«Радио ва телевизионҳои Эрон гоҳе алайҳи Отатурк ва режими Туркия барнома тавлид мекунанд. Бояд бо истифда аз имконоти расонаӣ ба онҳо ҷавоб дода шавад ва мавҷи расонаӣ ва зидди таблиғотӣ алайҳи ҳукумати исломии Эрон ва масъулини эронӣ ба роҳ андохта шавад…»
Рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта дар Анқара ва дар ҷараёни муҳокимаи генерал Чавик Бир, ҷонишини собиқи фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ба гумони анҷоми табаддулот дар соли 1997 алайҳи ҳукумати исломгарои Наҷмуддин Арбакон, нахуствазири собиқи Туркия санадҳо ва мадорике ироа шуд, ки нишон медиҳад ин генерали бонуфузи Туркия ва утоқи фикри вобаста ба ӯ, на танҳо дар Туркия, балки дар Эрон низ ба манзури нобудсозии ҳукумати исломӣ, барномаҳо ва ҳадафҳои мушаххасе дошта ва барои расидан ба ин ҳадафҳо, дорои як стратегияи равшан ва мутамарказ алайҳи ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) буда ва қасд доштаанд то бо кӯмаки нерӯҳои амрикоӣ ва исроилӣ ба ҳадафҳои худ даст пайдо кунанд.
Генерал Бир ба манзури сокит кардани ҳукумати Арбакон ва ҳамчунин ҳукумати ҶИЭ дар охирҳои соли 1996 утоқи фикри маҳрамонаеро ба номи “Гурӯҳҳои фаъолиятҳои Ғарб” ташкил додааст. Ин утоқи фикр дар оғоз ба шакли махфӣ ва ғайриқонунӣ ба вуҷуд омада ва дар даврони нахуствазирии Масъуд Элмоз барои муддати кӯтоҳе расмият ва радифи эътиборӣ ёфта ва сипас таътил шуд.
Гуфта мешавад, ки аъзо ва мудирони ин утоқи фикр дар хусуси ҷузъиёти зиндагии шаш миллион шаҳрванди туркияӣ, ки ағлаби онҳо аз қишри мазҳабӣ будаанд, маълумот гирд овардаанд.
Ва инак тарҷумаи комили бандҳои мушаххасшуда ба воситаи утоқи фикр бо номи “Гурӯҳи фаъолиятҳои Ғарб” ба хонандагон тақдим мешавад:
1. Эрон талош мекунад, то бо афзоиши миқдори содироти коло ва маҳсулоти худ ба қудрати иқтисодӣ ва сиёсии бештаре даст ёбад ва ба ҳамин манзур давраҳои омӯзишии вижа бо ҳузури иқтисоддонҳо ва коршиносони хориҷӣ баргузор менамояд. Набояд иҷоза дода шавад, ки коршиносон ва мутахассисони туркияӣ ба ин пружа бипайванданд.
2. Радио ва телевизионҳои Эрон гоҳе алайҳи Отатурк ва режими Туркия барнома тавлид мекунанд. Бояд дар Эрон ва бо истифда аз имконоти расонаӣ ба онҳо ҷавоб дода шавад ва мавҷи расонаӣ ва зидди таблиғотӣ алайҳи ҳукумати исломии Эрон ва масъулини эронӣ ба роҳ андохта шавад.
3. Бояд барои ҳама намояндагиҳо, сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва дафтарҳо ва бунёдҳои сиёсиву фарҳангии Эрон, теъдоди корманд ва нерӯи бештар маҳдуд ва иҷозаи вуруди нерӯҳои пуршумор дода нашавад.
4. Бояд бо баррасии дақиқи ҳамаи бунёдҳо, намояндагиҳо ва маконҳои вобаста ба ҳукумати Эрон дар Туркия, тартибе дода шавад то бахши маҳдуде аз нерӯҳои онҳо дар Туркия монда ва мизони қобили таваҷҷӯҳе аз онҳо аз Туркия ихроҷ шаванд.
5. Бояд ҳамаи маконҳо ва марказҳои вобаста ба Эрон, ба таври дақиқ таҳти назорати доимӣ гирифта шаванд, рафту омадҳо ва дидорҳо ва равобити онҳо зери заррабин қарор гирад ва барои маҳдудсозии онҳо тадбирҳои лозим ба кор гирифта шавад.
6. Дар Эрон гоҳ-гоҳе озору азият алайҳи кормандони сиёсии Туркия сурат гирифта ва мо низ дар Туркия бояд сари чанд вақт як бор бархӯрдҳое бо нерӯҳои онҳо дошта бошем.
7. Бояд дар мавқеъҳои хос барои ҳамаи намояндагиҳо ва бунёдҳои Эрон, маҳдудияти омаду рафт дар назар гирифта шавад ва маҳдудиятҳои ҷиддӣ бар сари роҳи онҳо қарор бигирад ва имкони монёври ҳаракатӣ аз ҳамаи коршиносон ва кормандони онҳо гирифта шавад.
8. Бояд талош шавад то дар ҷомеаи байналмиллал роҳ бар ҳимояти сиёсии дигар кишварҳо аз ҳукумати Эрон гирифта шавад.
9. Бояд дар сари роҳи рафтуомади шаҳрвандони эронӣ ба Туркия маҳдудиятҳои ҷиддӣ эҷод шавад ва иҷозаи вуруди онҳо ба Туркия вобаста ба дарёфти виза аз Туркия шавад.
10. Бояд дар мавқеи муносибе яке аз сохтмонҳои сиёсӣ ва консулгарии Эрон дар Туркия ба таври комил баста шавад.
11. Бояд ҳамаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Эрон ба таври комил маҳдуд шавад ва дар сурате, ки тааҳҳуде барои анҷоми пружа ва муомила вуҷуд дорад, анҷоми он бо ваъдаи дур ва ба оянда вогузор шавад.
12. Дар сурате, ки Эрон ба фаъолиятҳои қудратнамоёнаи худ идома диҳад, барои тағири режим ва аз байн бурдани ҳукумати феълӣ, тадбирҳои лозим ба кор гирифта шуда ва аз абзорҳои лозим истифода шавад.
Манбаъ: Рӯзномаи “Тараф”-и Туркия
Мӯҳр