Бар асари як таркиш дар деҳаи «Маданият»-и ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар ду ронанда ҷони худро аз даст доданд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Рӯзи 25-уми июни соли равон ронандаи автамашинаи «ДАЕВО СИЕЛА» Одилҷон Меҳмонови 39-сола, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳангоми пур кардани балони газ дар нуқтаи фурӯши газ воқеъ дар ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Бохтар таркиш ба амал меояд, ки дар натиҷа Одилҷон Меҳмонов, ки дар назди автомашина меистод аз зарбаи сахти таркиш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ронандаи дигар Сафар Назаров аз зарбаи таркиш ҷароҳати вазнини ҷисмони бардошта дар беморхона ба ҳалокат мерасад.{jathumbnail off}
Мӯҳр