Чунин як мавзӯи мушкилро таҳлил карда баромадан даркор аст, ки шояд қимати нерӯи барқ барои ширкати ТАЛКО боло бурда шавад. Ин пешниҳодро коршиноси масоили иқтисодӣ, Константин Бондаренко дар як конфронс оид ба шароити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба миён гузошт. Ба андешаи коршинос ширкати алюминий ҳаҷми беандозаи нерӯи барқро бо арзиши имтиёнок истифода мекунад, ин боиси коҳиш ёфтани самарабахшии қувваи барқ мегардад. Вай мегӯяд, теъдоди зиёди корхонаҳои зарфияти истеҳсолияшон назаррас аз сабаби норасоии нерӯи барқ фаъолият карда наметавонанд ва ин ба раванди истеҳсоли маҳсулот таъсири манфӣ мегузорад. Ин масъалаи оддӣ нест, балки мавзӯи баҳисобгирии дуруст ва таҳлили дақиқ аст.
Зимнан, як намояндаи Маркази тадқиқоти стартегӣ гуфт, ки дар натиҷаи боло бурдани қимати нерӯи барқ барои ин корхона шояд арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда меафзояд. Аммо Константин Бондаренко мегӯяд, роҳҳои алтернативии сарфу хароҷотро бояд ҷуст. «Дар натиҷаи пайдо кардани роҳи алтернативӣ ҳам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо зиёд мешавад ва ҳам аз ҳисоби боло бурдани нархи нерӯи барқ барои Талко маблағи бештар ба даст меояд. Барои ширкати алюминий қимати нерӯи барқ боло меравад, вале ҳаҷми қувваи барқ барои дигар корхонаҳо бештар гашта, истеҳсолот афзоиш меёбад (диверсификация). Ҳаматарафа омӯхтан даркор, ин хел ҳам гуфтан мумкин нест, ки ширкати алюминий корхонаи стратегӣ аст ва боқимондаи корхонаҳо муҳим нестанд»,- афзуд ӯ.
Намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин пешниҳодро дар қатори пешниҳодҳои дигар, ҷиҳати рушди иқтисоду саноат ва соҳибкорӣ дар кишвар ба ҳукумат ирсол менамоянд то мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор бигирад.
Қаблан, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров пешниҳод карда буд, ки мавзӯи даромади корхонаи алюминий ва барои кӣ кор кардани он бояд дуруст омӯхта шавад. Вай аз ҷумла гуфта буд: «Агар корхонаи алюминий бо ҳамин миқдор андозе, ки ба буҷаи давлат мепардозад, фаъолияташро идома диҳад, масъалаи барҳам додани он пеш меояд. Яъне, ин корхона барои Тоҷикистон даркор нест. Бояд онро фурӯшем ва маблағи ба даст омадаро барои рушди соҳибкории хурду миёна истифода кунем, ки дар соли оянда аз ҳисоби андоз ба буҷети давлатӣ маблағи бештаре ворид хоҳад шуд».
Гуфта мешавад, солона ширкати алюминий ба буҷаи Тоҷикистон 50 миллион доллар ё ҳудуди 240 миллион сомонӣ маблағ ворид мекунад ва дар баробари ин тақрибан 40 дар сади нерӯи барқи истеҳсолшударо бо нархи арзон истифода мебарад. Аз сӯи дигар бо вуҷуди ин қадар барқи зиёд истифода бурдан, аз гази воридотӣ низ бештар истифода менамояд. Ахиран дар масъалаи интиқоли газ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон мушкил пеш омад ва корхонаи алюминий аз сабаби набудани газ дар садади аз фаъолият бозмондан қарор дорад. Тибқи маълумоти масъулини Вазорати энергетика ва саноат тайи 3 моҳи соли равон КВД ширкати «Алюминии Тоҷик» ба маблағи 27,5 миллион сомонӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро кам кардааст. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зафар Абдуллоев бар ин назар аст, ки агар газ чанд муддат наояд ва ширкати Талко қисман аз кор бозмонад, дастгоҳҳои он аз кор мебарояд ва корхона зарари зиёд мебинад. Аммо агар пурра аз кор монад, Тоҷикистон дар солҳои надик дигар тавони аз нав ба кор даровардани корхонаро надорад. Аз ин хотир бояд ҳар чӣ зудтар роҳи баромад аз мушкили пешомадаро пайдо кунад.
Талко корхонаи стратегӣ аст?
Бояд зикр кард, ки соли 2010 қимати нерӯи барқ боло рафт ва пардохти он ба ширкати алюминии тоҷик барои ҳар киловат соат 8,2 дирам муқаррар шуд, ки пештар 5,15 дирам буд. Барои дигар корхонаҳо ва истифодабарандагон дар соҳаи саноат ва ғайрисаноатӣ як киловатт соат нерӯи барқ 21,3 дирам муайян гардид, ки дар гузашта 13,68 дирам буд. Ширкати Талко нисбат ба дигар корхонаҳо нерӯи барқро ба маротиб арзон харидорӣ мекард ва ҳоло ҳам ба ин корхона имтиёз дода шудааст. Ҳатто дар нисбати аҳолӣ низ нерӯи барқе, ки ин ширкат харидорӣ мекунад, арзонтар аст. Аз якуми январи соли 2010 қимати барқ барои аҳолӣ аз ҳар як киловат соат 9 дирам муқаррар гашт. То ин муддат аҳолии кишвар барои як киловат соат нерӯи барқ 7,5 дирам пардохт мекард. Феълан, қимати нерӯи барқ барои аҳолӣ боз ҳам боло рафт ва аз моҳи апрели соли 2012 мардум барои як киловатт соат 11 дирам пардохт хоҳанд кард.
Иншооти старатегӣ ё ҳар корхонаи дигаре, ки ба он унвони «стартегӣ» дода мешавад, бояд ба манфиати давлату миллат хизмат намояд. Ширкати Талко корхонаи стратегии давлат ба шумор меравад, лекин бояд ёдовар шуд, ки манфиати давлат ин аз манфиати мардум бармехезад. Яъне, давлат манфиатдор аст, ки мардум аз камбизоатӣ бароянд, қобилияти харидориашон боло равад, аз мушкили бебарқиву зулмот раҳоӣ ёбанд, даромаднокиашон бештар бошад то ба буҷети кишвар андози зиёдтар пардохт намоянд. Ва дар мавриди фаъолияти корхонаи алюминий таҳлили амиқ бояд сурат гирад, ки оё воқеан давлат ва мардум манфиатдоранд ё хайр. Агар фаъолияти ин ширкат танҳо бо ворид кардани 200 миллион сомонӣ ба буҷа хулоса шаваду сабабгори бебарқии тамоми мардум бошад, пас оё воқеан ин ширкатро метавон корхонаи стратегии давлат ном бурд? Ин суолест, ки таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷонибаро тақозо мекунад.
Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |