Як нафар миллатгаро 77 касро кушт, боиси нигаронӣ нест, вале агар аз дасти як мусулмон худоё нокарда, як нафар кушта шавад зилзила ба по мехезонанд.
Норвежия, ки дар дунё худро ҳамчун кишвари пешрафта дар самти риояи ҳуқуқи инсон мураррифӣ карда меомад, бо сар задани ҳодисаи қатли анбӯҳи одамон аз сӯи Андерс Брейвик ҳама нуфузи чандинасра касбкардаашро дар ин самт ба якбор зери хок кард.
Феълан дар Осло, пойтахти ин кишвар баррасиҳои додгоҳӣ дар қиболи Брейвик шурӯъ шудаву идома дорад, аммо дар ин қазия аҷоиботи зиёде ба мушоҳида мерасанд.
Дар сурати аз сӯи додгоҳ муҷрим шинохта шуданаш қонунгузории Норвежия Брейвикро барои қатли 77 нафар ҳамагӣ 21 сол паси панҷара хоҳад андохт. Брейвик, ки ҳанӯз 33 сол дорад, ҳади ақал баъди 15 сол ҳатман ки ба озодӣ мебарояд ва он замон дар айни авҷи камолот қарор хоҳад дошт ва эҳтимол боз ҳам 77 кас ва ё аз он ҳам бештареро ба қатл расонад. Ман барои иҷозаи ҳукми қатл дар дунё ба ҳиҷ ваҷҳ ҷонибдор нестам, аммо чаро ин қадар мӯҳлати кам барои қатли 77 (!) нафар? Аммо чӣ кунем, ки дар қонунгузории “башардӯстона”-и Норвежия ҳукми олии ҷазо 21 сол пешбинӣ гардидааст.
Аммо ба назар мерасад, ки додгоҳ ба ҳар роҳ мехоҳад ҷомеаро аз Брейвики қотилу террорист эмин дорад ва аз ин рӯ маротибаи саввум барои гузаштани ташхиси бемории рӯҳӣ истодагӣ мекунад. Дар сурати бемор шинохта шуданаш додгоҳ ҳақ дорад, Брейвикро барои абад ба бемористон интиқол диҳад.
Вале ман ва фикр мекунам, дигар мардумони ба ин қазия мутаваҷҷеҳро тартиби баргузории баррасиҳои додгоҳӣ дар ҳайрат мегузоранд. Қотили 77 нафарро на паси панҷара, балки дар толор, ҳамроҳи дигарон менишонанд, барояш қаҳва меоранд. Аҷибаш он ки махсус барои ин баррасӣ бинои додгоҳро пурра таъмир намуда, ба тирезаҳояш шишаҳои тирногузар насб карданд. Додгустар ҳатто ба ӯ бар хилофи тартиботи ҷории додгоҳ иҷоза дод, то нутқи пештар тайёрнамудаашро қироат намояд. Аҷаб дилсӯзии аврупоӣ барои ....қотил!
Барои нашру пахши ин баррасӣ беш аз 800 нафар хабарнигорон номнавис шуда буданд, аммо пахши онро дар телевизиони марказии Норвежия додгоҳ мамнӯъ кард.
Намоишкории башардӯстии мақомдорони Норвежия ва умуман Аврупо вақтҳои охир аз ҳад гузаштааст, вақте гап сари қазияе ё ҷурме меравад, ки он аз сӯи як масеҳӣ ё миллатгаро сар зада бошад, ҳамин хел не? Бубинед, қазия сари ҳимояи як миллатгаро меравад, ки бар асоси ақоиди мазҳабиву фашистиаш ҷони 77 нафарро рабудаву дар баррасиҳои додгоҳӣ на паси панҷара, балки рубарӯи ақрабои мақтулон оромона менишинад ва ором-ором қаҳва менӯшад. Ба ҳеч ваҷҳ худро гунаҳкор намеҳисобад. Изҳоротҳое мекунад, ки мӯи тани кас сих мешавад.
Таҳаммулпазирӣ дар қиболи миллату нажоду қавмиятҳои дигаре, ки Аврупо ва махсусан Норвежия барои мардумони соири кишварҳо бо ғуруру ифтихор талқин менамуд, имрӯз хоки сиёҳ гашту сохтори судиаш имкон надорад барои қурбонии 77 нафар ҳатто 1 нафарро на ин ки қатл кунад, балки барои ҳабси абад ҳукме содир намояд. Аҷаб корношоямиву аҷаб беқудратӣ. Аммо...
Ман фикр мекунам, ки Брейвик аз сӯи гурӯҳ ва ё созмони махсуси фашистӣ маблағгузорӣ шуда, пуштибонии ҷиддии ҳимоятӣ низ дорад. Вагарна, як деҳқони сабзавоткорро чӣ ташвиш дар масоили миллату адён?
Аҷоиботи дигар дар он буд, ки баъзе аз ақрабои кушташудагон низ ба Брейвик дилсӯз шудаанд. Модари як духтараки 17 солаи кушташуда ба хабарнигорон изҳор кардааст, ки “Брейвик дар зиндагӣ сари калобаашро гум кардааст ва барои ин набояд ӯро сахт муҷозот кард”.
Дар ҳамин ҳол Жан-Мари Ле Пен, асосгузори 83 солаи ҳизби миллатгароии Фаронса бо номи “Ҷабҳаи миллӣ”, ки духтараш Марин Ле Пен дар даври аввали интихоботи президентии Фаронса 22 апрел 18 дар сади орои мардумро соҳиб шуд, дар як мусоҳибааш гуфтааст, “қазияи куштори Брейвикро ба қазияи террористон баробар накунед. Як нафар девона метавонад 100 нафарро бикушад, аммо мусулмонон бо ғояи муайян ба куштору террор даст мезананд”. Аҷиб.
Аммо агар гуфтаҳои худи Брейвикро, ки бо ҳарорату кӯшиши зиёд солим буданашро исбот карданӣ мешавад, ба назар бигирем, ӯ низ бо мақсади муайяни тарҳрезишудаву санҷидашуда ба ин кор даст задааст. Бингаред худи ӯ дар нутқаш чӣ мегӯяд: “Ман ин ҷо ҳамчун намояндаи ҳаракати норвежии аврупоӣ, зиддикомунистии зиддисломӣ бо номи «Ҳаракати норвежӣ-аврупоии муқовимат” истодаам. Ман аз номи норвежиҳо, скандинавҳо, аврупоиҳо, ҳарф мезанам, ки ҳаққи қавми бумӣ буданашонро, ҳуқуқҳои марзӣ ва фарҳангиашонро аз даст додан намехоҳанд.
... Ман тавонистам нақшаи беҳтарини амалиёти ҳарбиеро аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон амалӣ намоям. Инҳо ҳама ба ман писханд мезананд, зеро оташи ҳарос онҳоро фарогир аст. Онҳо медонанд, ки миллатгароёни омода метавонанд зарбаҳои ҷонкоҳе ба иделогияи эшон бизананд.
....Мусулмонҳо, либералҳои чапгаро ва марксистҳо раванди рушди миллатҳои хурдро таҳти назорат гирифта, аз ин раванд норозиёнро миллатгаро, фашист, фанат ва исломофоб меноманд. Ҳафтод дар сад британиҳо бар онанд, ки кишварашон маҳз бо вуруди мардуми бегона номуваффақ шудааст...”
Ин ҳама ғояву иделогияи муайян нест магар?!
Дар ҳоле ки додгоҳ парвандаи Андерс Брейвик, тероррист ва қотили 77 нафарро ноӯҳдабароёна пеш мебурду дар қиболаш оҷиз мемонд, 40 ҳазор ақрабову дилсӯзони кушташудагон дар майдони марказии Осло ҷамъ омада, суруди “Фарзандони рангинкамон”- ро бо ҳам суруданд, то ба гӯши Брейвику ҳомиёнаш якумр ҳалқа шавад, ки новобаста аз ранги пӯсту, эътиқоду тарзи зисту фарҳангҳои мутафовит ҳама зери як офтобему ҳама фарзандони як рангинкамон.
Р.S. Шоҳидони дохили бинои додгоҳ гуфтаанд, ки бонги ин суруда дохили биноро ба пуррагӣ фаро гирифта буд , ки ҳатто аз чашмони Брейвик ашкро ҷорӣ сохт. Аммо то куҷо ин суруда ба суроғаи аслиаш расид ва Брейвику пуштибонони Брейвикро то куҷо аз иқдоми ҷудоиандозии миллатҳо боздошт, Худо медонаду бас!
Абӯбакри Файзалӣ
Мӯҳр