Бахшҳо
28 апр 2012 06:27Гузориш

Душанбе ё Сталинобод?

Воқеан, боварам наомад, не! То бад-ин дараҷа расидани вазъи роҳҳои мошингарди Душанбеи азизро ҳеч умеди дидан надоштам. Ва аммо дидам. Бале, бале, дидам ва чӣ дидане! Роҳҳову ҷодаҳо валу валангор, пур аз чуқурию пастӣ, чун бадани даридаву тиккашудаи ҳайвоне захмӣ. Ва охир ин танҳо роҳи як кӯчаву хиёбоне набуд, ҳама ҷое, ки поям расид, роҳҳо дар чунин ҳоле ғариб қарор доштанд. Ва бовар кардам, бовар кардам, ки ободӣ анқариб аз байн рафтааст, ҳеч як масъулеро аз он ки роҳу ҷодаҳо дар вазъи садамавӣ ва ғайри қобили қабул гирифторанд, ба фикреву андешае набурда. Ва дареғ ва афсӯс!

Ба роҳ медароям. Дар истгоҳи "Обшорон" ба хатсайри 18 менишинам. Дарвоқеъ, чанд ҳарфе дар хусуси ҳамин маршруткаву автобуси 7 бигӯям. Ин ду воситаи нақлиётиро соҳибонашон ба ҳеч ваҷҳ фаҳмидан намехоҳанд, ки ҷаҳон ва миллатҳои муттамаддин дар охири асри ХХI умр ба сар мебаранд. Ва бояд мардумро, хоса мусофиронро ҳурмат намуд.

Чаро ва ба чӣ ваҳҷу кадом асос соҳибони ин маршруткаву он автобус раҳ ба раҳ аз меъёри пешбинишудаи ҷои нишаст барзиёд одам савор мекунанд? Чаро? Ва чаро дар ҳамон истгоҳи "Обшорон" то пур гардидани нишастгоҳҳо фосилаҳое аз вақтро беҳуда талофӣ мекунанд? Кӣ ба эшон чунин ҳуқуқро додааст? Ва кӣ бояд аз рӯйи ҳаракати ин хатсайрҳо назорат бубарад?!

Охир, моҳу соле, ки дар Русия будам, ба ҳеч вақту ҳол ба чунин манзараҳои шигифтангез бархӯрд накарда будам. Автобусу маршруткаҳо дар асоси реҷаи вақти муқарраргардида, новобаста аз он ки чӣ теъдод одамон дар нишастгоҳҳо ҷо гирифтаанд, ҳаракати худро зуду оҷил идома медоданд. Ва на ҳангомаву шӯре буду на ғалмағолу бонгу ниҳеб. Аммо дар роҳҳову истгоҳҳои Тоҷикистони азиз... аз қавле гӯё ҳар рӯз ягон воқеаи ҷанҷолие ё ошӯби қиёматзое рух дода бошад, доду фиғонро дучор меоӣ ва дар истгоҳи "Садбарг" дуруст аз қавли мардумӣ, "саг соҳибашро пайдо карда наметавонад".

Ва ин ҳама дар рӯзи равшан, дар дили кишвар - шаҳри Душанбе. Айб...
Ҳамакнун давоми қисса. Хатсайри 18 ба гардиши фурудгоҳ (номи рамзии истгоҳи шаҳр) расида, пас-он ба кӯчае тоб хӯрд. Кӯчаи ба номи Амир Хусрави Деҳлавӣ. Ва сар шуд "инқилоби роҳ", даҳшат, "бардорузан"... Роҳҳои ин кӯчаи дохили шаҳр ончунон ба ғори жарф табдил ёфта буданд, ки дигар аз кор кайҳо баромадаву имкони савори нақлиёт аз он убур кардан ҳеҷ маъниву моҳияте надошт. Ва бо чунин аз ҷои нишасат ҷастану боло париданҳо то ба роҳи кӯчаи дигаре баромадем.

Таваҷҷӯҳ бинмудам, ки ин кадом кӯча бошад? Дуруст, кӯчаи ба номи Нисор Муҳаммад буд. Ҳай роҳе бадтару ғариб аз роҳи кӯчаи Амир Хусрави Деҳлавӣ дошт. Як зани миёнсоле хост дар истгоҳи навбатӣ фарояд, аммо ҷаступари роҳ имконаш намедод, ки аз ҷояш боло шавад. Ва чун лаҳзае мувофиқ ёфту хестанӣ шуд, сараш ногаҳонӣ бар оҳани мустақиме, ки аз болои нишастгоҳ мегузарад, бархӯрд ва зарба сахт буд, ки як "оҳ" гуфту дафъатан андар ҷояш нишаст ва дудаста сарашро дошт ва дигар аз зӯри дард он бечора чашми хеш бикшодан наметавонист.

- Сарам "оператсия" шудагӣ буд, - бо ҳасрат шарҳ дод зан. - Ина бине, ки боз дар оҳани сабилмондаи ин мошин зад. Уф-ф... ман аз як кор ҳайрону вазифадорон беморанд, ки ин роҳҳоро таъмир кунанду обод намоянд? Номи ин роҳ боз роҳи шаҳр, шаҳри чӣ, пойтахт. Эҳ, кор намекунанд, парво надоранд, дилашон намесӯзад ба ҳоли мардум... Аз мардум шарм намедошта бошанд?!

Ва зан ғур-ғуркунон ҳанӯз як дасташ болои сар фаромад дар истгоҳ ва мо идома додем ба роҳи худ. Ин кӯчаи дигар буд, ки оғоз мешуд. Амиқан зеҳн мондам: кӯчаи ба номи академик Акобир Адҳамов. Ба дил гуфтам, ки чӣ хубе, кӯчаҳову хиёбонҳо бо номи шуарову олимон ва афроди зиёиву фарҳангӣ унвонгузорӣ шудааст. Ва аммо... Як "заминларзаи шадиде" ба зуҳур омад, ки духтараки ҳамшафатам "оҳ, очаҷон" гуфта, "ҷасту" боз дар ҷои нишасташ "афтид". Дақиқаҳое баъд тарсону ларзон дидагони хеш боз карду ба мо нигарист.

- Чӣ воқеа шуд? - рангаш парида пурсид вай. - Ягон гап...
Вай ҳоло калимоти худро ба поён нарасонида, ки як "бардорузани" сахти дигар ба амал омад. Чанд нафар бо ҷуссаҳои кӯчаку бузурги худ ба пеш хам шуда рафтанд. Мӯйсафеде даст ба гиребон бурд: "Ё Аллоҳ, тавба, тавба" гӯён аз ронанда илтимос кард, ки оҳистатар биронад "Газелл"-ро.

- Айби мо не, бобо, - фаҳмонд ронанда, ҷавонмарди тоқибасари музофотӣ. Роҳҳо ғору ғаппа, кайҳо корношоям шудагӣ. Ана чуқуриҳоро бубинед...
Ва ӯ ба самти пеш, ба вусъати роҳ ишорат кард. Ана ҳамин тавр, кӯчаи ба номи академик Адҳамов. Валек бо ин ҳама ҳикояти ғароибулвуқӯи мо намерасад ба охир. Ба ину он маршруткаҳои дигар биншаста, аз хиёбони Саъдии Шерозӣ гузаштам, ҳоли роҳҳо аз кӯчаҳои дар фавқ зикрнамуда тафовути ҷиддие надоштанд. Як вақте бо кадом хатсайре аз роҳҳои асосии пойтахт, хосатан назди корхонаи истеҳсоли ширу равған ва комбинати гӯшт гузаро шудам. Роҳҳо билкул харобу валангор. Ва ҳини сафар манзараи аҷоиби дигарро медидам.

Мошине шағалу сангреза мерехт рӯи роҳҳои мошингард ва чор-панҷ нафар коргари роҳ онро дар ғору чуқуриҳо паҳн карда, он кандагиҳои роҳро ба гунае ҳамвор менамуданд. Ва мошинҳои кӯчаку боазамат даршаст мегузаштанд аз роҳҳо ва чангу ғубор ба ҳаво бармехест ва он сангрезаву шағал бо ҳаракати мошинҳо ба чаҳор тараф парешон мешуданд. Рафиқи ҳамсафаре тавзеҳ дод, ки ин ба гуфте, як навъ таъмиру тармими роҳҳои мошингард ба ҳисоб мерафтааст. Наход? Ҳамин ба сурат масхарабозии навбатӣ? Дар асри ХХI. Айби бузург ва... нобахшиданӣ!

...Шомгоҳон аз ҳамон роҳҳо сӯйи истгоҳи "Обшорон" баргаштам. Ғизои андаки нисфирӯзӣ тановул кардаам, қариб буд аз даҳону биниям зада барояд. Дар бозгашт як манзараи ғароиби дигар дар ёдам монд. Ҳар ҷо-ҳар ҷои роҳҳои мошингард, ки чароғаки роҳнамо дида мешуд, ба ҳангоми сабз шудани ранги он садои малеҳи занонае баланд шуда, форам ба гӯш мерасид:
- Чароғак сабз шуд, марҳамат гузар!
- Чароғак сабз шуд, марҳамат гузар!
- Чароғак сабз шуд, марҳамат гузар!
Эҳ, агар роҳҳо ободу зебо ва таъмиршуда мебуданд... Эҳ, агар...

Шаҳбози НУР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)