур кунед, ҳамарӯза 700-800 муҳоҷир барои гирифтани ҳуҷҷат пушти дари консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ мешавад. Масъулин ба ҷои дилбардорӣ ва ҳал кардани мушкил, ба онҳо дод зада, бо хушунат рафтор менамоянд. Вақте муҳоҷирон чунин муносибатро мебинанд, маҷбур мешаванд ба миёнаравҳое, ки нафарони худи масъулини консулагариянд, муроҷиат кунанд. Дар натиҷа як ҳуҷҷати 200 рублиро ба 2000 рубл дастрас мекунанд. Ин мушкил нест магар? Оё мо қаблан садҳо маротиба оид ба ин мушкил нагуфтем?

Маълум аст, ки аксари мушкили муҳоҷирон аз бепулист. Мо ба ҳукумат пешниҳод мекунем, ки дар ин кишвар як бонке бо номи бонки муҳоҷир бунёд кунад, то муҳоҷирон имкони гирифтани қарзҳои боимтиёзу камфоизро дошта бошанд. Ин пешниҳодро қаблан ҳам дода будем. Дигар пешниҳоди мо таъсиси як маркази фарҳангист, то муҳоҷирон тавонанд дар онҷо гирди ҳам омада аз мушкилоташон сӯҳбат кунанд. Ҳарчанд акнун як маркази фарҳангӣ дар назди сафорат дорем, аммо ин марказро ба тарабхона табдил додаанду маҳалле шудааст барои шаробхуриву рақсу бозӣ. Албатта, пешниҳодҳо зиёданд, аммо бовар дорам, ки дар Тоҷикистон гушҳои шунавое барои шунидани дарди муҳоҷирони хонабадуш надорем».

Озодагон: Чаро ҳукумат муҳоҷиронро соҳиби маълумоти олӣ карда ба Русия намефиристад, ин тавр беҳтар нест? Аз ин вазияти ноҳамвори муҳоҷирин кӣ манфиатдор аст, фикр намекунед мушкили муҳочират то ҳол бояд ҳали худро меёфт?

Иззат Амон: «Соҳиби маълумоти олӣ карда ба муҳоҷират фиристодан масъулияти ҳукумат нест ва маълумоти олидоштаҳо ба худамон бештар лозиманд. Албатта хуб аст, ки муҳоҷирони мо мутахассис буда, дорои ҳуҷҷату диплом бошанду коре аз дасташон биёяд, вале мутаасифона бештари онҳо маълумот надоранд. Гузашта аз ин агар ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш медошт, барвақт роҳи ҳалли муҳоҷиратро пайдо мекард. Аммо мо то маҷбур нашавем ба коре даст намезанем. Ҳоло ҳам дер нашуда, агар иқдомоти сиёсӣ ва қадамҳои ҳадафмандона бардошта шавад, вазъи муҳоҷирон беҳтар хоҳад шуд».

Озодагон: Байни созмони шумо ва дигар ташкилотҳои муҳоҷират ва низ Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳамкориҳои самимиву зич ва бародарона вуҷуд дорад?

Иззат Амон: «Мутаассифона миёни мо ва дигар созмонҳову ташкилотҳои муҳоҷират ва низ сафорату консулгарии Тоҷикистон дар Русия ҳеч ҳамкорие вуҷуд надорад. Зеро ҳамагӣ фикр мекунанд мо рақиби онҳо ҳастем. Ҳатто байни созмонҳо гоҳо ҷангу даргирӣ ҳам сурат мегирад, ки мисоли оддиаш ҳамон кашмакаш ва мушту лагадкубии кормандони Хадамоти муҳоҷират бо Каромат Шарипов дар бинои сафорати Тоҷикистон аст. Албатта ин як шармандагие буд, ки аз ҷониби Каромат Шарипов сар зад. Вале дар умум миллат шармандаю сархам шуд, ки тоҷикон дар мусофират байни ҳам ба ҷои дастгирии ҳамдигар, якдигарро ҳозиранд несту нобуд кунанд».

Озодагон: Икдомоте, ки хукумат мекунад, оё мушкили муҳоҷиронро ниҳояти кор ҳал менамояд?

Иззат Амон: «Ҳоло гуфта наметавонам, ки иқдомоти ҳукумат мушкили муҳоҷиронро ҳал менамояд ё на. Зеро қаблан ҳам бо Арабистони Саъудӣ тавофуқнома имзо шуда буд, ки он қадар муассир набуд. Муҳоҷирони тоҷик умуман бесаводанд ва бештари онҳо ҷуз забони модарӣ дигар ҳеч забонеро намедонанду мутахассис ҳам нестанд. Акнун хамин бесаводон фикр накунам ба кишваре лозим бошанд. Ҳатто дар худи кишварҳои арабӣ миллионҳо нафар бекоранд. Аз ин рӯ, агар ҳукумати Тоҷикистон муҳоҷиронро тахассус ёд диҳад ва вазъи ҳуқуқии онҳоро дар Русия беҳтар намояду оҳиста-оҳиста соири мушкилоташонро ҳал намояд, бисёр хуб мешавад».

Мусоҳибаи Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)