Дар ин баёния аз ҷумла омадааст, Узбакистон аз соли 2010 ба ин тараф, бо эҷоди мамониат дар ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон, ба бахшҳои мухталифи иқтисод зарару зиёнҳои зиёде ворид кардааст. Дар маҷмуъ сафорати Тоҷикистон дар Маскав иқдомоти ахири Тошканд дар қатъи интиқоли газ ва вайрон кардани бахше аз роҳи оҳанро иқдомоти сиёсӣ ба манзури таҳти фишор қарор додани давлати Душанбе таъбир кардааст. Агарчи дар бораи нишасти Шӯрои амнияти миллии Узбакистон гузориши муфассале мунташир нашудааст, аммо ин нукта ғайри қобили инкор аст, ки нишасти фавқулоддаи ин Шӯро дар вокуниш ба баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Маскав будааст. Ин дар ҳолест, ки бо далелҳои номаълум, баёнияи сафорати Тоҷикистон рӯзи 4 апрел аз торнамои ин сафоратхона ҳазф шуд.
Ин ҳама таҳаввулот дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи бархе хабарҳо як ҳайат аз Тоҷикистон ба Тошканд сафар кардааст, то роҳҳои аз саргирии интиқоли газ аз Узбакистонро бо масъулони узбак баррасӣ кунад. Дар бораи натиҷаҳои музокироти ин ҳайат матлабе мунташир нашудааст, аммо нахуствазири Узбакистон бо ирсоли номае ба ҳамтои тоҷики худ, посухи дархостҳои Тоҷикистонро додааст. Оғози номаи Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ба Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон бо ин калимот, ки "мо қаблан ба чунин дархостҳо ҷавобҳои мушаххас додаем" , баёнгар аз ин воқеият аст, ки чунин номаҳо дорои ҳарфи ҷадиде нестанд ва наметавонанд кумаке ба ҳалли мушкилот кунанд. Бо вуҷуди ин, нахуствазири Узбакистон шаш мавридро ба унвони санад ва далел дар ҳақ баровардани амалкарди кишвараш дар равобит бо Тоҷикистон, баршумурдааст. Аз ҷумла иллати хурӯҷи Узбакистон аз шабакаи барқрасонии Осиёи Марказӣ ва бозсозии роҳи оҳан дар минтақаи "Ғалаба - Амузанг" фарсуда шудани ин иншоот, иллати афзоиши тарифаҳои роҳи оҳан, посух ба амалкарди роҳи оҳани Тоҷикистон унвон шудааст. Дар маҷмуъ дар номаи нахуствазири Узбакистон, тамоми амалкарди кишвараш дар нисбати Тоҷикистон, ҳатто минкории марзҳо, мутобиқ бо қонун ва меъёрҳои мавҷуди байналмилалӣ тавсиф шудааст.
Ин ба истилоҳ "бигӯ - магӯҳо" миёни ду кишвари ҳамсоя дар шароите ташдид шудааст, ки минтақаи стротегии Осиёи Марказӣ обистани таҳаввулотест, ки ба бовари коршиносон аз муддатҳо қабл тавассути омилони қудратҳо ва доираҳои фароминтақаӣ заминасозӣ шудаанд. Дар чунин шароите ҳам Тошканд ва ҳам Душанбе дар расидан ба хостаҳои худ, ба пуштибонии қудратҳои ҳозир дар минтақа, умед бастаанд ва ҳамин масъала бар ташдиди равобити ду ҳамсоя афзудааст. Интишори баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Русия, ки дар ростои ҳамчун довар вориди амал кардани Русия тавсиф мешавад, аз ҳамин манзар қобили арзёбӣ аст. Тошканд низ ба ин умед аст, ки ниёзи Ғарб ба қаламрави Узбакистон барои хурӯҷи низомиёнаш аз Афғонистон ва ҷойгоҳи гази ин кишвар дар сиёсатҳои энержии Маскав дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, муҷиб хоҳад шуд, ки ин ду қудрат дар масоили минтақаӣ аз мавзеи Узбакистон ҳимоят хоҳанд кард. Ҳамин мавзӯъ, яъне такя ба қудратҳои хориҷӣ боис шудааст, ки аз як сӯ ҳамсоягон дар сангарҳои муқобили ҳам қарор гиранд ва аз сӯи дигар давлатҳо ва миллатҳо ба абзори дасти султаталабони бегона табдил шаванд.
Ташдиди равобит миёни Узбакистон ва Тоҷикистонро расонаҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ аз манзарҳои мухталиф мавриди нақду баррасӣ қарор додаанд. Дар ин миён он чӣ ҷалби таваҷӯҳ мекунад, он аст, ки бархе расонаҳо, аз чумла расонаҳои русӣ ва вобаста ба маҳофили султаталаб, бо бузургнамоии масъала, дар сададанд бо истифода аз фурсат ба истилоҳ "обро гил намуда, моҳӣ сайд кунанд". Дар марҳалаи кунунӣ воқеият он аст, ки мардуми Тоҷикистон тарафи бозандаи рақобат миёни давлатҳои Душанбе ва Тошканд ҳастанд, зеро бастани роҳҳо, тавақуфи қаторҳо, қатъи интиқоли газ ва амсоли он милёнҳо доллар зиёни молӣ ба корхонаҳо, ширкатҳо ва хонаводаҳои Тоҷикистон ворид кардаанд. Дар чунин шароите ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд иқдоми худро дуруст тавсиф ва тарафи муқобилро муқассири аслӣ муаррифӣ мекунанд ва ҳамин мавзӯъ бар ташдиди ихтилофот афзудааст.
Номаҳои шикоятии Тоҷикистон ба ниҳодҳои мухталифи байналмилалӣ барои кумак ба ҳалли мушкилоти мавҷуд дар равобит бо Узбакистон роҳ ба ҷое набурдаанд.Аз сӯи дигар бетаваҷҷӯҳӣ ва бетарафии ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва демократия ба ин қазия, давлати Тошкандро дар ворид кардани фишорҳои бештар ба Тоҷикистон густохтар кардааст. Имрӯз шоҳиди он ҳастем, қудратҳои ғарбӣ, ки аз он сӯи уқёнус бо шиори кумак ба бунёди ҷомеъаи демократӣ ба минтақа омадаанд, бо ташдиди ихтилоф миёни кишварҳо, фақат ба фикри аҳдофи султаталабонаи худ ҳастанд. Қудтарҳои истикборӣ, ки дар садри онҳо Инглис ба унвони истеъморгари пир ва Амрико қарор доранд, ба маҳзи вуруд ба ҳар минтақа, сарони давлатҳоро ба доми фиреби худ мегиранд. Сарнавишти Ҳуснӣ Муборак, Садом Ҳусейн ва дигар диктаторҳо, ки як умр дар хидмати қудратҳо буданд ва дар ниҳоят тавассути ҳамин қудратҳо нобуд карда шуданд, ойинаест, ки саранҷоми ҳамкорӣ ва такя ба қудратҳоро бозгӯ мекунад.
Дар шароити кунунӣ ихтилофоти Тоҷикистон ва Узбакистон чанд гиреҳ дорад, ки боз кардани онҳо кори соддае ба назар намерасад. Нахуст, рақобат дар бозори энержӣ аст: сохти неругоҳи "Роғун" имкон хоҳад дод, ки Тоҷикистон ба роҳатӣ бо барқи арзони худ бозори Осиёи ҷанубиро, ки дар айни ҳол ба мизони зиёде дар ихтиёри Узбакистон қарор дорад, соҳиб шавад; дуввум, иддаои моликият бар садди "Фарҳод"(дар вилояти Суғди Тоҷикистон) тавассути Узбакистон. Агар чунин коре сурат гирад, ба он маъно аст, ки шимоли Тоҷикистон ба тадриҷ ба минтақаи таҳти нуфузи Узбакистон табдил хоҳад шуд; саввум, рақобат дар Афғонистон: Узбакистон аз он бим дорад, ки рушди бахши энержии Тоҷикистон ва тақвияти ҳамкориҳои ин кишвар бо Афғонистон, ки аксари ҷамъияташ форсизабон мебошанд, боиси тазъифи ҷойгоҳи Узбакистон хоҳад шуд. Чунин коре хилофи стратегияи Тошканд дар ҷиҳати табдил шудан ба раҳбари минтақа мебошад; чаҳорум, ҳал ношуда боқӣ мондани бисёре аз манотиқи баҳсталаби марзӣ ... Албатта ин, ки ин гиреҳҳо дар равобити ду ҳамсоя бознашуданианд, назари иштибоҳ аст, аммо идомаи ихтилофот мавзӯест, ки ба амнияти минтақа ва ҳатто хориҷ аз он бармегардад.
Аъзами Хуҷаста
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |