Боғпарварони ноҳияи кўҳистони Ховалинг соли равон дар майдони 450-гектар боғи нав бунёд карданд.
Ҳамзамон, 18-гектар боғҳои кўҳна аз нав барқарору мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба иттилои Қодир Валиев, раиси ноҳия, то имрўз дар ҳудуди хоҷагиҳои минтақа 2-ҳазору 400-гектар боғ бунёд ёфтааст, ки ҳамагӣ дарахтони мевадиҳандаанд.
Бояд гуфт, ҳамасола садҳо тонна меваҳои боғзори навоҳии кўҳистон бо иллати набудани харидор пўсидаву барбод мераванд. Ҳукумати ноҳия тасмим гирифтааст, сар аз имсол барои деҳқонону боғпарварони ноҳия кӯмаки бевосита расонида, меваҷот ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба берун аз ноҳия интиқол диҳад. {jathumbnail off}
Мӯҳр