Абдулло Ҳабибов, генерали мустаъфӣ
Пӯшидани дар ба рӯи ҳамсоя ба манфиати ягон ҳамсоякишвар нест. Сарфи назар аз он ки муносибати Тоҷикистону Ӯзбакистон гоҳо сард мешавад, лекин бояд кӯшиш кард то бо ҳамсоя муносибати хуб ба роҳ монда шавад. Муносибати Ӯзбакистону Тоҷикистон, ки мардуми он асрҳо зиндагии муштарак доштанд, ҳамеша ба хубӣ хотима меёфт ва имрӯз ҳам чӣ ҷониби Тоҷикистон ва чӣ ҷониби Ӯзбакистон бояд сари мизи гуфтугӯ нишинанд ва ҳамдигараҳмӣ кунанд. Як мақоли халқӣ ҳаст, ки "агар кӯҳ назди Муҳаммад наояд, бояд Муҳаммад назди кӯҳ равад". Сарфи назар аз он ки кӣ назди кӣ меояд, бояд барои гуфтушунид аз худ ташаббус нишон диҳем. Тамоми воситаҳоро бояд истифода барем. Аз кӯмаки одамони бонуфузе, ки дар ҳар ду кишвар зиндагӣ мекунанд ва аз шахсиятҳои эътирофшуда дар байни мардуми ҳар ду миллат метавонем истифода кунем, ки нофаҳмиҳои ба вуҷудомада аз байн равад. Бе ягон миёнарави бегона бояд муносибати худро дуруст кунем. Зеро дунё бидуни душману бадхоҳ буда наметавонад ва ҳастанд қувваҳое, ки ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам ҷониби Ӯзбакистонро таҳрик медиҳанд то зиддият бештар гардад. Агар сари вақт чораҷӯӣ накунем, оқибаташ метавонад нохайр бошад.Муносибати хубро ба роҳ мондан ба манфиати миллату давлати мо низ ҳаст. Черчил гуфта буд, ки агар даркор бошад ба хотири манфиати миллати инглис ман ҳозирам дар як рӯз ҳафт бор ақидаамро иваз кунам. Бинобар ин манфитати давлату миллат бояд аз ҳама боло бошад. Муносибату манфиати шахсӣ ин ҷо бояд дар канор монад. Дар Шарқ аз ҳама дипломатияи мардумӣ пурқувват буд. Мутаассифона, вақтҳои ахир аз дипломатияи мардумӣ умуман истифода намебарем. Вақти он расидааст, ки зиёиёни мо хомӯш нанишинанд. Бояд беҳтарин олимону санъаткорони Тоҷикистонро, ки ҳам дар Ӯзбакистон ва ҳам дар Тоҷикистон эътироф шудаанд ба кишвари ҳамсоя равон карда шаванд. Баъдан як намояндаи боэътимоди президент шахсе интихоб гардад, ки ӯро дар Осиёи Марказӣ шиносанд ва дар чунин мавридҳо вай рафта сӯҳбатҳои маҳрамона гузаронад ва ҷонибҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ водор созад. Чунин одамони бообрӯву баэътибор дар ҷумҳурӣ пайдо мешаванд. Мардум бояд эҳсос кунад, ки зиёиён нерӯи бузурге дар ҷомеа ҳастанд ва Тоҷикистон аз як нафар иборат нест.
Фаррух Умаров, коршиноси масоили сиёсӣ
Муносибатҳои сарде, ки ба вуҷуд омадааст ба субъектҳои иқтисодии ду кишвар рабт дорад. Ба наздикӣ тавассути ширкати "Ӯзбектрансгаз" интиқоли газ қатъ карда шуд. Аммо жрналистон ғавғо бардоштанд, ки қатъи газ ба муносибатҳои раҳбарони ду кишвар вобастагӣ дорад. Дар айни ҳол худи ширкати "Ӯзбектрансгаз" гуфт, ки мувофиқи қарордод то моҳи апрел дар ҳаҷми 45 млн. метри мукааб газ интиқол дод. Мувофиқи банди дуввуми ин созишнома бояд корхонаи "Талко" маблағи газро пардохт кунад, ки ҷамъан 200 метри мукааб газро ташкил мекунад. Дар ин байн сухангӯи корхонаи "Талко" ҳам ин нуктаро зикр кард. Вале мутаасифона, ба хотири ноогоҳии рӯзноманигорон ва ё пайдоиши нофаҳмиҳо байни субъектҳои иқтисодии ду кишвар, ки дар заминаи тиҷорат ба вуҷуд омадааст, чунин фазосозиҳое пайдо шудааст. Расонаҳои русӣ ба хотири манфиатҷӯии давлати худ аз эҳтимоли сар задани ҷанг байни Тоҷикистону Ӯзбакистон менависанд. Дар кишвари мо пойгоҳи низомии Русия воқеъ буд ва чун то соли 2016 нерӯҳои "НАТО" аз Афғонистон хориҷ мегарданд, ингуна овозаҳоро паҳн мекунанд. Ин ду омил метавонанд Тоҷикистонро ба бесуботӣ бикашонанд ва барои ҳамин Русия мехоҳад бо истифода аз ин фазосозиҳо мавқеи худро дар Осиёи Марказӣ мустаҳкамтар гардонад. Аммо ба назари ман мушкилоти пайдо шуда ба субъектҳои иқтисодии ду кишвар ва рӯзноманигорон марбут мешавад. Дар байни мардуми ду кишвар, ки дар канори якдигар зиндагӣ мекунанд, то ҳол мавориди низоъу даргирӣ ба сабт нарасидааст, ки боиси ҷанг шавад. Ҳеч парвандаи ҷиноие дар хусуси даргирии тарафайн ё поймолшавии ҳуқуқи онҳо ва ё сар задани ҷиноят аз тарафи онҳо ошкор нагардидааст, на дар Ӯзбакистон ва на дар Тоҷикистон. Ҳар мушкиле, ки байни ду кишвар пеш меояд, бештар сабабҳои иқтисодӣ дорад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Ӯзбакистону Тоҷикистон манфиатдори ҷанг нестанд ва ин як навъ ҷанги равонист, ки аз ду тараф бурда мешавад. Махсусан аз тарафи кишвари ҳамсоя ин ҷанги равонӣ бештар ба назар мерасад. Ин як ҷанги иқтисодӣ ҳам ҳаст, ки ба ҷанги гарм кашонида нахоҳад шуд.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ
Шакке нест, ки бархе аз қудратҳо ҳассос шудани муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбакистонро фурсати муносиб барои таъмини манфиатҳои худ дар минтақа медонанд. Аз ин рӯ алоқаманди бузург ҷилва додани хатари ба миён омадани ҷангу даргирӣ миёни ду кишвар мебошанд. Аз ҷумла, Маскав ба он умед мебандад, ки аз роҳи басиҷу сафарбар кардани расонаҳои худ дар ин замина афкори умумии кишварҳои минтақа ва махсусан Тоҷикистонро ба ин тарз шакл диҳад, ки бе ёрии он кори мо ба ҳеч куҷо намерасад. Аммо асли ҳадаф имтиёз гирифтан аст, на кӯмак ба ҳалли мушкилоти ба миён омада дар равобити Душанбеву Тошканд. Маскав чӣ имтиёзҳоеро дар назар дорад, ҳама бисёр хуб медонем, махсусан вақте масъалаи тамдиди қарордоди ҳузури пойгоҳи низомии Русия бо интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ҳамзамон меояд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳатто бо вуҷуди додани ҳар гуна имтиёз ҳам вазъи мо ба сурати асосӣ тағйир нахоҳад кард, зеро қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ ва аз ҷумла Русия, ба дунболи аҳдофи калони стратегии худ дар Осиёи Марказӣ мебошанд, ки ин амр бидуни доштани муносибатҳои хуб бо ӯзбакистон муяссар нахоҳад буд. Аз ин ҷост, ки ҳатто эҳтимоли дар тарафи Тоҷикистон қарор гирифтани Русияро метавон сирфан як ҳаракати тактикӣ донист. Бо вуҷуди бузург ҷилва додани хатари ба ҷони ҳам афтодани Тоҷикистону Ӯзбакистон, мутмаинам, ки ҳаргиз чунин иттифоқе нахоҳад афтод. Пеш аз ҳама чунин иқдом суботи нисбии ин кишвари ҳамсояро ба далоили бисёр зиёди дохиливу минтақаӣ барои тӯлонимуддат ба оғӯши ҳарҷу марҷи сиёсиву амниятӣ хоҳад андохт, ки ислоҳи он шояд дар тавони мудирияти мавҷуди Ӯзбакистон набошад. Бинобар ин дар чунин шароит набояд мардум ва махсусан расонаҳои мо худро дар масире қарор диҳанд, ки пеш рафтан дар он ба маънои иҷрои бозиест, ки аз қабл тарроҳӣ кардаанд. Ҳунари аслӣ дар он аст, ки аз ин марҳалаи сахти муҳосираи иқтисодии Ӯзбакистон ва ҳамсӯии эълоннашудаи Русия бо он чӣ гуна берун меоем ва оё метавонем аз ин таҳдид барои худ фурсат ва имконияти натанҳо ҳифзи бақо, балки рушди иқтисодиву иҷтимоиро низ фароҳам кунем? Албатта, посухи мусбати ин пурсиш қабл аз ҳама ба тавон ва қобилияти масъулини кишвар бармегардад.
Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир гуфтушунид миёни мақомоти Тоҷикистону Ӯзбакистон ба охир нарасидааст ва ҳар ду ҷониб ҳам ҳанӯз дари гуфтугуро маҳкам напӯшидаанд, аз ин рӯ ҳоло имконияти ҳалли мусолиҳатомези масъала вуҷуд дорад. Бинобар ин ман хатари ба вуҷуд омадани ҷангро эҳсос намекунам. Ҳарчанд дар назарияи сиёсатшиносӣ муносибатҳо тезу тунд бошанд эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҷанг ҳаст, вале дар муносибати ӯзбакистону Тоҷикистон боварӣ надорам, ки Тошканду Душанбе ин роҳро интихоб кунанд. Интихоби ҷанг на ба манфиати миллии Тоҷикистон аст ва на Ӯзбакистон. Аз ин хотир ҷонибҳо кӯшиш мекунанд, то кор ба ҷанг кашида нашавад.
Абдуфаттоҳ Воҳидов, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Фазосозиҳо дар хусуси сар задании ҷанг байни Тоҷикистону Ӯзбакистон кори Русия аст. Мардуми Тоҷикистону Ӯзбакистон аз нигоҳи фарҳангу дин ва суннатҳо бо якдигар муштаракоти зиёде доранду онҳоро аз ҳамдигар ҷудо карда намешавад. Барои ҳамин Русия мехоҳад байни ин ду давлат ҷанг андохта манфиати худро соҳиб гардад. Ин аз Русия вобаста аст. Аз ин рӯ, муносибати байни ТоҷикистонуӮзбакистон сард шуда наметавонад. Дар ҳолате ин муносибатҳо сард мегардад, ки Русия нахоҳад. Мо бояд дуруст фикр кунему дар муносибат бо ӯзбакистон, ки ҳамсояи наздики мост, ба дурустӣ рафтор кунему бояд мувозиб бошем то ба овозаҳову сарусадоҳои расонаҳои русӣ гирифтор нашавем. Инҳо ҳама ҳилаи "бародари бузург" аст, ки мехоҳад дар Осиёи Марказӣ ҷанг андохта ҳукумати русии худро густариш диҳад. Умуман фикр намекунам, ки дар байни Тоҷикистону Ӯзбакистон муносибати баде вуҷуд дошта бошад. Дар ин ҷо русҳо мехоҳанд байни ин ду кишвар ҷанг андозанд то ба ин восита ба манфиатҳои худ бирасанд. Русҳо ба Ӯзбакистон супориш медиҳанд то нагузорад, ки Тоҷикистон Роғунро созад. Ин ҳам дар ҳолест, ки тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ медонанд, ки сохтани Роғун ба манфиати ҳама аст. Агар Роғун сохта шавад ҳам русҳо мехоҳанд то ба манфиати онҳо бошад. Онҳо чун мехоҳанд, ки корхонаҳои бузурги Тоҷикистонро аз худ кунанд, моил ба эҷоди ошӯб байни ин ду кишвар ҳастанд. Русия наметавонад байни Тоҷикистону Ӯзбакистон ҷанг андозад. Зеро 90% тоҷикон дар ӯзбакистон ва 90 фоизи ӯзбакон дар Тоҷикистон хеш доранд. Мардуми ин ду кишвар ҳозир намешаванд то бо якдигар ҷанг кунанд.
Мӯсо Асозода, сиёсатшинос
Расонаҳои хабарии алоҳида, аз ҷумла расонаҳои Русия таҳлилҳои худро пешниҳод мекунанд ва аз нигоҳи ман байни ӯзбакистону Тоҷикистон ҳеч эҳтимоли ҷанг феълан вуҷуд надорад. Лекин раванде авҷ гирифта истодааст, ки метавонад омили он гардад, ки муносиботи байни ин ду ҳамсоякишварро муташаннич созад. Вале ба фикри ман миёни мо ҷанг набуд ва буда ҳам наметавонад. Зеро мо мардуми сулҳҷӯем ва хоҳони ба таври гуфтушуниди дипломатӣ ҳал кардани проблемаҳои ба вуҷудомада ҳастем. Ӯзбакистону Тоҷикистон манфиатҳои глобалии худро доранд, ки кишварҳои алоҳида мехоҳанд байни онҳо зиддият ба вуҷуд оранд. Мушкилоти иқтисодӣ бояд бо роҳи мусолиҳатомез ҳалли худро ёбанд ва ҷанг наметавонад роҳи ҳал бошад.
Ӯ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |