Бахшҳо
27 апр 2012 10:54Гузориш

Маоши ҳадди ақал аз 80 ба 200 сомонӣ мерасад. Аммо аз кадом ҳисоб?

Аз 1-уми сентябри соли равон музди меҳнати омӯзгорони мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хонаинтернатҳо барои пиронсолону маъюбон 60%, соҳаи фарҳанг 50%, соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, варзиш ва дигар муассисаҳои бахши маориф 40%, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ 30 % зиёд мешавад.

Раисиҷумҳур дар паёми солонааш ба парлумон бо зикри ин нукта изҳор дошт, ки бо назардошти рушди иқтисоди мамлакат ва зиёдшавии имкониятҳои молӣ марҳилаи дуввуми зиёдшавии моҳона амалӣ мегардад ва инчунин музди меҳнати ҳадди ақал дувуним баробар афзоиш ёфта, андозаи он аз 80 сомонӣ ба 200 сомонӣ баробар мешавад. Ба ғайр аз ин ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа ба андозаи 30% боло рафта, нафақаҳои меҳнатии дар асоси собиқаи кории пурра таъингардида, ки аз 150 сомонӣ кам мебошад, ба 150 сомонӣ баробар мешавад.

Дар минтақа аз ҳама пасттарин маошу нафақа дар Тоҷикистон аст

Маврид ба зикр аст, ки аз ҳама пасттарин маоши миёна дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам ба аҳолии Тоҷикистон рост меояд. Масалан, дар Озарбойҷон маоши миёнаи аҳолӣ 440 доллар аст, дар Ӯзбакистон ин нишондиҳанда 326 долларро ташкил медиҳад. Ҳамсояи дигари дар ба девори мо- Қирғизистон бошад, маоши миёнаи ахолиро 210 доллар муайян кардааст, ки як маротиба нисбат ба маоши миёнаи аҳолии Тоҷикистон зиёдтар аст.

Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 553 ҳазор нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки қариб 380 ҳазори онҳо аз 50 то 80 сомонӣ мегиранд. Ҳамакнун, аз 1-уми сентябр бояд ҳамаи онҳо на кам аз 150 сомонӣ нафақа бигиранд. Ин дар ҳолест, ки дар мавриди пардохти нафақа низ Тоҷикистон дар миёни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравӣ дар мақоми пасттарин қарор дорад. Ба таври мисол нафақаи миёна дар Русия 250 доллар, дар Озарбойҷон $ 200, дар Қазоқистон $ 146, дар Туркманистон $ 103 ва дар Ӯзбакистон 56 доллар аст. Ҳатто дар Қирғизистоне, ки баъд аз истиқлолият ду маротиба ба кашмакашҳои дохилӣ дучор гашт, нафақаи миёна 30 доллар аст, аммо дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда аз 50 то 80 сомонӣ ё муодили 10-15 доллар мебошад. Дар сурате, ки дар Тоҷикистон пардохти андози иҷтимоӣ аз кормандон 25 % -ро ташкил медиҳад ва ин нишондод дар Қирғизистон 17 дар сад аст.  Вале ҳаҷми маош ва нафақаи қирғизҳо нисбат ба тоҷикон зиёдтар аст.

Барои зиёд кардани маош имконоти буҷа кофӣ аст?

Масъулин мегӯянд, ки давоми се соли оянда аз рӯи нақша музди меҳнати кормандони буҷетӣ солона то 40% зиёд карда мешавад. Соли 2011 ҳамчунин маоши кормандони буҷетӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ афзоиш ёфта буд ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ то 40 дар сад боло рафтани он дар назар аст. Аммо суоле матраҳ мешавад, ки маошу нафақа аз кадом ҳисоб ва имконоти молӣ зиёд мегардад? Оё зиёд кардани музди меҳнати кормандон аз ҳисоби гирифтани қарз имкон дорад?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳаҷми буҷаи давлатӣ ҳар сол афзоиш меёбад ва аз ин ҳисоб то андозае баланд кардани музди меҳнат имконпазир аст. Шамсиддин Ҳалимов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки имконоти буҷа барои то 40- 50% зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳаи иҷтимоӣ кофӣ нест, зеро дар соли 2011 ба соҳаи иҷтимоӣ 4, 3 миллиард сомонӣ (52%) аз буҷа ҷудо шуда буд. Агар 40% зиёд шавад ҳам ин рақам ба беш аз 6 миллиард мерасад ва боқимондаи маблағи буҷаи соли ҷорӣ 4 миллиард мемонад, ки ба маош ва иҷрои дигар корҳо кифоят намекунад. Вале агар барои зиёд кардани маош ҳукумат қарз гирад, ин хавфи бӯҳрони молиро дар Тоҷикистон зиёд мегардонад ва моро ба сарнавишти талхи мардуми Юнон наздик месозад. Вай гуфт, ду соли пеш ҳукумати Юнон аз ҳисоби қарз маоши кормандонро баланд кард ва ба бӯҳрон печид.

Гуфта мешавад, ки маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ соли 2011 ба 4,3 миллиард сомонӣ мерасид, ки ин ба 52, 4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷаи давлатӣ баробар мебошад. Соли 2012 барои маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ 5, 1 миллиард сомонӣ ё 50%-и ҳаҷми буҷаи давлатӣ равона гаштааст, ки танҳо 3,4 дар сади онро музди меҳнат, нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо ташкил медиҳад. Аммо дар баробари афзоиши маошу нафақа сатҳи таваррум низ боло рафт ва аз рӯи омори расмӣ то 10,5 %-ро ташкил дод. Дар ҳоле, ки ба андешаи бархе аз коршиносон сатҳи таваррум аз ин ҳам болотар буд. Зеро танҳо аз ҳисоби боло рафтани нархи сӯзишворӣ арзиши баъзе маҳсулот дар бозор то 50% зиёд шуд.

Пул танҳо ба хариди мошини роҳбар ҷудо намешавад

Раисҷумҳур дар паёми солонааш ба парлумон гуфт, дар соли 2011 ҳукумат дар назди худ вазифа гузошта буд, то давоми се соли наздик музди меҳнати кормандони иҷтимоиро ду баробар зиёд намояд. Соли гузашта дар доираи тадбиқи ин ҳадаф музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи маориф ва илмӣ-соҳавӣ 30%, илмҳои академӣ аз 100% то 3,3 баробар, фарҳангу варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиву тандурустӣ 40% ва ҳамаи намуди стипендияҳо 40% зиёд карда шуд.

«Барои идомаи ин кор ба ҳукумати малакат, Вазорати молия, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки доир ба тадбиқи чорабинии мазкур, яъне минбаъд зиёд намудани музди меҳнат ва нафақа таҳлилҳои асоснок гузаронида, якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ва роҳбарони сохтору муассисаҳои буҷетӣ дар хусуси таъмини маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ чораҳои мушаххас андешанд ва дар буҷети давлатӣ барои соли 2013 маблағҳои заруриро пешбинӣ намоянд»,-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш гирифтанд, ки маблағҳои озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллиро танҳо барои харидани мошини роҳбар ё таъмири утоқҳои корӣ истифода накунанд ва пеш аз ҳама барои маблағгузории зиёдшавии музди меҳнат равона намоянд.

Вазоратҳо кам мешаванд?

Дар ҳоле аз иҷрои барзиёди буҷа сухан меравад, ки боз буҷетро мардум пур мекунанд. Яъне, эҳтимол меравад, ки акнун ба хотири зиёд кардани маошу нафақа аз дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ андозситонӣ ҷиддитару сангинтар шавад. Аммо дар ҳамин ҳол баъзе коршиносон мегӯянд, ки имкони зиёд кардани буҷет аз дигар сарчашмаҳо мумкин аст. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён бар ин назар аст, ки агар теъдоди вазорату идораҳои нодаркор ихтисор шавад, маблағи дар он ҷо сарфмешударо метавон барои маошу нафақа тахсис дод.  

Дар бораи ихтисор кардани вазорату идораҳои давлатӣ президент низ изҳори назар кард ва гуфт, бо мақсади такмили сохтор ва кам кардани хароҷоти идоракунии давлатӣ ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати то 15% фоиз ихтисор кардани кормандони мақомоти идораи давлатӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, сохтору ҷадвали воҳидҳои кори ҳар як вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо дар назардошти пешгирӣ кардани такроршавии вазифаҳои хизматӣ то моҳи июли соли ҷорӣ ҳаматарафа таҳлил ва баррасӣ кунанд.

«Вазир кормандашро намешиносад»
Ба андешаи раисҷумҳур ҳоло дар баъзе вазорат ва дастгоҳҳои мақомоти ҳукумати вилояту шаҳрҳои калон теъдоди кормандони хизматӣ он қадар зиёд аст, ки на вазир корманди худашро мешиносад, на сохтори дурусти худашро сарфаҳм меравад, на мулоқоту вохӯрӣ мегузаронад ва на ҳисоботи сардори раёсату мудири шӯъбаро мешунавад. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла афзуд: «Дар баъзе вазоратҳо сохторҳое ҳастанд, ки вазифаҳои якдигарро такрор мекунанд. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар Кумитаи сармоягузорӣ, дар Вазорати молия ва дигар сохторҳо чунин ҳолат ба назар мерасад. Мо бояд такроршавии вазифаҳои хизматиро аз байн барем. Маблағҳои аз ин ҳисоб сарфашаванда бояд барои таъминоти иҷтимоиву ҳавасмандгардонии кормандон ва таҳкими заминаи моддиву техникии сохтору мақомоти зикршуда равона шаванд.
Ҳамчунон ҷиҳати таъмини шаффофияти сарфи маблағҳои буҷетӣ ва истифодаи дурусти захираҳои моддиву молӣ пешниҳод мегардад, ки мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Барои сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани мабалғҳои буҷетӣ ҳангоми хариди давлатӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ин самт зарур аст, ки низоми хариди электронии молу маҳсулот бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷорӣ карда шавад».

Дар идома президент қайд кард, ки агар масъулини идораву вазоратҳо содиқонаву поквиҷдонона кор кунанд ва дар оянда имкони зиёд кардани музди меҳнати омӯзгор, корманди тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ то 40-50% пайдо гардад, ба ҳадафҳои стратегии худ, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон омада мерасем.
Аммо агар дар ин муддат Русия боҷи содироти барои сӯзишвории ба Тоҷикистон вордкунандаашро боло набарад ва Ӯзбакистон молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷикро дар нимароҳи Амузангу Тирмиз аз вагонҳо берун напартояд. Дар акси ҳол боз ду 15 як 30 мешавад.  Яъне, нархи молу маҳсулот дар баробари зиёд шудани маошу нафақа афзоиш меёбад. Чунон, ки дар 20 соли гузашта чандин маврид шоҳиди он будем.  

Исфандиёр Халилӣ   
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)