«Мо аз Русия ба ҷуз аз эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми истиқлолияти Тоҷикистон, ҳеч таваққуъ ё талаби дигаре надорем»
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз муносибати расонаҳои мустақили Тоҷикистон нисбат ба Русия изҳори нигаронӣ кард. Попов, ки дар нишасте бахшида ба 20-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия сӯҳбат мекард, гуфт, ки ВАО-и мустақили Тоҷикистон бештар Русияро танқид мекунанд.
Аммо Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон (МТС) аз мавқеи расонаҳои мустақили кишвар ҳимоят кард: «Албатта онҳо дуруст мекунанд. ВАО ба ин масъалаҳо сарфаҳм рафта сару кор мегирад. Онҳо қабл аз ҳама манфиатҳои миллиро ҳимоят мекунанд. Рӯзноманигорони тоҷик ҳамеша ба ҳар матлаби расонаҳои хориҷӣ, ки зидди манфиатҳои милллии Тоҷикистон аст, муносиб посух медиҳанд. Мо ҳам дар ин самт онҳоро дастгирӣ мекунем».
Муовини роҳбари МТС ҳамчунин гуфт, ки расонаҳои Русия ҳам «моҳи беайб» нестанд. Ӯ гуфт, ки ВАО-и Русия дар бораи президенти Тоҷикистон ҳар гуна туҳмату буҳтон нашр мекунад. Гӯё баъзе корҳои пинҳонӣ мекунад. «Эмомалӣ Раҳмон дуруст мегӯяд, ки вақте мо Русияро эҳтиром мекунем бояд, моро ҳам эҳтиром кунанд. Президент ҳамеша мегӯяд, ки мо ба ҳама давлатҳои дунё муносибатҳои хуб дорем, лекин Русия дар меҳвари ҳамкориҳои Тоҷикистон қарор дорад»,-афзуд Сайфулло Сафаров.
Абдулло Ҳабибов, роҳбари созмони ҷамъиятии «Дӯстони Русия» мегӯяд, русҳо набояд аз навиштаҳои расонаҳои Тоҷикистон биранҷанд: «Хушбахтона дар матбуоти мо сензура вуҷуд надорад. Ин ҳуқуқи ҳар журналист аст, ки диди худро менависад ва ба ҳар як масъала мавқеи муайян дорад. Русҳо набояд аз ин чизҳо хафа шаванд».
«Тоҷикону русҳо қабл аз Шӯравӣ ҳам дӯст буданд»
Сайфулло Сафаров, муовини директори МТС мегӯяд, Тоҷикистон ва Русия кишварҳои дӯст ҳастанд ва дӯстӣ таърихи тӯлонӣ дорад. Дӯстии тоҷикону русҳо аз замони Шӯравӣ оғоз нашудааст, балки қабл аз таъсисёбии СССР ҳам вуҷуд дошт. «Лекин ҳоло муносибатҳои мо вобаста ба шароити нав мазмуни дигар гирифта истодааст. Русия бояд истиқлолияти Тоҷиконро эҳтиром кунад ва минбаъд бо ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои миллии Тоҷикистон азм кунад. Дар ин сурат муносибатҳои мо бо Русия боз ҳам хубтару беҳтар мешавад. Мо аз Русия ба ҷуз аз эҳтироми манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми истиқлолияти Тоҷикистон, ҳеҷ таваққуъ ё талаби дигаре надорем»,-гуфт ҷаноби Сафаров.
Абдулло Ҳабибов ҳам бо ишора ба таърихи дӯстии Тоҷикистону Русия афзуд, ки ин дӯстӣ садсолаҳост, ки пой бар ҷо аст: «Баъзан нофаҳмиҳо мешавад, аммо дар маҷмӯъ муносибатҳои мо бо Русия бад нест. Қариб дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориҳои ҳасана дорем. Чизи дигар ин аст, ки қариб ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия мардикорӣ рафтаанд. Онҳо ҳам ба манфиати Тоҷикистон ва ҳам ба фоидаи Русия заҳмат мекашанд».
Вай мегӯяд, агар имрӯз аз мурдум суол шавад, ки бо кадом давлати дунё ҳамкорӣ кардан ба нафъи Тоҷикистон аст, аксарият номи Русияро мегиранд. Зеро аз дигар давлатҳо дида бо Русия наздиктаранд, русҳоро бешатару хубтар медонанду мешиносанд.
Ба қавли номбурда феълан, бахшҳои гуногуни Русияро ҷавононе роҳбарӣ мекунанд, ки дар мавриди Тоҷикистон чизи кофие намедонанд. Онҳо симои кишвари моро аз нигоҳи муҳоҷирон баҳо медиҳанд. Аз ин сабаб хело муҳим аст, ки нависандагони шинохтаи тоҷик дар Русия муаррифӣ шаванд, эҷодиёти онҳо бо забони русӣ тарҷума шавад.
Мавзӯи дигар, ки имрӯзҳо бештар сари он ҳарф зада мешавад, пойгоҳи ҳарбии Русия аст, ки русҳо мехоҳанд барои тақрибан ним асри дигар дар қаламрави Тоҷикистон мустаққар шавад. Зимнан, Абдулло Ҳабибов мегӯяд, Русия барои Тоҷикистон даркор аст ва ҳузури пойгоҳи ҳарбии Русия барои Тоҷикистон муҳим мебошад: «Вазъият дар ҷаҳон хеле ноамн аст ва мавҷудияти пойгоҳи мазкур як нишонаи амният ҳам ҳаст».
Аммо ба иддаои сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Муҳаммадазимов муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро чандон хуб нест. Ӯ мегӯяд, ин муносибатҳо дар 20 соли охир якчанд марҳиларо пушти сар кард: «Баъди баромади Дмитрий Медведев дар масъалаи халабонҳо равобити дуҷониба ҷанбаи прагматикӣ гирифт. Вале бо ин ҳам ман ба андешаи баъзе нафарон, ки мегӯянд, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия рӯ ба таназул овардааст, розӣ нестам».
Коршиносон бар ин назаранд, ки барои беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистону Русия бояд ҳар ду ҷониб ҷиддӣ талош намоянд. Дар шароити кунунӣ Тоҷикистон ба кишваре чун Русия ва Русия ба давлате чун Тоҷикистон ниёз дорад. Ин ниёзҳо ҳам дар масъалаи амниятӣ ва ҳам дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ дида мешаванд.
Ибодуллоҳи Тоир
Мӯҳр