Бахшҳо
05 апр 2012 10:45Сиёсат

Умед ба озод гардидани Фаластин бештар мегардад

Ба гуфтаи  Али Акбари Вилоятӣ баъд аз инқилобҳои арабӣ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо умед ба озодии Фаластин зиёд шудааст. Вай бо ишора ба азамати ҳаракатҳои мардумӣ дар дунёи Ислом афзудааст, баъди 33 соли ихроҷи сафорати Исроил аз Эрон, парлумони Миср чанде пеш ба қатъи равобит бо Исроил раъй дод, ки натоиҷи бедории исломӣ аст.

Корвони осиёии ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза аз Тоҷикистон низ намоянда дошт

30 марти соли 1976 яҳудиҳо хостанд, ки 21 ҳазор гектар замини фаластиниҳоро бо зур бигиранд, вале ба қиёми мардум рӯ ба рӯ шуданд. Ҳамасола мардуми Фаластин аз ин сана таҷлил мекунад. Соли равон чанд кишвари дигар низ ба онҳо пайравӣ карданд.

Корвони осиёии ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза, ки соли гузашта бо тай кардани чандин ҳазор километр муваффақ ба шикастани муҳосираи каронаи Ғазза ва расонидани кӯмакҳо ба мардуми мазлуми ин минтақа шуд, имсол низ корвони байналмилалии «Ҳаракат ба сӯи Байтулмуқаддас» бо ҳамбастагии беш аз 700 ташкилоти ҷамъиятӣ ва мардумниҳод аз 64 кишвари чаҳон роҳандозӣ шуд. Аз Тоҷикистон Абдуқаҳҳори Давлат, раиси шӯъбаи равобити корҳои хориҷаи ҲНИТ, ва муовини раиси ҲНИТ шомили ин ҳайат буд.

Тибқи барномаи ин ҳаракат асосан корвон аз се самт- Аврупо, Африқо ва Осиё ба сӯи марзҳои Фаластин ҳаракат карда, 30 март бо ҳам васл шуд.

Бахши осиёии ин корвон аз Ҳинд, Индонезия ва Филипин шурӯъ шуда, аз шаҳру вилоятҳои Покистон, ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркия ба шаҳри Бейрути Лубнон расид. Ба корвон намояндагони кишварҳои Индонезия, Ҳинд, Малайзия, Филиппин, Ҷопон, Покистон, Шриланка, Озарбойҷон, Баҳрайн, Арабистони Саъудӣ, Афғонистон, Туркия ва Тоҷикистон шомил буданд. Мавриди тазаккур аст, ки маркази баҳамоии аъзои бахши осиёии корвон шаҳри Қарочии Покистон аз қабл муайян шуда буд. Тибқи нақша намояндагони ин кишварҳо дар ин шаҳр ба ҳам омада, сипас тавассути мусофиркашҳо ҷониби Байтулмуқаддас роҳ мегирифтанд.

 

«Мусалмонон ҳаргиз намегузоранд, ки Байтулмуқаддас яҳудисозӣ шавад»

Аз шаҳри марзии Куветтаи Покистон ба шаҳри Зоҳидон гузашта, корвон вилоятҳои Систон, Кирмон, Язд, Қум, Теҳрон, Зинҷон, Табрез ва Мокку ба шаҳри Иқдири Туркия гузашт ва бо убур аз шаҳрҳои Эрзерум, Анқара ва Истанбул тавассути шаҳри бандарии Марсини Туркия бо киштӣ ба шаҳри Бейрути кишвари Лубнон расидааст.

Дар шаҳру вилоятҳои Покистон мардум корвонро гарм ва самимӣ истиқбол гирифта,  ҳамдиливу ҳамрайъии худро бо мардуми мазлуму ситамдидаи Фаластин иброз дошт. Дар шаҳру устонҳои ҷумҳурии Исломии Эрон низ ҳайати корвонро бо гулу гулдаста, навозиши  созу асбоби нафасӣ (оркестр) ва гирдиҳамоӣ пешвоз гирифтанд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо ҳайати  корвон раиси Маҷлиси исломии Эрон ҷаноби Алии Лориҷонӣ вохурда, таъкид бар он доштааст, ки агар Эронро сад бори дигар таҳрим намоянд ҳам, миллати Фаластинро дифоъ хоҳад кард. Ба қавли Алӣ Лориҷонӣ масъалаи Фаластин чанд ваҷҳ дорад, ки яке Байтулмуқаддас ва ҷойгоҳи он дар назди мусалмонон аст ва мусалмонон ҳаргиз наметавонанд бигузоранд, ки ин шаҳри муқаддас барои тамоми мусалмонони дунё яҳудисозӣ шавад.

Ҳамчунин ҳайати корвони байналмилалии «Ҳаракат ба сӯи Байтулмуқаддас» бо Алӣ Акбари Вилоятӣ, мушовири умури байналмилалии  мақоми муаззами раҳбарии Эрон ва раиси Созмони байналмилалии «Бедории исломӣ» дидору мулоқот анҷом додааст. Номбурда гуфтааст, ҳаракати ин корвон дар ҳафтаҳои ахир бисёр чашмгир ва назаррас аст. Ба гуфтаи  Али Акбари Вилоятӣ баъд аз инқилобҳои арабӣ дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо умед ба озодии Фаластин зиёд шудааст. Вай бо ишора ба азамати ҳаракатҳои мардумӣ дар дунёи Ислом афзудааст, баъди 33 соли ихроҷи сафорати Исроил аз Эрон, парлумони Миср чанде пеш ба қатъи равобит бо Исроил раъй дод, ки натоиҷи бедории исломӣ аст.

Маҳмадалии Ҳайит: Фаластин порае аз ҷисми уммати исломӣ ва мусалмонон аст

18 март дар қасри раёсати ҷумҳурии Эрон ҳайати корвонро Маҳмуди Аҳмадинаҷот, президенти ин кишвар ба ҳузур пазируфт. Аҳмадинаҷот бар пуштибонӣ аз ормонҳои мардуми Фаластин ва муқовимату мубориза барои озодиву истиқлол таъкид намудааст.

Дар майдони марказии шаҳри Иқдир ҷамъомади мӯҳташаме бо сокинони ин маҳал доир шуд. Сипас корвон ба масири худ идома дода, ба шаҳри Эрзирум расид. Шабҳангом дар назди муҷассамаи Камол Отатурк бо ҳузури истиқболкунандагони туркӣ ҳамоише сурат пазируфт. Рӯзи дигар ба пойтахти Туркия равон шуданд. Дар Анқара наздики сафорати Исроил ҳайати корвон гирдиҳамоии бузургеро барои дифоъ аз Фаластин ва ҳаққи бозгашти сарбаландонаи онҳо ба сарзаминҳои ишғолӣ таъкид намуданд. Худи ҳамон рӯз корвон ба ҷониби Истанбул ҳаракат кард. Ҳамчунин дар толори бузурги варзишии ин шаҳр ҳамоиши дигаре баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон Маҳмадалии Ҳайит суханронӣ дошт. Ӯ таъкид намуд, ки қазияи Байтулмуқаддас ва Фаластин танҳо қазияи арабҳо ва мардуми ин сарзамин нест, балки он порае аз ҷисми уммати исломӣ ва мусалмонон аст. Бинобар ин бояд ихтилофу таасубботи мазҳабиро канор гузошта, да якҷоягӣ барои озодии қиблаи аввалин талош намоянд, то нагузоранд, ки он аз ҷисми уммати исломӣ ҷудо гардад.

Нуқтаи ҷолиб он аст, ки дар шаҳри Истанбул чанд нафар аз корвони киштии «Мармара», ки чанд сол пеш аз тарафи исроилиҳо мавриди ҳамла қарор гирифта боиси ҳалокати 9 шаҳрванди Туркия шуд, ба корвони Осиёии «Харакат ба сӯи Байтулмуқаддас» ҳамроҳ шуданд.

Дар роҳ ба тарафи шаҳри бандарии Мерсин, ки аз дохили шаҳри таърихии Куния, ки оромгоҳи Ҳазрати Мавлонои Рум аст, мардуми меҳмоннавозу меҳмондӯст аз ҳайати корвон тақозо карданд, ки ифтихори меҳмондориву пазироӣ барояшон дода шавад. Ҳамин буд, ки аз майдони марказии шаҳр то оромгоҳи Мавлонои Рум ҳайати корвон ва мардуми ин шаҳр парчами 20 метрии Фаластинро бардошта, бо нидоҳои ҳамдиливу пуштибонӣ аз қиблаи аввали мусалмонон ва шаҳри Байтулмуқаддас роҳпамоӣ намуданд.

 

Тарси Лубнон ва мушкили корвониҳои Ҳинд

Сарфи назар аз мушкилиҳои сафари заминии беш аз 20 рӯза тавассути автубусҳо, дар бандари Мирсини Туркия  мушкили дигаре аъзои корвонро интизор буд. Зеро ҳеч киштие аз хавфи ҳамлаи нерӯҳои зудамали исроилӣ ба корвон масъулияти бурдани онро то Бейрут ба душ намегирифт. Вале дар ниҳоят бо нохудои лубнониасл тавофуқ ҳосил шуд, то корвонро ба соҳили Бейрут бирасонад. Ҳамин ҳангом мавҷҳои баҳр оҳиста оҳиста алвонҷ зада, талоши боло заданро дошт. Тибқи гуфтаи шоҳидон аслан дар ин гуна боду ҳаво ҳеч нафаре ба сафар намебарояд, зеро ин ба дасти худ нобуд сохтани худ аст. Аммо ба ин ҳавои борониву сарди баҳр нигоҳ накарда, киштӣ ба ҳаракат даромад ва баъди шино кардани беш аз 9 соат ба соҳили Бейрут расид. Тааҷҷубовар он буд, ки бо вуҷуди он, ки масъалаи раводид ва омадани корвон бо ҳукуматдорони Лубнон ҳамоҳанг шуда буд, аммо аъзои корвон боз 12 соати дигар дар бандар дохили киштӣ нигоҳ дошта шуданд. Ба гуфтаи шоҳидон ин амалкард ба хотири он будааст, ки нохудои киштӣ бе огоҳии қаблӣ ва бидуни дар тамос шудан бо ҷониби Лубнон ҳаракат кардааст. Вале назари дигаре низ вуҷуд дошт, ки Лубнон аз ҳушдори Исроил тарсида, чунин монеагузорӣ кардааст. Ба ҳар ҳол бо дахолати созмонҳои ҷамъиятии Лубнон қазия ҳалли худро ёфт ва танҳо барои ҳайати корвон аз Ҳинд мушкили виза эҷод шуд. Огҳо як шабонарӯзи дигар болои киштӣ монданд. Баъди баррасӣ шудани масъала дар парлумони Ҳинд ва дахолати бевоситаи сарвазири ин кишвар ба масъала ва талаби узрхоҳии Лубнон аз Ҳинд масъала ҳалли худро пайдо намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки 30 март дар паҳлӯи қалъаи Шакифи ҷануби Лубнон, ки бо Исроил ҳаммарз аст ва шадидтарин ҷангҳо онҷо сурат гирифтааст, ҳамоиши бузурге дар робита ба «Рӯзи замин» баргузор гашт, ки дар он сӯҳбату суханрониҳои ҷолиб ва самимӣ аз ҷониби гурӯҳҳои фаластинӣ ва корвонҳои расида, аз Африқову Осиё ва Аврупо сурат гирифтанд.

Сафарбек Кабиров

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)