Аксари бузургсолон шикоят мекунанд, ки насли наврас одоб ва тарбияи хуб надорад. Дашномҳои болохонадор ва таҳқири ҳамдигар гӯйё як чизи маъмулии рӯзгори онҳо шудааст. Чизи дигари ташвишовар он аст, ки орзӯи асосии бештарини наврасон ба Русия мардикорӣ рафтан мебошад. Яъне, муҳоҷирон идеали насли ҷавони мо гаштаанд.Роҳи раҳоӣ аз ин мушкил чӣ аст? Барои тарбияи насли солим чӣ бояд кард? Дар робита бо Азизи Азиз, адиб, нависанда ва рӯзноманигори бачаҳо сӯҳбате доштем, ки фишурдаи он пешниҳоди хонандаи арҷманд мегардад.
Озодагон: Шумо ба вазъи имрӯзи журналистикаи бачагона чӣ гуна баҳо медиҳед?
Азизи Азиз: Дар Тоҷикистон рӯзноманигороне ҳастанд, ки барои кӯдакон менависанд ва воқеан хуб ҳам менависанд. Инҳо аслан рӯзноманигороне ҳастанд, ки дар замони Шӯравӣ дар матбуоти бачагона, дар маҷаллаҳои «Машъал», «Чашма» ва «Пионерии Тоҷикистон» кор мекарданд. Мактаби журналистикаи шӯравиро хуб хонда буданд, хуб кор мекарданд. Гумон мекунам ба дараҷаи шавқу завқе, ки мо дар овони мактабхонӣ ба матбуоти бачагона доштем, имрӯз бачаҳо чунин шавқу завқ надоранд. Ҳарчанд, ки имрӯз имкониятҳо хеле зиёданд, яъне роҳҳои хондани рӯзномаву маҷаллаҳо тавассути интернет осон гаштааст. Бо вуҷуд, ман ба журналистикаи бачагонаи имрӯз баҳои миёна медиҳам, баҳои бад доданӣ нестам, зеро ду се рӯзномаҳои хуб вуҷуд доранд. Аммо баҳои мусбат дода наметавонам, зеро матбуоти бачагонаи мо аз замона хеле қафо мондааст.
Озодагон: Сабаби баҳои миёна додани шумо ба журналистикаи бачагона дар чист?
Азизи Азиз: Аввал ин ки дар Тоҷикистон мактаби ҳақиқии журналистикаи бачагона вуҷуд надорад. Ба ин маъно ки дар ягон ҷо, дар ягон мактаб шогирдро «Ту фардо рӯзноманигори бачаҳо мешавӣ!» - гуфта таълим намедиҳанд. Яъне мо журналисти бачаҳоро надорем. Дуюмаш, журналистоне, ки барои бачаҳо менависанд, ангуштшуморанд. Сеюм, мисли он ки қурбоққа ҳам баробари асп по бардоштааст, ки ба пои ман ҳам наъл занед, ҳафтод фисади кормандони журналистикаи бачагона аз табиати бача, яъне хонандаи мактаб умуман огоҳ нестанд. Чорум ин ки ягон вазорат ё кумита ё ташкилоти дигар ҷиддӣ бо журналистикаи бачагона сару кор намегиранд, машғул нестанд. Ҳатто Иттифоқи журналистони Тоҷикистон шӯъбаи журналистикаи бачагона надорад, ҳол он ки зиёда аз ду миллион кӯдак дорем ва нисфи зиёдаш рӯзномаву маҷалла хонда метавонад ё бояд хонад.
Озодагон: Чаро вазъи матбуоти бачагона дар Тоҷикистон вазнин аст?
Азизи Азиз: Сабаби бисёр бад будани аҳволи журналистикаи бачагона, ҳатто набудани журналистоне ки барои бачаҳо менависанд, дар он аст, ки дар Тоҷикистон воқеан кӯдак бисёр аст. Ҳар чизе ки бисёр шуд, беқадр мешавад. Масалан дар Ғарб ё дар Русия аллакай бонги хатар мезананд, ки нуфузи аҳолӣ кам мешавад, сабабаш он аст, ки кӯдакон кам таввалуд мешаванд. Аз ин сабаб ба модару кӯдак хеле ғамхорӣ мекунанд. Дар мо замину замон пур аз кӯдак шудааст, барои ҳамин қадр надорад. Агар дар Тоҷикистон ҳам дар ҳар оилаи 1 ё 2 кӯдак мебуд, он вақт шояд ба қадри кӯдак мерасидему журналистикаи бачагона ҳам ба ягон пешравӣ ноил мешуд.
Сабаби дигар ҳамин аст, ки мактабҳои мо хеле заифанд, он қадар сустанд, ки ба бачаҳо фақт хондану навиштанро ёд медиҳанд. Албатта, шумо шояд гӯед, ки ҳастанд-ку донишҷӯёне ки дар хориҷу инҷову онҷо таҳсил мекунанд. Онҳо литсейҳои хусусӣ ё литсейҳои хуби давлатӣ ё хориҷиро хатм намудаанд. Аз мактабҳои умумӣ баъзан, аҳён аҳён босаводон «мебароянд».
Мактаб ҳамон вақт мактаб ном мегирад, ки дар бача шавқу ҳаваси хонданро бедор кунад. Яъне бесаводии кӯдакон аз бесаводии муаллимон аст. Мо бисёр вақт аз ҳад зиёд худро таъриф мекунем. Омӯзгорони мактабҳои мо хеле бесаводанд. Дар як мактаб дидам, ки муаллимае, ки зиёда аз сӣ сол дарс гуфтааст, дар навиштани болои як дафтари шогирдаш шаш хато содир кардааст.
Як сабаби дигар он аст, ки ба журналистикаи бачагона, ҳукумати Тоҷикистон кам эътибор медиҳад. Бояд рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона бештар аз тарафи ҳукумат ташкил шавад. Ё агар шахсони воқеӣ рӯзномаву маҷалла ташкил кунанд, ҳукумат ба онҳо кӯмаки молӣ накунад, ҳам дастгирӣ намояд. Чунки таълим ва тарбия хусусияти иҷборӣ дорад. Агар як шахси калонсол дар дасташ як сомонӣ бошад, вай одами бомаърифату босавод бошад, кӯшиш мекунад, ки ба як сомонӣ ягон рӯзнома харидорӣ кунад. Лекин беҳтарин хонандаи босаводи мактаб (дар тамоми дунё ҳамин тавр аст), вақте дар дасташ як сомонӣ дорад, меравад яхмос мехарад. Ин айби вай нест, табиати кӯдак ҳамин хел аст. Ҳукумат бояд маҷбур кунад, ки бачаҳо ба нашрияҳо обуна шаванд. Ва агар обуна нашаванд, ҳукумат чорае андешад, ки рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона ба дасти онҳо бирасад. Азбаски чунин нест, бисёр сарварони мактабҳо матбуоти бачагонаро ба мактабҳо роҳ намедиҳанд.
Дуруст, ки вазорати маориф барои дастрасии рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона ба мактабҳо баъзе чораҳо меандешад. Бе мактуби вазир ягон бача ё сарварони мактабҳо наметавонанд, ки рӯзномаву маҷаллаҳоро бигиранд ё обуна шаванд. Мутаасифона, аз Вазорати маориф онҳое мактуб мегиранд, ки рӯзномаҳои онҳо ба як тангаи сиёҳ намеарзанд. Баъзе рӯзномаву маҷаллаҳое ҳастанд, ки аз ҷониби шахсони аз табиати кӯдак бехабар таҳия мешаванд, инҳо кӯдакшинос нестанд, ба қавле, чизи бачахӯрак тайёр карда наметавонанд. Аз ҷониби чунин ашхос рӯзномаву маҷаллаҳо таъсис дода мешаванд, онҳо ба ҳадде сустанд, ки баъзан нафратовар мешаванд. Масалан, рӯзномаеро дидам, ки дар Суғд чоп мешавад, дидам, ки як расми бача баробари ними саҳифа чоп шудааст. Пас, ноширу муассису муҳаррир алифбои журналистикаи бачагонаро намедонанд. Аз ин ба кӯдак чӣ фоида? Ҳатто сарлавҳаи худи мақола бояд ба андозаи худи мақола мувофиқат кунад. Саҳифабандон ва ё сармуҳарирон намедонанд, ки маҷаллаву рӯзномаҳои бачагона чӣ тавр омода мешаванд. Дар кадом рӯзномаи бачагона як таъзия ҳам чоп шуда буд.
Озодагон: Пас чӣ кор кардан зарур аст, ки журналистикаи бачагона рушд кунад? Азизи Азиз: Ба ин савол якчанд таклифҳо пешниҳод кардан мумкин аст (аз таклиф кардан шарм медорам) ҳарчанд бовар надорам, ки таклифи натанҳо ман, балки дигарон низ қабул шаваду ҷомаи амал пӯшад. Масалан, як конфронс ё маҷлисе назди ҳукумат ё факултети журналистика доир намуда, масъалаи журналистикаи бачагонаро мавриди баррасӣ қарор додан мумкин аст. Дуюм, дар факултети журналистика шӯъбаи журналистикаи бачагона таъсис дода шавад. Сеюм, дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон низ шӯъбаи матбуоти бачаҳо таъсис шавад...
Фаромӯш набояд, кард, ки дар Тоҷикистон зиёда аз ду миллион кӯдак мавҷуд аст. Аз чор як ҳиссаи аҳолии Тоҷикистонро бачаҳо ташкил медиҳанд. Ин қадар мардумро бе рӯзномаву маҷалла гузоштан хуб нест.
Озодагон: Худи шумо якчанд муддат дар факултети журналистика дарс гуфтаед. Чаро ин дарс доимӣ нашуд?
Азизи Азиз: Воқеан, бо таклифи устод Сангин Гулов ва бо кӯшишу талошҳои мудири кафедраи матбуот Мурод Муродӣ дар факултети журналистика барои дониишҷӯйёни соли сеюм дарси журналистикаи бачагона ташкил шуда буд. Ва ман даъват шудам, хурсанд ҳам будам. Дар ёд надорам соли 2001 буд ё 2002. Ман ду моҳ дарс гуфтам. Донишҷӯён шонздаҳ нафар буданд. Дар дили бачаҳо нисбат ба журналистикаи бачагона меҳр ва шавқро пай набурдам. Умуман, ман то ҳол хабар надорам, ки донишҷӯйён имрӯз шавқу завқи омӯхтан доранд ё не. Он солҳо донишҷӯйён намехонданд, билкул бесавод буданд. Ба ҳоли зори устодони донишгоҳ раҳми зорам омад. Ду нафар аз онҳо, донишҷӯйёне, ки аз ҳамон гурӯҳ буданду андак савод доштанд, ба журналистикаи бачагона рағбат надоштанд. Ман дидам, ки кӯшишам беҳуда аст, аз кор рафтам. Табиатам чунин аст, ки ба хоҳишмандон дарс медиҳам. Наметавонам, ки аз як ё ду се донишҷӯй журналисти бачагона созам. Метавонам, ки ба онҳое, ки хоҳиши журналист шудан доранд, кӯмак кунам, ба онҳо роҳ нишон диҳам.
Чанд маротиба ба наздам таҷрибаомӯзон омада буданд. Бо онҳо ҳамсӯҳбат шудам ва дидам, ки ноилоҷ омадаанд. Донишҷӯён мехоҳанд дар рӯзномаҳое таҷриба омӯзанд, ки онҳоро зуд машҳур мекунанд. Дар матбуоти бачагона машҳур шудан хеле душвор аст ва ё умуман машҳур шудан номумкин аст. Агар машҳур ҳам шавӣ туро танҳо кӯдакон мешиносанд, аз он ки кӯдакон туро мешиносанд, чӣ «фоида»?! Аз ин нафси ту, ба қавле, «эго»-и ту об намехӯрад. Инсон мехоҳад, ки вайро ҳама шиносанд ва ҳама аз ӯ дар ҳайрату тааҷҷуб бошанд. Дар ҷавонӣ ин хоҳиш басо зӯр аст. Албатта, ягон донишҷӯ ба ин гап розӣ намешавад. Ин мисли он аст, ки дар ҷавонӣ ишқ ҳасту қадри ишқ нест…
Ман дар бештарини таҷрибаомӯзон инро дидам, дарк кардам, ки онҳо шӯҳрат мехоҳанд. Ба ғайр аз ин барои бачаҳо навиштан хеле душвор аст. Бояд, ки ба таҷрибаомӯзон чӣ тавр кӯдакона навиштанро омӯзонем. Ман гуфтаниям, ки гумон аст, донишҷӯе, ки шавқ надорад, яъне барои кӯдакон навиштан намехоҳад, чизе омӯзад. Ба вай сухан гуфтану фаҳмондан душвор аст. Бисёр кормандони рӯзномаҳои бачагона ҳам инро намефаҳманд. Аз ин сабаб барномаҳои Шабакаи телевизонии «Баҳористон» суст аст. Баъзе журналистоне, ки барои бачаҳо менависанд, чӣ тавр барои кӯдакон навиштанро намефаҳманд, ҳол он ки онҳо рӯзномаро барои кӯдакон чоп мекунанд. Рӯзномаи бачаҳо бояд, ранга бошад ва нисфи нашрия бояд расм бошад, то матнро комил кунад, то бачаҳо рӯзномаро дӯст доранду хонда фаҳманд. Мутаассифона дар мо чунин нест.
Сӯҳбати Фазлиддини Азимиён
Мӯҳр