Бахшҳо
02 май 2012 12:37Гузориш

23000 сарбози ИМА то охири тобистони 2012 аз Афғонистон бароварда мешавад

Президенти Амрико Борак Обама бидуни эълону ҳамҳама рӯзи -уми май, дар солгарди нобудсозии террористи № 1-и ҷаҳон Услома бини Лодан вориди Кобул шуд ва шоми 2-юми май, вақте мардумони дигар кишварҳо аз таҷлили Иди меҳнаткашон мондаву лакот дар истироҳат буданд, бо раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дидору гуфтугӯ анҷом дод. Натиҷаи ин дидори оҷиливу пинҳонӣ он шуд, ки Амрико тавонист Карзайро ба зону нишонад ва то соли 2024 ҳузурашро дар ин минтақа таъмин намояд.

Амрико аз асп фаромаданиву аз позин не?

Ҳарчанд Ҳомиди Карзай баъди чанд ҳодисаи даҳшатбори аз сӯи сарбозони амрикоӣ дар нисбати мардумонашу муқаддасоти мазҳабиаш, аз қабили бар рӯи аҷсоди куштаи мардуми афғон пешоб кардани аскарони амрикоӣ, оташ задани нусхаҳои Қуръони маҷид ва таҳқири китобҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин аз сӯи як сарбози амрикоӣ Роберт Бэйлс кушта шудани 17 нафар мардуми осоишта  дар Қандаҳор бо хашм эътироз карда ва ҳатто аз Амрико хостани маблағи дақиқ дар ивази ҳузурашон дар ин кишвар изҳоротҳо дода буд, аммо маълум нест, ки маблағи тақозокардаашро Борак Обама ба Карзай додааст ё не.
Бино ба навиштаи Associated Press Кобулу Вошингтон созишномаи ҳамкориро имзо намудаанд, ки он муносиботи байниҳамдигарии Амрикову Афғонистонро баъди аз минтақа берун кашидани нерӯҳои амрикоӣ ба танзим медарорад.

Мутобиқи ин созишнома Вошингтон ӯҳдадор шудааст, ки рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистонро дастгирӣ кунад ва ҳамчунин дар таъмини амнияти ин кишвар то соли 2024 ширкат варзад.  Дар ин созишнома дарҷ гардидааст, ки мақсади аслии ҳузури Амрико дар ин кишвар омӯзишу тарбияи сарбозони нерӯҳои худи Афғонистон буда, ҳамчунин ширкат дар мубориза алайҳи нерӯҳои ҳаракати “Ал-Қойида” - ро иҷозат гирифтаанд.
Ҳамин тариқ, Амрико аз асп мефуромада бошад, ҳам аз позин фаромаданӣ нест. Яъне, ҷаноби Обама муваффақ шуд, ки қисме ҳам бошад, сарбозонашро то соли 2024 дар ин кишвар боқӣ гузорад. То ба 10 соли дигар дар ин кишвар ҳомӣ буданашро  ба ҳамагон таъкид карданист.
Дар ҳамин ҳол Вошингтон ба як бохти бузурги худ, надоштани пойгоҳи доимии низомӣ дар ин кишвар ва баргузор накардани рейдҳои шабона ба маҳалҳои аҳолинишини Афғонистон розӣ шудааст. Аммо Кобул ҳам розӣ шудааст дар сурати лозимӣ пойгоҳҳои низомиро ба ихтиёри нерӯҳои амрикоӣ вогузор кунад.
Ҳамчунин Кобул муваффақ шудааст, то дар созишнома дарҷ карда шавад, ки Вошингтон Афғонистонро иттифоқчии асосиаш аз ҳисоби кишварҳои берун аз Эътилофи Шимол эътироф  ва эълон намояд.

Борак Обама гуфтааст, тибқи ин созишнома як “давраи гузариш” паси сар ва баъдан назорати пурраи кишвар дар ихтиёри  нерӯҳои дохилии Афғонистон  вогузор карда хоҳад шуд. Зимни дидор бо асокири амрикоӣ дар пойгоҳи низомии Багром Борак Обама аз размандагони кишвараш изҳори ташаккур кард ва аммо гуфт, ҳанӯз ҳам ҳадафи онҳо ба пуррагӣ таъмин нашудааст. Дар муроҷиати телевизиониаш ба мардуми Амрико аз Багром Борак Обама нуктаи асосии созишнома:- мубориза ва нобуд сохтани “Ал-Қойида”-ро кори “ҳалшаванда дар оянда” номид. Бо таъкиди муваффақиятҳои нерӯҳои кишвараш Обама қайд кардааст, ки Толибон”-ро ҷузъе аз ҷомеаи Афғонистон мебинад, агар онҳо алоқаашонро бо “Ал -Қойида” канда кунанд.
Ӯ гуфт: “ман медонам,ки бисёре аз амрикоиҳо аз ҷанг хаста шудаанд. Аммо мо бояд кори дар Афғонистон шурӯъ кардаамонро то ба охир бибарем ва ин ҷангро бо муваффақият ба охир бирасонем”.

Сафари Борак Обама дар ватанаш мувоҷеҳи эътирозу интиқоди шадид гардид. Рақибони сиёсиаш ӯро барои истифодаи ин сафар дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ муттаҳам карданд. Тавре Washington Post менависад, сафари шабонаи Борак Обама танҳо барои ҷалби диққати амрикоиҳо буд, зеро вақте Борак Обама сухан мегуфт, аксари мардуми  афғон дар ин вақт дар хоб буданд. Ҷумҳурихоҳон сиёсати берунаи маъмурияти Кохи сафедро мунтазам интиқод мекунанд. Ҳамчунин ҳамапурсиҳо нишон медиҳанд, ки аксари кулли амрикоиҳо идомаи ҷангро дар Афғонистон зарур намешуморанд. Дар навбати худ, бино ба андешаи рақибони сиёсии Обама, ӯ метавонад дар маъракаи пешазинтихоботиаш анҷоми ҷанг дар Ироқ ва шурӯи берун кардани нерӯҳои ҳарбӣ аз Афғонистонро аз дастовардҳои худ унвон кунад. Худи Борак Обама дар баромадаш иқрор кард, ки идомаи ҷанг аллакай барои кишвараш нуфузе намеорад ва анҷоми ҷанг дар Ироқ ва баровардани нерӯҳои ҳарбӣ аз Афғонистон аз ваъдаҳои асосии Обама дар барномаи пешазинтихоботии соли 2008 маҳсуб меёфт.
Акнун тибқи ин созишнома то охири тобистони соли 2012 аз Афғонистон ҳудуди 23 ҳазор асокир берун кашида мешаванд ва ҳамчунин кам кардани теъдоди нерӯҳо ба ҳамин тариқ давра ба давра идома хоҳад кард.  

Ёдовар мешавем, ки нерӯҳои амрикоӣ шурӯъ аз соли 2001 дар Афғонистон ҳузур дошта , дар ин муддат беш аз 1800 нафар аскарони амрикоӣ кушта шудаанд. Феълан мутобиқ ба маълумоти Пентагон дар ин кишвар беш аз 88 ҳазор нафар аскарони нерӯҳои ҳарбии Амрико қарор доранд.
Тавре хабаргузориҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, баъди чанд соати аз Кобул берун шудани Борак Обама нерӯҳои “Ал-Қойида” эътирозан ба изҳороти ӯ чанд таркишеро дар назди пойгоҳҳои низомӣ ва дохили он дар Кобул доир карда, дасти кам 6 нафарро кушта, 18 нафарро захмӣ намудаанд.

Абӯбакри Файзалӣ



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)