Бино ба навиштаи сайти раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқотҳои сегона ва чаҳоргонаи раҳбарони кишварҳои минтақа пас аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 25-уми март дар Кохи Сомони бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои "иҷрои саривақтӣ ва пурраи аҳду паймонҳои қаблан ҳосилшуда" набояд ба "саҳлангорӣ" роҳ дода шавад. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин ҳарфҳои Раҳмон, асосан иҷрои лоиҳаҳои пайвастшавии роҳҳои заминӣ ва оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва бунёди хатти интиқоли барқи 500 киловолтии Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон мебошад. Аснои мулоқот Эмомалӣ Раҳмон афзуд, давлатҳои се кишвар бояд дар чорчӯби Қатъномаи Иҷлоси 64-уми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба "Рӯзи байналмилалии Наврӯз"-и рӯзномаи "Фарҳанги сулҳ" бояд барномаи мукаммалтари корӣ дошта бошанд."Раҳбарони се кишвар ҳамчунин хостори тавсеъаи равобити сеҷониба барои ҳалли масоили Афғонистон шуда ва гуфтаанд, ки ин равобит ба бозсозии имконоти иқтисодию иҷтимоъӣ ва нақлиётию транзитии ин кишвар кӯмак хоҳад кард.
Ҳамзамон, дар мулоқоти чаҳорҷонибаи раҳбарони Эрону Афғонистон ва Тоҷикистону Покистон, низ ки пушти дарҳои баста дар Душанбе доир шуд, мавзӯъи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ, вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва бозсозии иқтисодии ин кишвар баррасӣ шудааст.Сарварони Эрону Афғонистон ва Покистон аз пешниҳоди президенти Тоҷикистонн барои таъсиси як форуми минтақаӣ истиқбол карданд: «Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бояд барои бунёди шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ ва роҳҳои оҳану мошингард ҷаҳду талоши фаъол дошта бошанд. Бунёди нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи арзони барқ ба кишварҳои ниёзманди минтақа дорои суди беандоза мебошад».
Ёдрас менамоем, раисони ҷумҳурии Эрону Афғонистон ва Покистон рӯзи шанбеи 24-уми март ба манзури ширкат дар маросими ҷашни байналмилалии Наврӯз ва нишастҳои муштарак вориди Душанбе шуда буданд. Аммо дар намоиши театрии рақсу суруд дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе президентҳои Эрону Афғонистон ширкат надоштанд ва райисҷумҳури Тоҷикистонро Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон ҳамроҳӣ мекард.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |