Дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон бар асари инфиҷори минаҳо 446 нафар ҷароҳат бардошта, 360 каси дигар ба ҳалокат расидаанд.
Дар асоси санҷиши марзҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя масъулини Вазорати дифоъ ва Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо харитае тартиб додаанд. Тибқи ин харита дар Тоҷикистон 3 минтақаи хавфи минаҳо мавҷуд аст- марказӣ, сарҳади муштарак бо Афғонистон ва марз бо Ӯзбакистон. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди минтақаи хатарнок дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 8 милиону 500 ҳазор метрии мураббаъро ташкил медиҳад. Аз соли 2003 то 2011 кормандони Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо 8 милиону 100 ҳазор метрии мураббаъро аз мин поккорӣ намуда, дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон супурдаанд.
Абдуғанӣ Ваҳҳобов, подполковник ва роҳабари Гурӯҳи башардустонаи безараргардонии назди вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар марз бо Афғонистон бар асари инфиҷори минаҳо 446 нафар ҷароҳат бардошта, 360 каси дигар ба ҳалокат расидаанд. Гурӯҳи мазкур бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Барои ҳарчи зудтар безарар гардонидани марзи Тоҷикистону Афғонистон аз минаҳо САҲА бо маблағи сафорати Амрико дар Тоҷ
икистон мошинаи техникӣ -Mini Mine Wolf –ро ба Гурӯҳи башардӯстонаи безараргардонии назди вазорати дифои Тоҷикистон тақдим намуд. Маросими тақдими мошини мазкур дирӯз, 19-уми апрел дар қисмати муҳандисии вазорати дифоъ оид ба минаҳо баргузор шуд.
Муовини вазири дифои Тоҷикистон генерал майор Грудина Вячаслав, сафири Амрико дар Тоҷикистон Кен Гросс, муовини раҳбари САҲА Клаус Расмуссен ва аташеи ҳарбии нерӯҳои ҳавойии Амрико подполковник Ҷеймс Маккенд дар чорабинии мазкур ширкат доштанд. Кен Гросс зимни суханрониаш гуфт, ки мошинаи техникии Mini mine Wolf-ро Вашингтон дар ҳамкорӣ бо САҲА дар асоси фаъолияти башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон тақдим кардааст. Мошини мазкур ҳангоми фаъолият минаҳои зидди нафар ва танкиро пайдо ва безарар мегардонад.
Абдуғанӣ Ваҳоббов мегӯяд, ки мутобиқи супориши Маркази минаи Тоҷикистон мошини мазкур соли 2013 дар минтақаи ноҳияи Панҷ, марзи Тоҷикистону Афғонистон ба кор оғоз мекунад. Mini mine Wolf дар як шабонарӯз 6 соат фаъолият карда, дар як лаҳза 2 метру 60 см заминро аз мина пок месозад. Аммо дар шароити Тоҷикистон бо чунин паҳноӣ фаъолият кардани Mini mine Wolf аз имкон берун аст. Зеро 93 марзи Тоҷикистону Афғонистонг қитъаи ноҳамвор мебошад. Mini mine Wolf –ро масъулин метавонанд тавассути дастгоҳи рақамӣ аз ҳазор метр дуртар идора намоянд.
Абдуғанӣ Ваҳоббов мегӯяд, ки марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар солҳои 90-ум, замони ҷанги шаҳрвандӣ минагузорӣ шудаанд. Имрӯз ҳар мина то 40 см ба замин фурӯ рафтааст ва мутахассисон онро дар се марҳила пок хоҳанд кард. Дар марҳилаи аввал Mini Mine Wolf, ки фосила миёни дандонаҳояш то 4 см аст, дар минтақаи хатарнок фаъол шуда, дар ҳолати пайдо кардан минаҳои зиди нафариву танкиро дар як лаҳза безарар мегардонад. Мошини мазкур то чуқурии 25 см метавонад минаро безарар гардонад. Дар марҳилаи дуввум минарубон бо дастгоҳи дастӣ минтақаро тафтиш карда, боқимондаи минаҳо ва ё дигар маводи мунфаҷираро безарар мегардонанд. Дар ниҳоят мутахассисони Маркази Тоҷикистон оид ба мина минтақаро санҷида, онро дар ихтиёри ҳукумати кишвар хоҳад супурд.
Роҳабари гурӯҳи башардустонаи безараргардонии назди вазорати дифои Тоҷикистон –Абдуғанӣ Ваҳоббов мегӯяд, ки дар марказ 16 нафар минҷу фаъолият дошта, ҳамаи онҳо бо либоси махсуси муҳофизатӣ, сарпӯш ва дастгоҳи минапоксоз таъмин ҳастанд. Мутахассисон давраҳои омӯзишии махсусро дар назди САҲА хатм кардаанд. Фаъолияти мазкур хатарнок буда, ҳамасола мутахассисони Гурӯҳи башардӯстонаи безараргардонии назди вазорати дифоъ низ қурбони минаҳо мешаванд. Моҳи марти соли равон як прапоршик ҳангоми безарар гардонии мина вафот кард. Ба иттилои номбурда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон маъмулан минаҳои зиди нафарӣ ва танки сохти Русия ва Эрон пайдо ва безарар карда мешаванд.
Бояд гуфт, мошинаи минапоккунии Mini Mine Wolf 1 миллион доллар арзиш дошта, феълан дар Афғонистон ва дигар кишварҳои хатарнок аз мина истифода мешавад.
Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр