Дастрас намудани 111 нусхаи электронии аввалин рӯзномаи тоҷикиро номбурда нахустин дастоварди китобхонаи миллӣ унвон кард: «Нусхаҳои ин рӯзнома дар бойгониҳои кишварҳои дигар мавҷуд буд ва муҳаққиқони мо маҷбур буданд, ки дар сурати зарурӣ барои истифода намудан ба он давлатҳо сафар кунанд».
Гуфтанист, 72 нусхаи «Бухорои шариф»-ро аз Пажӯҳишгоҳи шаҳри Амстердами Ҳоланд ба китобхонаи миллӣ овардаанд. Ин кор бо мусоидат ва муроҷиати Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва тавассути Вазорати умури хориҷии кишвар имконпазир шудааст. 30 нусхаи дигари аввалин ҷаридаи сирф тоҷикӣ бошад, бо талоши муҳаққиқ Абдулхолиқи Набавӣ аз китобхонаи миллии Ӯзбакистон ва Осирхонаи шаҳри Бухоро ворид кардаанд.
Нӯъмонҷон Ғафоров, номзади илми таърих, докторанти факултаи филалогияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нашри «Бухорои шариф»-ро дар таъриху тамаддуни тоҷикон ҳодисаи басо муҳим ва падидаи бузург номида гуфт, ки он дар таърихи халқи тоҷик саҳифаи бузурги фарҳангиро боз кард. «Мутаасифона нусхаҳои рӯзномаи «Бухорои шариф» то имрӯз дар ниҳодҳои илмии Тоҷикистон мавҷуд набуд. Онҳо дар марказҳои фарҳангиву илмии ҷаҳонӣ маҳфуз буданд. Феълан ҳам дар аксар китобхонаҳои кишварҳои минтақа, ба вижа ҷамоҳири мусулмоннишин нигоҳдорӣ мешаванд»,-афзуд ҷаноби Ғаффоров.
Профессор Абдунабӣ Сатторзода, сардори раёсати хориҷии маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон аз он изҳори тааҷуб кард, ки нусхаҳои нахустини рӯзномаи тоҷикӣ аз бойгониҳои минтақа дида дар кишварҳои дур маҳфуз будааст. «Имрӯз ба ҷустуҷӯи гумкардаҳои маънавии милати тоҷик шахсиятҳои алоҳида сару кор гирифтаанд, ки барҳақ онҳо фидоии фарҳангу миллати тоҷик ҳастанд. Беҳтар мебуд, ки дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳам барои ба китобхонаи миллӣ овардани нодиртарин эҷоди гузаштагонамон, ки дар хориҷа нигаҳдорӣ мешаванд саъю талош намоянд»,-хулоса кард вай.
Ёдрас мешавем, дар чорабинии имрӯз ба ҷуз нусхаҳои электронии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ҳамчунин чанд китоби дигар, аз қабили «Наврӯз падидаи фарҳанги ҷаҳонӣ», «Китобномаи Наврӯз», «Сабкшиносӣ»-и Маликушшуаро Баҳор, «Таърихи Бухоро»-и Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ муаррифӣ шуд.
Ибодуллоҳи Тоир
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |