Ин гуфтаҳо баёни назари ҷаноби Усмон Солеҳ буда, вай ба пурсиши ҳафтнома посух додааст. Вале ҷойи дареғу афсӯс дорад, ки номбурда зиндагии кунуни мардуми кишварро, ки басо сангину тоқатфарсо гардидааст, сарфи назар карда, чӣ бедардона сухан мегӯяд. Ман намедонам, Усмон Солеҳ "ба кисаи мардум он қадар зарар ворид намекунад" гуфта кадом қишри ҷомеаро дар назар дошта бошад?!
Агар сарватмандону дороёни дурӯғинро, ки рӯзафзун (аз кадом ҳисоб бошад, номаълум) қасру кӯшкҳо ва саробӯстонҳои осмонбӯс бино мекунанд, ки назири бисёри он иморатҳоро дар Русияву Аврупо ҳам дучор намеоӣ, мӯҳтарам узви ҲХДТ дар хаёлу пиндори хеш оварда бошад, айни ҳақиқат аст. Вале бахши аъзами мардуми азиятдидаи мамлакат моҳҳост, ки умри ширину беҳтарини худро дар бебарқиву зулмот мегузаронанд.
Ва ҳамин мардум, аксаран ҷое кор намекунанд (чун худи истеҳсолот вуҷуд надорад) солрафтагон нафақаи ночиз мегиранд. Маоши муаллимону пизишкон дигар ҳамчунон бетағйир мондааст. Ва дар як чунин вазъи бағоят ташвишбарангезу нигаронкунанда.
Усмон Солеҳ гӯё аз ҳаво мегӯяд, ки 2 дирам боло рафтани нархи барқ ҳеҷ ҷойи ташвиш надорад. Наход?! Дуруст, ки шумо (ва чун шумо бисёр таҳлилгарони беғаму бедард ва намояндагони ширкати "Барқи тоҷик") фикреро борҳо (ва имрӯз ҳам!) парчам намудаанд, ки дар нисбати дигар кишвару мамолики ҷаҳон баҳои барқ дар ҷумҳурӣ арзонтарин аст. Хайр, бад-ин хотир райияти дар тирагиву зулмот монда чӣ бояд кунанд? Шукр ба ҷо оранд, ба мақомоти дахлдори ҳукумат раҳмат гӯянд? Бигӯед, чӣ амалеро ба сомон расонанд? Охир, бо инчунин афкор оё шумо бар реши хунчакони мардум намак намепошед магар? Худи ҳамон барқе, ки дар борааш ин қадар мегӯему мегӯем ва ҳангомаҳои дурӯғин мебардорем, канӣ?!
Чӣ, магар ин барқаш гунҷишк аст, ки куҷое ғайб задаст ё лошахоре шикораш кардааст? Биёед, боре ба мо мардонавор бигӯед, балки бифаҳмонеду тафсир кунед, ки ба кадом ваҷҳу иллатҳо интиқоли барқ ба хонаҳои мардуми бечора қатъ карда шудааст? Валекин шарт ҳамин ки (ман мақомоти вазорати саноат ва энергетикаи тоҷик ва ширкати дурӯғгӯйтарини ҷумҳурӣ "Барқи тоҷик"-ро дар назар дорам) аз Худо ёд ореду ҳақиқати ҳолро бигӯед. Биёед, баҳри Норакро ба ҳоли худ монед. Охир, 20 сол мешавад, ки баҳри Норак дар бало гирифтор шудааст.
Ман аз Ҳукумати кишвар (сарвазир Оқил Оқилов) вазир Гул Шералӣ ва раиси ширкат Абдулло Ёров ба ростӣ, шармам меояд. Шармам меояд, вақте мебинам, як омӯзгори кӯҳансоле зинапояи худро майда карда, чун ҳезум истифода бурдаву дигар мӯйсафеди нафақагире ашк дар чашмон дарахтони хурмои ҳавлиашро тарбур намуда, ба бухорӣ меандозад. Аз сухани масъулини ширкати "Барқи тоҷик" шармам меояд, ки гӯё дар Испониё ё Фаронса рӯзгор ба сар мебурда бошад, ҳамчунон сарфарозона панд медиҳад, ки "нерӯи барқро бояд сарфакорона истифода бурд". Охир, боре ба ману ин ранҷбарони мамлакат ошкоро посух бигӯед, ки худи ҳамон барқ куҷост? Ё шумо нобиноед, ё мардум гумроҳи содда?!
Аз шумо сахт шармам меояд, ки вақте шабонгоҳон занеро ба таваллудхонаи музофот мебаранд, ҳатман ҳамроҳаш ҳезум, ангишт, чароғ (ё шамъ) мегиранд, чун дар он беморхона низ барқ нест, ки нест. Шармам меояд, ки бо набудани барқ дар мактабҳо, фарзандони ҳамин ранҷбарони таҳаммулпеша 6-7 моҳ наметавонанд аз компютер истифода кунанд ва ҳадди аққал бо барномаҳои он шинос шаванд. Аз радиои тоҷик низ шармам меояд, ки ба асаби мардум мастона нохун зада, ҳамон суруди кайҳо аз даҳон мондаро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба самъи ҳамин райияти хаста мерасонданд:
Имсол соли нур,
Соли пур аз сурур...
Ман аз дурӯғпароканиҳо ва гандумнамоию ҷавфурӯшии амалдорон сахт ба сутӯҳ омадаам ва боре мегӯямашон:
- Аз Худо бояд шарм дошт!
Шахбози Нур
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |