Бахшҳо
16 мар 2012 05:43Гузориш

Ҷавҳар

Ва агар ҳадаф аз аслу ҷавҳари ислом дур кардани мардум буд, боз ҳам ғалат кардаанд.

Амнияти миллат ва дилхоҳ давлат ҳамон вақт таъмин мегардад, ки ба арзишҳои умумибашарӣ ва тамаддунсоз дар он кишвар арҷ гузошта шавад. Аз ҷумла дар Тоҷикистон низ, ки ҷузъе аз ҷомеъаи ҷаҳонист ва рӯёрӯи таҳдидҳои глобалӣ қарор дорад. Дар минтақае, ки ҷумҳурии мо бо хости дили давлатмардони вақти шӯравӣ ҷойгир шудааст, бештар аз дигарон ҳассосияти миллӣ ва хатарҳои ношӣ эҳсос мешаванд. Бидуни шак, ин миллати асил ва дорои таърихи бою пурғановат зиёдтар аз ҳамсоягонаш тӯли таърихи сад соли ахир азият дида ва Худо накунад, ки баъдҳо ҳам ин мушкил болои сараш печида ва хатарзо бимонад. Таърих гувоҳ аст, ки дар аввали поягузории давлате абарқудрат бо номи СССР бархе аз нухбагони пантуркисти миллати тоҷик рӯи сарнавишти гузаштаи аҷдодӣ по гузошта (аниқтараш хати бутлон кашида), моро аз марказҳои фарҳангӣ ва ҳақиқиамон бенасиб гардониданд. Пас аз ин, ҳудуди кишварро се бори дигар тарака намуда, сарзаминро ба аҷнабиён "тортуқ" карданд. Давоми ин муддат ду бор хати моро дигар намуда, аввал ба лотинӣ баъд ба сириллик гузарониданд. Ва ин амалро ба гунае шарҳ доданд, ки "хара хандаю бузу бозӣ мегирад".
Фаромӯш набояд кард, ки ин аъмол теша ба решаи миллат задан аст ва буда, онро чизи дигаре намешавад талаққӣ кард. Агар манзури эшон миллати воҳид сохтан дар чорчӯби як кишвари бузург буд, сахттар аз он иштибоҳ карданд. Ва агар ҳадаф аз аслу ҷавҳари ислом дур кардани мардум буд, боз ҳам ғалат кардаанд.
Истиқлол чун мевае аз боғи бозсозии горбачёвӣ ба қаламрави Тоҷикистон ҳам кӯч баст. Ҳарчанд омилҳое дар дохили кишвар ҳам ба ин мусоидат кард. Акнун дар аввоили солҳои навади  садаи бист интеллигенсия ва қишри рӯшанфикри миллат дар сар ҳавои бозгаштан ба хати ниёкон ва поягузории давлати воқеъан миллиро дошту дар ин роҳ гом мебардошт. Боз ҳам ҳамсояҳои дуру наздики хуб дар нохунак ба худ печиданд ва тарҳи нави нифоқ дар дохили Тоҷикистонро тарҳрезӣ карданд ва то ҷое ба ин муваффақ ҳам шуданд. Ин ҷо "хидмат"-и баъзе аз пешвоёни дурӯғини миллат низ буд, ки Тоҷикистони нурпош тайи панҷ сол ба торикистону ҷангистон бадал шуд.
Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва то давраи расидан ба мусолиҳаи миллӣ матбуоти мустақил то ҷое, ки имкон дошт, нақши муҳим ва рисолати азалии худро нигоҳ дошт. Агарчӣ ҳолатҳои истисноӣ ҳам буданд, ки вазъи бе ин ҳам муташанниҷро бархе аз маводҳои журналистон печидатар мекард. Дар даҳсолаи аввали истиқлолият ва қабл аз ҳама то оғози ҳазорсолаи нав, баррасӣ намудани ғояҳои оштии миллӣ, миллатсозӣ ва давлатдории миллӣ дар матбуот нақши асосӣ дошт. Чаро ки дар раванди ташаккул ва устуворгардии низоми сиёсии давлат матраҳ намудани масъалаҳое, ки усулан бунёдӣ ҳастанд, тақозо менамоянд, то дар ин раванд афкори омма ба вуҷуд биёяд.
Инак, даҳ соли дигар аст, ки давраи нав ва ё худ замони вижаи матбуоти мустақил фаро расидааст ва ВАО-и миллӣ дар ин раванд аз худ нақше босазоеро боқӣ гузошт. Ҳифзи субот, ормонҳои миллӣ, ҳусни тафоҳум, халалдор накардани амнияти дохилӣ ва минтақавӣ, арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ, эҳтироми қонун аз асоситарин рукнҳое буданду ҳастанд, ки рӯзноманигорон аз онҳо дифоъ карданд.
Ҳафтае, ки гузашт, аз таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ сад сол сипарӣ шуд ва матбуоти миллӣ гӯё якасра шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)