Як коршиноси барҷастаи масоили сиёсии Осиёи Марказӣ эълом кард, ироаи Исломи секулор аз сӯи Туркия, ки мавриди тасдиқи Вашингтон низ ҳаст, боиси шиддатёбии руҳияи зиди русии мардуми минтақа хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Осиёи Марказӣ, Қодир Маликов, раиси маркази таҳлилии «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат» дар Қирғизистон, гуфтааст, идомаи вазъи мавҷуд ва шиддатёбии рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказӣ, ба хусус дар Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки 2 кишвари аз назари иқтисодӣ ва низомӣ заифи минтақа мебошанд, метавонад боиси бесуботӣ дар кулли минтақа шавад. Ба таъкиди ҷаноби Маликов Туркия бо истифода аз шароити мавҷуд тавонистааст нуфузи бештаре дар кулли Осиёи Марказӣ дошта бошад ва ин дарҳоле аст, ки руйкарди Туркия дар Осиёи Марказӣ ба ҷиҳати бархурдорӣ аз тафакуроти секулористӣ, мавриди тасдиқи Вашинтон буда ва дар сурати идомаи нуфузи Туркия, руҳиёти зидди русӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Ба эътиқоди вай Владимр Путин, раиси ҷумҳури нави Русия сиёсати хориҷии қатъитареро дар ҷиҳати бозпас гирифтани мавозеи аз дастрафтаи кишвараш дар минтақа дунбол хоҳад кард. Аммо ИМА низ иқдомоти худро шидат бахшида ва ба сурати мустақим ва ҳамчунин аз тариқи кишварҳои вобаста, мехоҳад монеи тақвияти нақш ва ҷойгоҳи Русия дар Осиёи Марказӣ шавад, ки яке аз абзорҳои фишори Амрико бар Русия адами хуруҷи комили нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон ва минтақа дар соли 2014 хоҳад шуд.
Раиси маркази таҳлилии «Дин, ҳуқуқ, сиёсат» афзуд: «Таҳавулоти ахири Афғонистон, ба вижа иқдомоти Толибон дар қалби Кобул, баёнгари он аст, ки давлати Ҳомид Карзай бидуни ҳимоятҳои НАТО қодир ба ҳифзи бақои худ нахоҳад буд».
Ин коршиноси барҷастаи масоили сиёсӣ бо ишора ба собиқаи ҳузури низомии Амрико дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, ёдовар шуд, ки ҳамкорӣ накардани Покистон бо Амрико ва НАТО дар амри интиқоли колоҳои низомӣ аз қаламрави ин кишвар, таваҷҷуҳи Вашингтон ва Брусселро ба самти кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш дода ва дар канори баҳси транзит, акнун барномаҳои наве ба монанди мубориза бо маводи мухаддир ва терроризм низ дар водии Фарғона дунбол мешавад ва аз эҳтимол дур аст, ки Амрико ба фикри рӯшди иқтисодҳои миллии кишварҳои минтақа бошад ва дар ин ҷиҳат сармоягузори анҷом диҳад, балки барои Амрико ва Ғарб тамаъварзии мақомоти ин кишварҳо хазинаи ба маротиб камтаре дорад.
Аз нигоҳи Қодир Маликов, Амрико ва Ғарб барои дар ихтиёр доштани кантроли захираҳои оби Осиёи Марказӣ бо Расия ба рақобати ҷиддӣ хоҳад пардохт ва ба ин манзур буд, ки хонум Ҳилари Клинтон бо таваҷҷӯҳ ба баҳси эҳтимоли сар задани ихтилофот бар сари наҳваи истифода аз манобеи об, эълом кард, ки кишвараш барномаи «мушорикати Амрико дар арсаи захираҳои об»-ро дунбол хоҳад кард.
Қодир Маликов раиси маркази таҳлилии «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат» дар Қирғизистон таҳти таъсир қарор додани Чин ва Эронро аз дигари аҳдофи ҳузури Амрико дар минтақа унвон кард. Маликов дар идомаи баҳси рақобатҳои Амрико ва Русия афзуд: «Русия бо ҳадафи пешӣ гирифтан аз Амрико хостори дарёфти бештари саҳҳоми неругоҳҳои нави калони Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошад ва дар ин робита аз тамомии абзорҳои мавҷуд баҳрабардорӣ мекунад».
Ин коршиноси масоили сиёсии минтақа бо таваҷҷӯҳ ба шадид шудани рақобати қудратҳо дар минтақа ва афзоиши эҳтимоли фишорҳои Русия дар даврони нави раёсати ҷумҳурии Путин ба Қирғизистон, таъкид кард: «Зимни маҳдуд шудани имкони дарёфти сӯзишворӣ аз Русия, Қирғизистон ба дунболи бароварда кардани бахше аз ниёзҳои худ аз тариқи Озарбойҷон, ҷалби сармоягузориҳои Қатар, Ҷопон ва тақвияти равобити сиёсӣ бо Туркия ва Гурҷистон мебошад, ки албатта Туркия нақши асби Троя, Амрикоро ӯҳдадор буда ва дар канори он пантуркизм ва исломи ба истилоҳ секулорро арза мекунад, ки боз ҳам мавриди тасдиқи Вашингтон мебошад».
Қодир Маликов, раиси маркази таҳлилии «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат» дар Қирғизистон бар ин бовар аст, ки чунончи равобит миёни Бишкек ва Маскав ба сарди гароиш пайдо кунад, Қирғисистон масири мавриди тайиди Амрикоро дунбол хоҳад кард, ки дар ниҳоят ин масъала метавонад дар сатҳи водии Фарғона, ки бахши азиме аз хоки Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Тоҷикистонро фаро мегирад, сабаби бесуботӣ шавад.
Ҳамчунин печида шудани муносиботи Қирғизистон бо Русия метавонад ин кишварро ба Гурҷистоне барои Осиёи Марказӣ табдил кунад, ки ин амр ба Амрико иҷоза хоҳад дод, то монеи эҷоди Иттиҳодияи аз АвуОсиё бо меҳварияти Русия шуда ва шанси беҳтаре барои иҷрои барномаҳои низомии худ (аз ҷумла алайҳи Эрон) ва дар ниҳоят маҳдуд кардани ҷои пои Русия дар минтақа ба вуҷуд оварад.
Манбаъ: Хабаргузории «Форс»
Мӯҳр