Тими яккачини футболи Афғонистон фардо бо мунтахаби Фаластин сабқат мекунад.
Нуралӣ Хоркашев, ёвари президенти федератсияи футболи Тоҷикистон зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, 29-уми июни соли равон дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии марҳилаи интихобии чемпионати ҷаҳон-2014 байни ин ду даста сурат мепазирад. Номбурда афзуд, айни ҳол тими миллии ҷумҳурии исломии Афғонистон дар ҳайати 25 нафар дар варзишгоҳи шаҳри Норак ва тими миллии Фаластин дар ҳайати 28 нафар дар макони баргузории бозӣ-варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода тамрин мекунанд. Гуфта мешавад, рақобат байни ин дастаҳо фардо соати 16:00 баргузор хоҳад шуд, ки дар ин бозӣ соҳибони майдон тими миллии Афғонистон дониста мешаванд. Ба иттилои Нуралӣ Хоркашев, баъдан тими миллии ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Фаластин сафар намуда, бозии ҷавобии худро мегузаронад. {jathumbnail off}
Мӯҳр