Бахшҳо
06 апр 2012 05:58Иқтисодӣ

Буҷаи бебаракаи Тоҷикистон

Ҳарчанд буҷети Тоҷикистон нисбат ба 10 сол пеш чанд баробар шудааст, аммо ба гуфтаи коршиносон то имрӯз ин буҷет натавониста аз ӯҳдаи вазоифаш барояд ва коромадии худро дар инкишоф додани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ нишон диҳад.

Аз рӯи омори расмӣ дар соли 2005 буҷети Тоҷикистон 1 миллиарду 433,2 млн сомонӣ буд ва хароҷоти он ба 1 миллиарду 402,7 млн сомонӣ баробар буд. Дар соли 2011 буҷети кишвар 1 миллиарду 720 млн долларро ташкил дод. Порсол даромади буҷет ба 8 миллиарду 292,07 млн. сомонӣ ва хароҷоти он ба 8 миллиарду 593,870 млн. сомонӣ баробар шуд, ки дар натиҷаи он хароҷот нисбат ба даромад зиёд шуду касри буҷет -301,8 млн сомониро ташкил дод. Буҷети имсолаи кишвар ба 2 миллиарду 177 млн. доллар баробар аст.

Баҳсҳое матраҳ аст, ки буҷети кишвар пурра иҷро намегардаду шаффофият дар он мавҷуд нест. Бо ин ҳол оё ба ростӣ изҳороти Вазорати молияро дар мавриди комилан иҷро гардидани буҷетро метавон қабул кард? Коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мӯътақид аст, ки сохтор ва иҷроиши буҷети Тоҷикистон шаффоф нест ҳарчанд ҳисобот ҳаст, вале иҷро шудани он дар пушти парда қарор дорад. Тавре номбурда мегӯяд, "вақте дар моҳи декабр ба ширкате барои воридоти таҷҳизот имтиёз дода мешаваду ба қавонин тағиру иловаҳо ворид мегардад, ба чунин давлату буҷет касе бовар намекунад. Як гурӯҳи муаяни тоҷирону мақомот байни худ табодулоти махфие доранд. Барои ҳамин наметавон гуфт, ки буҷети Тоҷикистон иҷро мегардад ё на".

Аммо вакили МНМО Исмоил Талбаков ҳам мегӯяд, ки арзиши буҷети Тоҷикистон сол то сол дар ҳоли афзоиш аст чунончи аз ҳисоби фонди мувозинатгардонии буҷет таи солҳои ахир барои пардохти қарзҳои беруна маблағ ихтисос дода шудааст. Дар ҳоле аз арзиши баланди буҷет гуфта мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо буҷети кишвар аз пардохти пули нафақаву маъоши онҳое, ки аз ҳисоби буҷет пул мегиранд, оҷиз мемонад чи расад ба пардохти қарзҳои беруна. Ба гуфтаи коршиносон яке аз вазифаҳои буҷет таъмини бехатарии дохиливу хориҷист. Дар инҷо 2,124 млрд. қарзи берунӣ хатари буруниест, ки буҷети кишвар аз ҳалли он оҷиз мондааст. Хатари дохилӣ бошад, метавон аз саҳмияҳои "Роғун" ном бурд, ки миллионҳо сомонӣ давлат аз шаҳрвандон қарздор аст ва ҳарчанд саҳмиядорон соҳиби саҳмия ҳастанд, аммо ҳанӯз сарнавишти "Роғун" мушаххас набуда саҳмияҳои харидаи мардум феълан фоқиди арзишанд.

Чаро танҳо бо андоз буҷет пур карда мешавад?

Буҷетро маъмулан муассисаҳои савдо, даромад аз фаъолияти берунмарзӣ, боҷҳои гумрукӣ, андоз аз аҳолӣ ва дигар даромадҳо пур мекунанд. Исмоил Талбаков вакили Маҷлиси Намояндагон хусусӣ гардонии корхонаҳо, фурӯши амволи давлатӣ, грантҳо ва қарзҳои берунаро манобеъе медонад, ки аз онҳо барои пур кардани буҷет истифода мешавад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки буҷети кишвар аз андоз вобастагии зиёде дошта бояд барои пур кардани он роҳҳои дигаре пайдо кард. Онҳо эҳдоси корхонаҳои истеҳсолиро роҳи ҳал медонад, ки дар паи он ҳаҷми ММД - зиёд гашта буҷети кишвар таъмин мегардад. Зеро аз ҳисоби андозу боҷҳои гумрукӣ пур кардани буҷет боиси фишор болои тоҷирон ва мардуми оддӣ мешавад.

Аммо бархе коршиносон бар ин назаранд, ки барои пур кардани буҷет бояд аз дигар манобеъ истифода кард. Коршиноси Зулфиқори Исмоилиён дар ин бора мегӯяд: "буҷети мо аслан 50 то 70 дарсадаш бояд аз фурӯши аломиниюм пур шавад. Соли 2011 наздики 40 млн. меваи тару хушк ва 170 млн. доллар нахи пахта ба бозорҳои ҷаҳонӣ фурӯхтем. Қисме аз даромади буҷет аз фурӯши дастгоҳҳои кӯҳна ва муассисаҳои давлатист, ки маблағи зиёде аз фурӯши он ба буҷет ворид намегардад. Ҳамин шохисҳо буҷети Тоҷикистонро пур мекунанд. Аммо буҷети дигар кишварҳоро корхонаҳои азими он мамлакатҳо пур мекунанд, ки дарсади зиёде аз буҷети онҳоро дар бар мегирад. Дар кишвари мо корхонаҳои саноъатии зиёде мавҷуд нест. Барои ҳамин барои пур кардани буҷет андоз аз кисаҳои мардум ситонида мешавад". Ба маълумоти номбурда, бузургтарин корхонаи кишвар яъне аломиниюм истеҳсоли аломиниюми худро дар соли 2011 17% кам кард ва ҳоли ҳозир ҳам нархи аломиниюм дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин аст ва фурӯши он дар бозорҳои ҷаҳонӣ  кори осоне нест. Зеро бозори ҷаҳонӣ майдони бузурги рақобат буда дар он устувор будан нисбат ба бозори миллӣ мушкилтар аст. Ҷуз рақобат боз тақозо ба молҳо аз ҷумла аломиниюму пахта дар ингуна бозорҳо ё кам ва ё зиёд мешавад.

Ҳамчунин Зулфиқори Исмоилиён дар бораи дигар колои асосии мо яъне нахи пахта ва соҳаи кишоварзӣ мегӯяд, "соҳаи кишоварзӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад. Дар ин соҳа ба он хотир пешрафте дида намешавад, чун фурӯши анвоъи маҳсулот ба вижа пахта бавоситаи миёнаравҳо сурат мегирад ва аз он деҳқонон фоидае зиёде намегираду танҳо миёнҷиҳо суд мебаранд. Деҳқон аз 1 тон пахтаи худ танҳо 500 доллар ба даст меовараду бас. Ҳол онки ӯ барои истеҳсоли пахтаи худ аз 500 доллар зиёдтар харҷ мекунад. Мо сарчашмаҳои дохилии худро истифода карда наметавонем зеро, тамоми бозорҳои дохиливу берунӣ ва дороиҳои Тоҷикистон таҳти монополияи як гурӯҳ қарор дорад, ки бо ҳузури ин гурӯҳ дар ҳамаи соҳаҳо, наметавон гуфт, ки аслан мо соҳа ё бозор дорем ва тамоми бозорҳои кишвар бозори сиёҳ аст".

Дигар воситаи пур кардани буҷет ин фурӯши ашёи хом аст. Вале бино ба гуфтаи коршиносон дар шароити кунунӣ дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба ашёи хом кам шудан мегирад ва баръакс ҳиссаи маҳсулоти коркардшуда зиёд мегардад. Масъалаи дигаре, ки аҳаммияти зиёде дар фурӯши молҳо дорад, ин зиёд гаштани фурӯши молҳо тавассути интернет аст, ки давлати Тоҷикистон дар бахши иттилоъот ва технологияҳои иттилоотӣ тараққӣ накардааст. Дар бозори ҷаҳонии қисмҳои автомобил сеяки маҳсулоти тавассути шабакаҳои интернет фурӯхта мешавад. Ин технология аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар замони ҳозира технологияҳои ҳозиразамон, донишҳои техникиву дигар иттилоъот ба моли вижа табдил гаштаанд ва талабот ба онҳо рӯз то рӯз меафзояд. Ҳамчунин тақозо ба маҳсулоти электротехникӣ ва саноъати электронӣ дар ҳоли афзоиш аст. Аммо Тоҷикистон дар ин соҳаҳо пешрафта нест ва агар мебуд, метавонист буҷети худро аз ҳисоби он ғанӣ гардонаду андози зиёд гирифтан аз мардумро қатъ гардонад.

Буҷет аз ӯҳдаи вазоифаш баромадааст?

Яке аз вазоифи буҷети давлатӣ ин аз навтақсимкунии даромади миллӣ мебошад, ки ба андешаи коршиносон дар Тоҷикистон ин вазифаи буҷет самаранок иҷро намегардад. Дар ҳамин маврид Зулфиқори Исмоилиён мӯътақид аст, ки ба воситаи буҷет аз навтақсимкунии аз нисф бештари даромади миллӣ ва 3,4 воситаҳои пулӣ гузаронида мешавад. Тавре ӯ иброз дошт: "ин вазифаи буҷет самаранок иҷро нашудааст ва давлат дар қонеъкунонидани талаботи умумидавлатӣ ва иҷрои барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ноком будааст. Зеро ҳамакнун тамоми соҳаҳои иқтисодиву ғайрииқтисодии мо дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доранд".

Дигар вазифаи буҷети давлатӣ ин нигоҳдории дастгоҳҳои идоракунист, ки ба қавли коршиносон ин вазифи буҷет ҳам суст иҷро шудааст. Чунки дар бисёре ҳолатҳо дар дастгоҳҳои идоракунии давлат камбудиҳои зиёде дида мешавад ва онҳо мабалғҳои ҷудошудаи буҷетро дуруст масраф намекунанд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар баъзе ноҳияҳо ҳамасола камомади буҷет зиёд мебарояд, ки ба ақидаи коршиносон нишон аз сари вақт ҷамъоварӣ накардани андозҳо ё фасод ва ноӯҳдабароии раисон мебошад.

Аммо аз муҳимтарин вазифаҳои буҷети давлатӣ ин гузаронидани сиёсати иҷтимоии давлат ва барпоии адолати иҷтимоъӣ дар ҷомеа аст. Ба ростӣ оё буҷети далват аз ӯҳдаи ин вазифааш баромдааст яъне тавониста адолати иҷтимоиро дар ҷомеа барқарор кунад? Ба ин суол таҳлилгари масоили иқтисодӣ Барот Юсуфӣ ҷавоби рад дода буҷетро дар иҷрои ин вазифааш ноком дониставу мегӯяд, ки дар кишвар тақрибан синфи миёна мавҷуд нест ва барои ҳамин дар Тоҷикистон аслан адолати иҷтимоӣ вуҷуд надорад. Зулфиқори Исмоилиён ҳам ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, "чанд рӯз пеш аз кумитаи омор маълумот гирифтам, ки давлат 4 моҳ мешавад наздики 3,37 ҳазор сомонӣ дар пардохти нафақаву маоши кормандон қарздор аст. Ин маънои онро дорад, ки вазифаи таъмини адолати иҷтимоии буҷет иҷро намегардад".

Ду шохаи аслии буҷет чаро заъиф аст?

Ду саршохаи аслии буҷет ин даромду хароҷот мебошад. Даромадҳои буҷет гуфта ин маҷмуи муносибатҳои пулии давлат бо шахсони ҳуқуқиву воқеъиро меноманд. Ба даромадҳои буҷет даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дохил мешаванд. Инки даромадҳои буҷет аз ҳисоби содирот чиқадар аст, мақомот иттилоъ намедиҳанд. Дар ҳамин ҳол вакили МНМО Исмоил Талбаков истифодаи захоири иқтисодии дохилиро муҳим арзёбӣ карда ихтисос додани қисми зиёди хароҷотҳои буҷетро ба соҳаи энергетика барои афзоиши даромади буҷет муассир медонад.

Тартиби истифодабарии захираҳои молиявӣ аз рӯи нақшаи пешакии тасдиқшударо хароҷоти буҷет меноманд. Хароҷотҳои буҷети давлатӣ ба 2 гурӯҳ хароҷотҳои ҷорӣ ва асосӣ дохил мешаванд. Хароҷотҳои ҷорӣ қисми хароҷотҳои буҷет аст, ки барои фаъолияти ҷории мақомоти ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва ғайра ҷудо карда мешавад. Аммо хароҷоти асосии буҷет бошад, барои навоварӣ ва сармоягузории давлатӣ истифода мешавад.

Бо ҳамаи инҳо ҳамеша қисми хароҷоти буҷет аз даромади он ҳудуди 20% бештар мебарояд, ки дар паи он касри буҷет падид меояд. Дар ҳамин бора Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки ҳарчанд аз рӯи гуфтаи масъулон камомади буҷет соли 2011 чизи ҳудуди 300 млн сомониро ташкил додааст, вале ин омор эътимоднок набуда онҳо касри буҷетро аз будаш камтар нишон медиҳанд. Тавре номбурда мегӯяд, "умуман дар Тоҷикистон бештари оморҳои ироадодаи мақомот бо воқеъият рост намеояд. Онҳо мегӯянд, ки ин миқдор касри буҷет дорем, вале барои мо ва мардум оддӣ мушаххас нест, ки масъулон аз руӣ кадом далел чунин омореро пешниҳод мекунанд. Бовар дорам, ки на дар хароҷоту на дар даромад ва ҳатто дар иҷроиши худи буҷет шаффофият вуҷуд надорад".

Коршиносон чунин мешуморанд, ки дар иқтисоди бозаргонӣ касри буҷет дар тамоми кишварҳои дунё мавҷуд буда дар сурати пешомади ин амр, давлатҳо дар тӯли сол оидоти бештар гирифта камомади буҷети худро бартарф мекунанд. Ва боз дар баъзе кишварҳо ҳар сола бахши даромади буҷет аз хароҷоти он афзунтар мегардад. Масалан дар Руссия даромади буҷет аз сабаби фурӯши газу дигар ҳомилҳои энержӣ зиёд мебарояд ва ин ҳолат онгоҳ руй медиҳад, ки талабот ба чунин молҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ меафзояд. Ва Тоҷикистон, ки танҳо 3 моли содиротии асосӣ  аломиниюм, пахта ва меваи тару хушк дорад, аз онҳо суди зиёде намегираду касри буҷеташ зиёд мегардад.

Дар 20 сол буҷети давлат соҳаеро даромадзо накардааст

Коршиносон бар ин боваранд, ки маблағгузориҳои буҷет дар соҳаҳои иқтисодиву ғайрииқтисодӣ на онқадар самара додааст. Дар соҳаи иқтисодии энергетика мардум ҳануз аз беобиву бебарқиву бегазӣ ранҷ мебаранду сармоягузориҳо бар рӯи нерӯгоҳҳои барқӣ - обии хурд то кунун самараи чандон зиёде надодааст ва дар соҳаи кишоварзӣ бошад, деҳқонон аз замин ҳосили кам мегиранду ин бахш дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад, зеро ҳануз аз белу каланду техникаҳои кӯҳна истифода мешавад. Дар бахши нақлиёт ҳам, ҳарчанд теъдоде роҳ сохта шуданд, вале пулакӣ шудани ҳамин роҳҳо ва эътирози ронандаҳо пешрафти ин бахшро зери суол бурдааст.

Аммо дар хусуси соҳаҳои ғайри моддӣ минҷумла маъориф коршиносон мӯътақиданд, ки маоши муаллимон паст асту таҳсил дар ин соҳа комилан пулакист ва ғайра. Бахши фарҳанг ҳам мешавад гуфт, ки дигар фарҳанги чандин ҳазор солаи халқи тоҷик танҳо рӯи коғаз мондаасту ҷои онро ҳамакнун фақат рақсу суруду бозӣ гирифтааст ва инак фарҳанги ғарбӣ нисбат ба фарҳанги тоҷикӣ бештар дар ҷоема реша давонидааст. Дар ҳавзаи илм ҳам вазъият монанди дигар соҳаҳост, чунончи олимону донишмандонамон ё ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд ва ё беҳтаринҳояшон Тоҷикистонро тарк кардаанд ҳамонанди соҳаи варзиш, ки чанд тан аз варзишкорони тоҷик ба сабаби бароварда нашудани хостаҳояшон ватанро тарк карда аз номи дигар кишварҳо баромад кардаву барои онҳо ифтихор касб кардаанд. Ва монд ҳавзаи Тандурустӣ, ки муолиҷаи ройгон дар ин бахш тақрибан несту ҳамагуна табобатҳо пулакист.

Тоҷикистон як кишвари иҷтимоист ва тақрибан нисфи маблағҳои буҷет харҷӣ соҳаҳои иҷтимоӣ мегардад, мегӯяд вакили МНМО Исмоил Талбаков. Аммо агар чунин аст пас чаро ин соҳаҳо инкишоф намеёбанд? Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Барот Юсуфӣ инкишоф наёфтани соҳаҳои моддиву ғайри моддии кишварро ба кам будани маблағҳои сарф шуда дар ин соҳаҳо марбут дониста мегӯяд, ки дар кишвар ниёзмандиҳои иҷтимоӣ зиёд буда бештари соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон инкишоф наёфтаанд ва ба ҳамин хотир бештари маблағҳои буҷет сарфи ин соҳаҳо мешавад. Аммо Зулфиқори Исмоилиён дар хусуси хароҷоти буҷет дар соҳаҳои иқтисодӣ мегӯяд, ки маблағгузориҳои буҷет дар сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамааш то кунун бесамар будаву ҳеч фоидае надоштааст ва шояд то 100 соли дигар аз онҳо фоидае расад: "ин марбут мешавад ба фаъолияти вазоратҳое, ки ба соҳаҳои иқтисодиёт дахл доранд. Мутахассисони вазоратҳо варзида нестанду то ҳанӯз муъян накардаанд, ки барои рушди иқтисодиёти кишвар бояд дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ сармоягузорӣ кард".

 

Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)