Дар натиҷаи сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҳисор як кас ҳалоку 8 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, рӯзи гузашта сарнишини автомашинаи тамғаи ВАЗ-2107, Абӯбакари Исфандиёри 19 -сола ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Турсунзода ба ҷониби Душанбе дар ҳудуди ҷамоати Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор ба муқобили ҳаракати роҳ баромада бо автомашинаи тамғаи «Деу-Сиелло» бармехӯрад. Автомашинаи тамғаи «Деу-Сиелло» таҳти идораи Амриддин Муҳиддинов 27- сола будааст. Бино ба қавли манбаъ, Муҳиддинов сокини ноҳияи Турсунзода, ҷамоати Қаратоғ, деҳаи Қаратоғ мебошад. Бар асари сониҳаи мазкур, мусофири дохили автомашина ВАЗ-2107 Ҷовид Низомов 23 -сола сарбози Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Мусофирони дигари ҳар ду нақлиёт бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба касалхона интиқол ёфтанд. Тафтишоти қазия шурӯъ гардида, сабабҳои он муайян мегардад. {jathumbnail off}
Мӯҳр