Сафорати ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти босамараш дар самти мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон изҳори ташаккур кард.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии сафорати мазкур дар Душанбе иттилоъ доданд, рӯзи гузашта котиби департаменти давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон гузориши ахири ин ниҳодро оид ба хариду фурӯши одамон барои соли 2011ирсол намуд. Ҳадаф аз ин гузориши солона ҳидоят намудан ба амалиёт ва созмон додани шарикиҳо дар саросари ҷаҳон ҷиҳати мубориза алайҳи ин шакли ғуломдории муосир аст. Зимни ин баёния аз ҷумла омадааст, « он таҳлили муфассали ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар 177 кишвар, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таъмин мекунад ва барои таҳкими муборизаи умумии мо алайҳи ин падидаи номатлуби глобалӣ тавсияҳоро пешниҳод мекунад.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, ҳукумати Тоҷикистон таъқиби қонунии қочоқчиёни инсонро афзоиш дод, маъракаҳои таблиғотиро барои огоҳонии аҳолӣ дар бораи хавфҳои ба хариду фурӯш гирифторшавӣ васеътар намуд ва бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ муборизаро алайҳи истифодаи меҳнати иҷборӣ дар маъракаи пахтачинӣ ҳамоҳанг сохт. Он инчунин бо созмонҳои ғайриҳукуматие, ки ба ин кӯшишҳо саҳми муҳим гузоштанд, шарикиро густариш дод. Барои эътирофи кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон оиди мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон дар давоми соли гузашта, Идораи Глобалии Департаменти давлатӣ оид ба мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон Тоҷикистонро аз "Рӯйхати назоратии Гузориш оид ба хариду фурӯши одамон" хориҷ намуд. Акнун Тоҷикистон дар "Сатҳи 2" ҷой гирифтааст, ки ин нисбат ба меъёрбандии соли гузашта пешравии назаррасе мебошад .
Гузориши муфассалро дар ин бора аз сомонаи интернетии Департаменти давлатӣ https://www.state.gov/g/tip/rls/tiprpt/2011/index.htm пайдо кардан мумкин аст.{jathumbnail off}
Мӯҳр