Ҳеч ҷои шубҳа нест. Авзои иқтисодиву иҷтимоии мардуми мо бисёр бад шудааст. Вазъи иҷтимоиву маишии аҳолии Туркманистон ва Қазоқистон воқеан аз Тоҷикистон беҳтар аст.
Хушбахтарин инсони рӯйи замин дар Аврупои шимолӣ ба сар мебарад, омадааст дар гузориши «Хушбахтии ҷаҳонӣ»-и СММ.
Гузориши мазкур дар асоси пажӯҳиши донишмандони Донишкадаи «Замин»-и донишгоҳи Колумб оид ба давлатҳои хушбахти ҷаҳон навишта шудааст.
Феҳрасти кишварҳои хушбахти ҷаҳонро донишмандони амрикоӣ аз рӯи 6 нишондод тартиб додаанд:
а) Озодии сиёсӣ;
б) Мавҷуд набудани фасод;
в) Кафолати иҷтимоӣ;
г) Тандурустии мардум;
д) Теъдоди издивоҷи хушбахт ва устувор;
е) Давомнокии умр;
Донишмандони амрикоӣ авзои беш аз 150 кишвари ҷаҳонро пажӯҳиш кардаанд. Давлатҳои Донморк, Норвеж, Финланд, Нидерланд ва Суис шомили панҷгонаи авваланд. Того, Бенин ва ҷамоҳири дигари Африқои Марказӣ бошад, кишварҳои камсаодат эътироф шудаанд.
Даромади солона ба сари аҳолии кишварҳои «хушбахт» 40 маротиба бештар аз давлатҳои «камсаодат» будааст. Ҳамчунин ба ҳисоби миёна аҳолии кишварҳои хушбахт дар қиёс бо мардуми давлатҳои камсаодат 28 сол бештар умр доштаанд.
Туркманҳову қазоқҳо дар ин гузориш хушбахтарин мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ гуфта мешаванд. Пажӯҳишгарон Туркманистонро дар ҷойи 32 ва Қазоқистонро дар зи
наи 59 «нишондаанд». Тоҷикистон мақоми 115-и феҳрастро ишғол кардааст. Ӯзбакистон 79 ва Қирғизистон 102-юманд.
Донишмандони амрикоӣ зимни пажӯҳиш бештар ба адолати иҷтимоӣ, коҳиши фасод, таъмини озодӣ ва ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ кардаанд.
Музаффар Олимов, мудири маркази таҳлилии «Шарқ» натиҷаи пажӯҳиши донишмандони амрикоиро ба ҳақиқат наздик медонад: «Ҳеч ҷои шубҳа нест. Авзои иқтисодиву иҷтимоии мардуми мо бисёр бад шудааст. Вазъи иҷтимоиву маишии аҳолии Туркманистон ва Қазоқистон воқеан аз Тоҷикистон беҳтар аст. Туркманҳову қазоқҳо аз мо сару гардан болтар ба сар мебаранд».
Аксар аҳолии Тоҷикистон бештар аз 15 сол аст, ки ба синамо нарафтааст
Музаффар Олимов ба ин назар аст, ки дар чунин шароит зиндагӣ кардан ба ҳолати рӯҳии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа бо гузашти сол мардум аз ояндаи беҳтар умедашонро мекананд.
Аммо Фирӯз Саидов, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ мегӯяд, ки дар баъзе маворид бо пажӯҳиши донишмандони Ғарб розӣ шуда наметавонад:
«Донишмандони Ғарб вазъи кишварҳои Осиёи Марказиро бо нишондоди давлатҳои Аврупо муаяйн мекунанд. Аврупо, умуман мардуми Ғарб бо маош ва нафақаи баланд таъминанд. Аз ин ҷост, ки вазъи иқтисодии онҳо дар муқоиса бо мардуми Осиё хеле беҳтар буда, дар чунин феҳраст ҷойи аввалро касб мекунанд». Миёни
кишварҳои Осиёи Марказӣ низ Тоҷикистон дар вазъияти ногувор қарор дорад. Дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштани Тоҷикистонро Фирӯз Саидов яке аз сабабҳои ворид шудан ба феҳрасти кишварҳои камсаодат медонад.
«Агарчӣ аҳолии Тоҷикистон вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хуб надоранд, аммо тоҷикон дар қиёс бо туркманҳову қазоқҳо дар мавриди озодии сиёсиву сухан вазъи беҳтар доранд,-мегӯяд Фирӯз Саидов.
Дар зимн, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, роҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон низ вазъи сиёсии мардуми тоҷикро дар қиёс бо аҳолии кишварҳои минтақа андак беҳтар медонад. Ба назари номбурда дар сурати сад дар сад амалӣ нагардидани барномаҳои энержӣ ва иқтисодӣ вазъим иҷтимоии мардум давоми 10 сол ва ё ҳатто бештар аз ин батағйир хоҳад монд.
«Мардуми Тоҷикистон аз ҷиҳати маънавӣ хеле хаста шудааст. Имрӯз аз сабаби камбизоатӣ мардум ба ҷойҳои фароғатӣ намеравад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистон бештар аз 15 сол мешавад, ки имконияти ба синамо, театр ва барномаҳои консертӣ рафтанро надорад. Онҳо пайваста дар андешаи беҳтар кардани зиндагонишаон ҳастанд зеро маоши ҳади ақали кишвар барои таъмини зиндагӣ намерасад».
Мушкилоти мавҷуда боис шуда, ки мардуми Тоҷикистон аз боло бурдани ҷаҳонбиниву муосиршавӣ фаромӯш намоянд. Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, донишмандони Ғарб барои таҳияи чунин феҳрастҳо хеле муваффақ шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Фирӯз Саидов пажӯҳишгарони Ғарб кишварҳои Осиёи Марказиро набояд бо таваҷҷӯҳ ба ММД баҳогузорӣ намоянд.
Гуфта мешавад, донишмандони амрикоӣ зимни пажӯҳиши худ бештар ба адолати иҷтимоӣ, коҳиши фасод ва таъмини озодӣ ва ҳуқуқи мардум аҳамият зоҳир кардаанд. Илова бар ин ММД низ барои муаяйн кардани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ нишондоди дақиқ буда наметавонад. Барои муқоиса донишмандон иқтисодиёти ИМА-ро мисол овардаанд. Вазъи иқтисодии ин кишвар аз соли 1960 рушд ёфта, аммо нишондоди хушбахтии мардуми Амрико ҳамоно дар як сатҳ қарор дорад. Донишмандон гуфтаанд, ки аз ин ба баъд пажӯҳишҳои худро бар асоси меъёрҳои ҷадид анҷом хоҳанд дод.
Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр