Тоҷикистони азизи мо як кишвари кӯчак асту ҳамагӣ 7-у ним миллион аҳолӣ дорад. Ин шумори одамонро роҳат метавон аз тариқи ба кор андохтани корхонаҳои хурду миёна ва дуруст роҳандозӣ кардани бахши ҷаҳонгардӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва як луқма нон кард, аммо…
Намедонам, ки ба мо чӣ шуда? Ба ҷои он ки сарҷамъ шавему баҳри рушду такомули кишвар, ободии диёр ва шукуфоии он ҷадал кунем, таъриф мекунему мегардем, ки чӣ қадар раққосаву ҳофиз ва таронасарову маддоҳ дорем. Лоф мезанем, ки ч..-и чанд ятимро буридему ҷашн барпо кардем, маърака оростем, боғи тафреҳ мекушоему валвала меандозем. Аммо, дар ҳоли ҳозир дар кадом ноҳияи кӯҳистон як корхонаи саноатӣ сохтем, ки аққалан дандонҳилол (дандонкобак) тавлид мекунад? Не! Насохтем ва сохтанӣ ҳам нестем.
Ҳамин соату лаҳзаи дигар дар манотиқи дурдасти кӯҳистони кишвар тарма мефарояд, селхезӣ ба вуқӯъ мепайвандад, роҳ баста мешавад, аммо мо ҳамоно суруд мехонем, таронаи баҳору замзамаи беҳуда мекунем.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки зимистони имсола дар кӯҳистони кишвар сарду сербориш омад, роҳҳо масдуд ва зиндагии сокинони он манотиқ боз ҳам мушкилтару сангин шуд. Хӯроки чорво ба итмом расид, захираи зимистонаи ғизои хонаводагӣ ҳам. Ба болои ин, ҳар рӯз хатаре ба мардуми кӯҳистон таҳдид кардан дорад: Аз селу тармаи ногаҳонӣ то лағжиши кӯҳу хоку санг. Биноҳои зиёди истиқоматӣ хароб, муассисаҳои ҷамъиятиву давлатӣ валангор ва роҳҳо тахриб гардидаанд, аммо мо боз ҳам бепарвоем.
Дур намеравем, як худи таҷлили Наврӯз дар навоҳии дурдасти кишвар саҳнаеро ба пеши назари одам ҷилвагар мекунад, ки тасвираш ғайриимкон аст. Албатта, мо зидди ҷашнгирии ин ид нестем ва ба мақоми байнулмилаливу миллии он арҷ мегузорем, аммо ҳамин «худнамоишдиҳӣ»-и беҳуда ба кӣ зарур аст? Таҷлилу идкунии мо ба ҳадди ифрот расида, ғаши одамонро меорад. Ба ёдам «роҳпаймоиҳо»-и таблиғӣ, ки ба хотири харидории саҳмияҳои Роғун доир мешуданд, омад. Хуб шӯру валвала кардем, аммо баъдтар вазъро санҷида, таҳлил карда, ба қавле аз осмон ба замин «фаромадем». Беҳтар ин аст, ки дар ҳоли ҳозир ба харҷу хароҷоти зиёдатии иду маросимҳо роҳ надиҳем, то дар оянда пушаймон нашавем. Аққалан аз ҳамсояҳо ибрат бигирем…
Тафовут аз замин то осмон
Ноҳияи Олойи ҷумҳурии Қирғизистон бо Ҷиргатоли мо ҳамсарҳад аст. Муҳити табиӣ ва обу ҳавои ин ду водӣ аз ҳамдигар қариб, ки тафовут надоранд. Имрӯз ба хотири барфу сардиҳо ва боришоти зиёд дар ноҳияи Олой, мақомоти он кишвари ҳамҷавор истифодаи қувваи барқро барои сокинонаш ройгон кардааст, ба замми ин ба ҳар як хонавода (оила) як халта орд, 5 литр равған, маводи хӯрокворӣ кӯмак расонидаанд.
Дар Ҷиргатол бошад, кӯмаки моддӣ он тараф истад, моҳҳои дароз аст, ки сокинон рӯи равшании барқро надидаанд, магар дар хоб. Ба болои ин ҳама халқро маҷбур мекунанд, ки ҳар як деҳа ва ҳатто ҳар як маҳаллу кӯча дар алохидагӣ Наврӯзро ҷашн гиранд, дар ҳоле ки Наврӯз бо навбаҳорон хуш аст, на миёни тӯдаи барфу тармаҳо ва торикии саросарӣ.
Чанд рӯз қабл, Манас гуфтанӣ як дӯстамро дар пойтахт вохӯрдам. Аз ӯ дар бораи зодгоҳу аҳли байтам пурсон шудам. Ошнои қирғизам ба як лабханди ноумедкунанда ва ғамгинӣ: «Дар Ҷергетал ҳаят тамам шидагияй» ҷавоб дод.
Аз посухи ӯ сахт мутаасир шудам, наход ҳаёт дар зодгоҳи ман тамом шуда бошад, наход мардум ин қадар ноумеду рӯҳафтода гарданд?
Шӯҳратуллои Фахриддин
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |