Бахшҳо
16 мар 2012 05:16Дидгоҳи хос

Соҳиб

Матбуот вақте бесоҳиб мешаваду ғурураш мешиканад, ки мо дар камоли бемасъулиятӣ аз кадом як актёру навқалами навроҳи дигар чеҳраи таъсиргузори матбуот сохтанӣ шавем.

Рӯзноманигори аламкашу аламдида Раҷаби Мирзо ба муносибати садумин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик паёмаки шодбошӣ бароям ирсол дошт. (Албатта баъдан фаҳмидам, ки барои чанд тани дигар низ ин паёмакро фиристодааст). Паёмак чунин буд: "садсолагии матбуоти бесоҳиб, аммо боғурур муборак!". Воқеан шодбоши кутоҳ, аммо дардолуд. Намедонам ӯ вақте матбуоти бесоҳиб мегуфт, чиро дар назар дошт. Агар манзур аз ин сухан соҳиби матбуоти мустақил нашудани ҳукумат бошад, вой бар ҳоли мо! Агар аз ин ҳарф манзур пуштибони матбуот шудани ҳукумат, дар ҷаласаву нишастҳо пайваста рузноманигоронро даъват карданаш бошад, боз ҳам вой бар ҳоли мо! Зимнан дар ҷаласаи расмии бахшида ба солгарди якасраи матбуоти тоҷик Раҷаб даъватӣ набуд. Албатта чанд тани дигар, ки рузноманигори саршинос ва собиқадори воқеии ин ришта ҳастанд, низ даъват нашудаанд. Гузашта аз ин шояд 60-70 дар сади даъватшудагон низ ҳеч рабте ба матбуот надоштанд.
Матбуоти мо он гоҳ бесоҳиб шуду мешавад, ки мо ба дунболи талбидани имтиёз аз ҳукумат бошем, гадоӣ кунем. Ҳама мебинем, ки роҳҳои кишвар хароб аст, мардум аз бебарқӣ азият мекашад (ҳамин реҷабандии барқ дар асри бисту як худ як таҳқир аст), ба "шарофат"-и роҳи пулакӣ сафар аз як қисмати кишвар ба қисмати дигараш азоб аст, мушкилоти иқтисодиву иҷтимо гиребонгири мардум аст, қисса кутоҳ, ҳукумат садҳову ҳазорҳо мушкилоте дорад, ки мувофиқи вазифа ва рисолаташ бояд ҳал кунад. Дар чунин шароит мо барои матбуот талаби пуштибониву ёрӣ кунем, матбуот воқеан бесоҳиб аст. Ҳукумат бояд вазифаи худашро анҷом диҳад, яъне на дар сухан, балки амалан дар паи бартараф кардани мушкилот бошад. Баҳона оварданҳо ҳам нишони нотавони асту бас. Агар ин ҳама мушкилоти мардум ҳал шавад ба сари худ мушкилоти матбуот аз назари моливу иқтисодӣ ҳал хоҳад шуд.
Матбуотро дигарон бесоҳиб кардан хоҳанд як дарди бахайр, вале мо худ низ гоҳо огоҳона ва ё ноогоҳона дар ин росто қадам мезанем. Ба ростӣ, матбуот вақте бесоҳиб мешаваду ғурураш мешиканад, ки мо дар камоли бемасъулиятӣ аз кадом як актёру навқалами навроҳи дигар чеҳраи таъсиргузори матбуот сохтанӣ шавем, ё як рузноманигореро, ки ҳама медонанд дар як мақолаи чандсафҳаи ду ҷумлаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ надорад, чеҳраи таъсиргузори матбуот эълон кунем. Беш аз ин ба арзишҳову усулҳо, ба волоияти сухану истеъдод, ба ростгӯиву якрӯӣ ва меъёрҳое аз ин даст ахлоқиву усулӣ ба хотири чизҳову падидаҳои беарзишу гузаро пушт гардонем, ҳатман матбуот бесоҳиб мешавад.
Аз сӯи дигар вақте ду-се тан мансабдораке ба ин тасаввур бошанд, ки сарнавишти матбуот дар дасти онҳост ва агар навиштаи ин ё он рӯзномаву рӯзноманигор барояшон писанд наояд аз роҳҳои гуногун бихоҳанд ба он расонаву суханвар фишор биоваранду рузноманигорон муҳри сукут бар лаб бизананд, матбуот бесоҳиб аст. Вакте дар ҷаласаи ҷашнӣ маросими супоридани ҷоизаи Лоҳутиро ба хотири он, ки як нафар барандаи ҷоиза онро аз дасти президент нагирад, лағв мекунанд, талош барои бесоҳиб кардани матбуот ё ба он ҳукуматро соҳиб кардан аст. Ин дар ҳолест, ки таи бист соли ахир барои аввалин бор ҷоизаи ба номи Лохутӣ ба ин ҳад арзиш ва ҷойгоҳ пайдо кард.
Беш аз ин агар матбуот натавонад матолибе бинависад, ки мансабдоракони хатокорро фош созад, мисли оина норасоиҳои онҳоро нишон надиҳад, пас, воқеан бесоҳиб аст. Агар матбуот дар мунҷалоби хушомаду чоплусӣ ғӯтид, бесоҳиб аст.  Агар матбуот (албатта манзурам матбуоти мустақил аст!) аз ҳукумати вақт ва ё ҳар мансабдори дигар вобаставу фармонбардор бошад, бесоҳиб аст ва бигзор чунин матбуот аслан набошад.
Борҳо гуфтем, ки рисолати матбуот ба ҳеч ваҷҳ мухолифат бо ҳукумат нест, матбуот мисли оинаест, ки падидаҳову авзоъи ҷомеаро дар худ инъикос медиҳад. Албатта баҳси фалсафие, ки аз ними истакон холӣ гуфтан ними истакон пур гуфтан беҳтар аст, мо ҳам хабар дорем. Вале матбуот бояд комилан ихтиёри интихоби ба ин ё он шакл баён кардани матлабро дошта бошад. Агар дар фикри ба фалон мансабдор ё пулдоре ин шакли баён писанд меояд ё не бошад ва онро мулоҳиза кунад, пас, воқеан матбуот бесоҳиб аст. Гузашта аз ин дар чунин ҳолат миллату кишвар низ бесоҳиб аст. Бояд соҳиби матбуот қонун бошад, яъне озодиҳои қонунӣ бояд таъмин гардад. Табиист, ки дар идораҳои дахлдор номи шахсе чун молик зикр шуда, вале соҳиби матбуоти мустақил бояд мардум бошанд. Матбуоти мустақил бояд ҳарфи дили мардумро бигӯяд, дар ростои манфиатҳои мардум матолиб нашр кунад. Набояд фаромуш кард, ки дар ҳеч ҷои дунё ҳукумате, ки ҳамаи мардум тарафдораш бошад, вуҷуд надорад. Дар шароити кишвари мо бо ин ҳама мушкилот аз пуштибонии сад дар сади мардум аз ҳукумат ҳарф задан камоли аблаҳист.   
Бидуни соҳиби боғурур будани матбуоти мо низ ҷои суол дорад. Ин ҳама хушомаду бӯи ганди чоплусӣ, ки дар навиштаҳои бархе матбуоти ба ном мустақили мо ба машом мерасаду дилро беҳузур мекунад, нишони соҳиби беғурур доштани онҳост. Аммо то замоне, ки барои манъ кардани фаъолияти матбуоти мустақил ва ё фишор овардан ба асҳоби матбуоти мустақил талошҳое аз сӯи ину оне сурат мегирад, пас мутбуоти мустақил бесоҳиб нест. Балки ҳам соҳиб дораду ҳам ғурур ва гузашта аз ин дурӯғ намегӯяд, чоплусӣ намекунад, ҷуз аз мардум аз ҳеч каси дигар интизори ҷоизаву пуштибонӣ надорад. Хушдорҳояш барои як гурӯҳе ба номи ҳукумат нест, балки дар ростои манфиатҳои миллат аст. Бидуни ҳеч тамаъ рисолаташро адо мекунад ва на миннати касеро мекашаду на ба касе минат мегузорад.
Зафари Сӯфӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)