Ҷаласаи 38-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Конфронси Исломӣ имрӯз дар шаҳри Остона ба кори худ шурӯъ кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар рафти нишасти навбатӣ кишварҳои аъзои ин ташкилот масоили марбут ба фаъолияти созмони ёдшударо мавриди арзёбӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳову усулҳои таҳкими ҳамкориҳои худ ибрози назар мекунанд. Дар кори ин Шӯро ҳайати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зоҳид Низомиддинов, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ширкат меварзанд. Маврид ба тазаккур аст, ки зимни ин ҷаласа Тоҷикистон раёсати созмонро ба мизбон – ҷумҳурии Қазоқистон супорид.{jathumbnail off}
Мӯҳр