Барои ободонии шаҳру навоҳӣ ва таъмиру тармими манзили зист ҳамасола аз ҳисоби аз ҳисоби буҷаи давлат ҳазорон сомонӣ ҷудо мегардад.
Вале дар баъзе аз ташкилотҳои муваззаф барои ин сатҳ, масъулин маблағи даромадро на тибқи нақшаи пешбинишуда, ки ба фоида ва диди худ сарф кардан доранд. Яке аз ин ташкилотҳо, корхонаи фаръии истеҳсолию истифодабарии манзил дар шаҳри Кӯлоб мебошад.
Дар ҳоле, ки даҳҳо биноҳои баландошёнаи манзили зист эҳтиёҹ ба таъмиру барқарорсозӣ ва тоза намудани тагхонаҳо доранду дар ин маврид аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ танҳо дар 5-моҳи имсол 152-ҳазор сомонӣ ҷудо гашта бошад ҳам, вале бино ба иттилои Хайруллоҳ Ҳабибуллоев, сардори ин корхона, маблағҳо дар самти дигари фаъолият ба фоидаи корхона сарф шудаанд. Аз ҹумла харидории техникаву қарзи андозҳо. Ин ҳам дар ҳолест, ки корхона муассисаи худмаблағгузор ҳасту ҳар моҳ ҳазорон сомонии дигар аз ҳисоби муштариён даромад дорад.
Дар ҳамин ҳол, Ҳабибуллоев ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, «аҳолӣ аз корхона ба маблағи беш аз 150-ҳазор сомонӣ қарздор будаву дар мавриди пардохти он коҳилӣ мекунанд».{jathumbnail off}
Мӯҳр