"Ин гуна "таҳлил" танҳо ба хотири муташаниҷ кардани авзоъ паҳн мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки баъзе аз давлатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ хостори боз ҳам печидатар гардидани муносибати Душанбеву Тошканд ҳастанд. Онҳо аз чунин даргириҳо манфиат доранд".
Сиёсати ҷаҳонӣ чунин аст. Тамоми кишварҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ танҳо манфиатҷуӣ мекунанд. Комёб Ҷалилов иддао дорад, ки Тоҷикистону Узбакистон аз ин беш фориғболӣ накарда, бояд ҳарчӣ зудтар сари мизи музокирот нишинанд.
Таҳлилгари масоили сиёсӣ Исмоил Раҳматов ин гуфтаҳоро ҷонибдорӣ намуда, ҷанги Тоҷикистону Узбакистонро аз эҳтимол дур медонад. Чунки ҳарду кишвар узви СҲШ, СПАД ва ИДМ-ву дигар созмонҳои байналмилалианд, ки онҳо низ ба низоъи Душанбеву Тошканд роҳ нахоҳанд дод. Илова бар ин пойгоҳи ҳарбии Русия бо 8 ҳазор низомиаш дар Тоҷикистон мустақар аст.
"Узбакистон ҳузури Русия дар Тоҷикистонро наметавонад нодида бигирад. Аммо ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон дар масоили низомӣ аз Узбакистон қавитар бошад. Барои ҳама рӯшан аст, ки буҷаи низомии Узбакистон дар қиёс бо буҷаи низомии мо 20 маротиаб бештар мебошад. Дар сурати низоъ Тоҷикистон ба зарбаи ҳамсоя беш аз 10 рӯз тоб намеорад".
Исмоил Раҳматов дар идома гуфт, ки Тоҷикистон ва Узбакистонро лозим аст, то ин мухолифатро бидуни даргириҳои низомӣ бартараф намоянд.
Аммо Маҳмадалӣ Ҳайит муовини раҳбари ҲНИТ мегӯяд, ки пешгӯии таҳлилгарони рус то ҷое асос дорад. Зеро ҷонибдорони собиқ фронти халқӣ-Маҳмуд Худойбердиев дар ин авохир бо пуштибонии Узбакистон фаъол ҳастанд. Фикр накунам, ки Узбакистон даъвои ноором кардани минтақаро дошта бошад. Дар сурати бесарусомонӣ дар Тоҷикистон, вазъи дохилии Узбакистон низ ноором мешавад, ки чунин авзоъ ба манфиати ҳарду кишвар латмаи ҷиддӣ ворид хоҳад кард, зикр намуд муовини раҳбари ҲНИТ.
Дар ҳамин маврид Исмоил Раҳматов таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки вазъияти ду кишвар рӯз то рӯз мураккабу ваҳим мешавад. Вазорати умури хориҷаи ҳарду икшвар набояд ба чунин вазъият роҳ медоданд. Аммо чун кор аз кор гузашт, ҳамакнун Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов бояд сари мизи музокирот нишинанд.
Зимнан муовини раҳбари ҲНИТ руасои ҳарду кишварро сабаби аслии чунин вазъият медонад. Ба бовари номбурда сардии муносибати Тоҷикистон ва Узбакистон омили субективӣ дорад. Ин сардӣ баста ба раҳбарони ду кишвар аст. Зеро дар ибтидо ҳукумати имрӯзаи конститутсионии Тоҷикистон бо истифода аз нерӯи Узбакистон ва пуштибонии бевоситаи Ислом Каримов сари қудрат омадааст. Мутаасифона, имрӯз мардуми тоҷику узбак гаравгони сиёсати он замон шудаанд.
"Агарчӣ дар гузашта раҳбарияти ҳарду кишвар бо ҳам сӯҳбатҳое доштанду шартномаву ваъдаҳои махфие байнашон буд, имрӯз мову шумо асари он шартномаҳоро ба хотири расидан ба қудрат чашида истодаем. Вазъият чунин боқӣ хоҳад монд. Танҳо дар сурати тағири сиёсат ва раҳбарони кишварҳо эҳтимол меравад ин сардӣ аз байн биравад".
Комёб Ҷалилов, масъули маркази тадқиқоти роҳбурдии назди президенти Тоҷикистон ин иддаоро беасос медонад. Ба бовари вай ҳеч ваъдахилофӣ ва аҳде ба ин монанд миёни президенти Тоҷикистону Узбакистон набудааст. Комёб Ҷалилов чунин даъвоҳоро дурӯғ номида, онро ҷузъе аз иғвоангезӣ миёни Душанбеву Тошканд арзёбӣ мекунад.
Вале Маҳмадалӣ Ҳайит ба суханони худ истодагарӣ намуда, мегӯяд, ки то замони тарки қудрат накардани ҷанобон- Раҳмон ва Каримов вазъият чунин боқӣ хоҳад монд. Аммо ин маънои онро надорад, ки миллати тоҷик ва узбак бо ҳамдигар биҷанганд.
Русия метавонад нофаҳмиҳо миёни Тоҷикистону Узбакистонро бартараф намояд. Он ҳам бар ивази дарёфти манфиатҳои худи Русия. Албатта Тоҷикистон ва Узбакистон мустақилона бидуни кишвари миёнҷигар метавонанд мушкилотро бартараф кунанд. Барои ин раҳбарони кишварҳоро лозим аст, ки кибру ғурурро сарфи назар намоянд. Агар Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов сари мизи музокирот нишинад, хоҷат ба анҷом сафарҳои бенатиҷа нест, мегуяд Маҳмадалӣ Ҳайит.
Маврид ба зикр аст, чунин мавқеъгирии коршиносони рус нахустин пешгӯии намояндагони кишварҳои ғарб роҷеъ ба эҳтимоли даргирӣ дар Тоҷикистон нест. Қаблан Луиза Арбур, раҳбари Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ дар гузориши худ оид ба "Ҷангҳои соли оянда" Тоҷикистонро дар радифи 10 кишвари осебпазир ворид намуд. Ба гузориши хонум Арбур Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳои амниятии дохилӣ ва хориҷие қарор дошта, тавони истодагарӣ бо чунин вазъиятро надорад.
Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |