Мардумони ориёӣ, ба хусус тоҷикон барои тамадуни башарӣ мероси бузурги фарҳангию илми боқӣ гузаштаанд.
Дар таърихи башар кам қавме вомехӯрад, ки инқадар бузургони ҷаҳонӣ аз қабили Зардушт. Куруши Кабир, Барзуи Ҳаким, Ал-Бухорӣ, Имоми Аъзам, Муҳаммад Мусои Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Закарёи Розӣ, Ибни Сино, Абӯрайҳонӣ Берунӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавии Балхӣ, Умари Хайём, Насириддини Тӯсӣ ва садҳо дигар абармардонро, ки дар риштаҳои мухталифи тамадуни илмию маънавии башарият бо осори гаронмояашон номи худро ҷовидона сабт намудаанд.
Ҳазорон мероси моддие, ки гузаштагони миллати тоҷик дар бахшҳои шаҳрсозӣ (Тахти Ҷамшед., навиштаҳои Дориюши Кабир дар кӯҳи Бесутун, қасру кушкҳои Сосониён дар Мадоин, мақбараву мадориси Бухорову Самарқанд, Марву, Машҳад, Саразму, Тахти Сангин, Тоҷмаҳали Ҳиндустон) оламиёнро ба ҳайрат гузоштаанд. Агар мо ба ин минвол ба дигар бахшҳо, аз қабили ҳунарҳои мардумӣ, ҳайкалсозӣ, қолинбофӣ, либос, чӯбкорӣ, санъати тасвирӣ, ихтирооти хату қоғаз, заргарӣ, кулолгарӣ ва дигар бахшҳои фаъолияти мардуми тоҷик назар андозем номгӯи дастовардҳои онҳо дафтарҳо мешавад.
Яке аз бошукӯҳтарин ва арзишмантарин мероси фарҳанги миллати мо ки аз қаъри дарозаи таърих ба мо омада расидааст ин ҷашни Наврӯз мебошад. Наврӯз ба қавли аксарияти таърихнигорон ва уламои пешин, аз қабили Страбон, Истахрӣ, Шаҳристонӣ, Берунӣ, Хайём, Наршахӣ ва олимони муосир Мери Бойс, Н. Хоников, Адам Метса, Б. Ғафуров, С. Айнӣ, М.С. Андреев ва дигарон иди миллии ақвоми эронӣ ва эронитаборон аст.
Дар рӯзгори мардуми ориёӣ ҷашнҳои зиёде мавҷуд будаанд ва онҳоро бо сунатҳои хос ҷашн мегирифтаанд. Наврӯз, ки аз ғоратгариҳову кушторҳои Искандари Макдунӣ, биёбонгардҳои арабу муғулу турк ва режими комунистӣ то ба имрӯз на танҳо омада расид, балки онҳо онро қабул карданд ва имрӯз аксарияти онҳо ин иди миллии моро рукни ҷашнҳои худ дониста онро ба таври расмӣ ҷашн мегиранд.
Маҷмааи умумии Созмони Милалӣ Муттаҳид бо судури як катънома 19 феврали соли 2010 дар 64-умин нишасти худ Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Пешнависи ин ҷашнома аз сӯи намояндагони Осиёи Марказӣ, Эрон, Туркия, Озорбойҷон, Ҳиндустон, Мақдуния ва Албания дар якҷояги таҳия ва пешниҳод шуда буд.
Моҳи майи соли гузашта ЮНЕСКО – муассисаи илмӣ – фарҳангии СММ Наврӯзро ба феҳристи мероси фрҳангии ҷаҳон ворид кард, ки ин худ эътирофи фарҳанги миллии тоҷик дар арсаи ҷаҳонист.
Наврӯз, ки яке аз идҳои қадимтарин дар рӯи Замин буда, ҳанӯз аз замонҳои қадим мардумони эронитабор онро ҷашн мегирифтанд.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз дар адабиётҳои таърихӣ нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Ҳаким Умари Хайём- шоир ва олими бузург, муаллифи тақвими хуршедӣ( асри Х1) ба таърихи ҷашни Наврӯз асаре ба номи «Наврӯзнома» таълиф намуд. Дар ин рисола як чанд ривоятро марбут ба пайдоиши иди Наврӯз овардааст: «Чун мардум бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар 365 рӯз аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд…. ва чун Ҷамшед он рӯз дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн овард ва аз паси он подшоҳони дигар онро давом диҳанд».
Мувофиқи ривояти дигар, ки Хайём дар «Наврӯзнома» овардааст гуфта мешавад: «Чун Каюмарс аввалин мулуки Аҷам ба подшоҳӣ нишаст, хост ки айёми солу моҳро ниҳаду таърих созад, то онро бидонанд. Бинигарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал (барра) омад, мӯбадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Чун Каюмарс ин рӯзҳо оғози таърих кард 365 рӯзро ба 12 қисмат кард. Ҳар бахш 30 рӯз чун чаҳор қисмат аз ин қисмат бигзарад Наврӯзи бузург аз нав гаштани аҳволи олам бошад».
Сарчашмаҳои зардуштӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Наврӯз ҷашни ба поён расидани офариниш мебошад, худованд дар офариниши охирини худ саравлоди инсонҳо Каюмарс ва ҳайвоноту рустаниҳои шифобахшро дар Эронвиҷ офарид, ки дар олам зиндагиро ҷорӣ намоянд ва ин рӯзро Наврӯз ва моҳро Фарвардин номид, ки маънои ин вожа рушноӣ аст, фурӯғи зиндагии нав аст.
Ҷашни Наврӯз дар замони подшоҳи пешдодӣ Ҷамшед ба расмият даромадааст. Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» муфассал дар ин бора овардааст. Ҷашни Наврӯз дар замони Ҳахоманишиҳо, Ашкониҳо, Сосониён бо тантана ҷашн гирифта мешудааст. Мувофиқи ахборе, ки Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» овардааст эрониён гумон меравад, ки аввалин қавме бошанд, ки барои солу моҳҳо тақвим сохтаанд. Зардушт, ки худаш ҳаким буд, рӯзҳоро то 365 рӯзу чанд соат тақсим намудааст ва соатҳои боқиро кабиса кунондааст.
Страбон таърихнигори антиқаи юнонӣ овардааст, ки Наврӯз ҷашни муҳими эрониён ба ҳисоб мерафтааст. Ҷашнгирии Наврӯз ҳанӯз дар адабиёти хаттии зиёда аз 8-ҳазорсолаи тоҷикон «Авасто» зикр шудааст. Аз ахбороти гузаштаи бадастомада маълум мешавад, ки ҷашнгирии Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабонрӯзи (21-22 март) бевосита ба тақвими шамсие, ки ҳанӯз 8-ҳазор сол пеш аз ин ақвоми эронӣ аз он истифода мекарданд алоқаманд аст.
Хусусияти дигари муҳими Наврӯз он аст, ки он аз дигар тақвимҳои мардумони саҳроиву чорвопарвар, ҷашни мардумони зироаткору шаҳрнишин аст. Яъне он ҷашни мардумони зироаткор буда, мувофиқи таквими шамсии қадимаи мардумони ориёӣ дар моҳи Фарвардин баробар ба 21-22 марти тақвими григорианӣ ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Хайём, Берунӣ ва Фирдавсӣ пайдоиши ин иди бошукӯҳро баробар бо офариниши Олам медонанд ва таҷлили онро бо нахустодам Каюмарс нисбат медиҳанд. Пас ҳадс задан мумкин аст, ки ин идест, ки инсонҳо аз обшинаи авлодию, саҳрогардӣ рӯ ба кишоварзию шаҳрдорӣ ва аввалин давлатҳо овардаанд зич алоқаманд аст.
Иди Наврӯз дар аҳди императории Сосониён бо шукӯҳу шаҳомати хос мегузаштааст ва расман ҷашни соли нав эълон мегардад. Абурайҳони Берунӣ инчунин дар «Осор-ул-боқия» овардааст, ки: «Ва оини Сосониён дар ин айём чунин буд, ки подшоҳ ба рӯзи Наврӯз шурӯъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки барои эшон ба тахт омадааст, ки ба эшон некӣ кунад. Ва рӯзи дувумро барои деҳқонон ҷашн мегирифт. Ва рӯзи сеюмро барои сипоҳиён, рӯзи чорум барои аҳли байт ва наздикони худ. Рӯзи панҷум барои хонавода ва ходимони худ, рӯзи шашум аз ҳама фориғ мешуд барои худ Наврӯз мегирифт».
Чи хеле, ки Берунӣ хабар медиҳад моҳи аввали солҳоро дар Эронзамин аҳли Форс – Фарвардин, Суғд – Навсард, Хоразм – Навсорҷӣ, Сиҷистон – Кавоз меномиданд ва дар аввали рӯзи ин моҳ барои ҳамаашон Наврӯз оғоз мегардид.
Мувофиқи ривояти таърихӣ, ки Академик Ю. Яъқубов дар китобаш «Гоҳномаи Авестоӣ» овардааст, 25 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз дар дарбори шоҳӣ 12 сутун бо косаҳои пур аз хок мегузоштанд ва дар онҳо тухми 12 намуд зироатро мекоштанд ва рӯзи 6-уми Наврӯз сабзаи ин зироатҳоро олимони набототшинос фол медиданд ва ҳосилнокии онҳоро дар соли нав пешгӯӣ мекарданд. Дастархони 7 шин: шарбату шароб, ширу шакар, шамъу ширинӣ, ширбиринҷ: 7 мим: мурғу моҳӣ, маскаю мост, мавизу мураббо ва мева: 7 син: сабза, кишмиш (сабз), себ, санҷит, сирко, суманак, сабзӣ орогари мизи Наврӯзӣ буд.
Умари Хайём овардааст, ки шоҳ дар майдон тахтро мегузошт ва Мӯбади Мӯбадон ба ӯ наздик мешуд бо ҷоми заррин пур аз май, ангуштарин, динор, дирам, ҷави сабзааш баромада, шамшер, камону тир, довоту қалам ва ӯро ситоиш мекард.
Дар таърихиномаҳои қадими ақвоми Эронӣ ҳикоят мекунанд, ки дар рӯзи Наврӯз бисёр хостаҳо амалӣ мешаванд. Масалан, дар ин рӯз Фаридун ҷаҳонро ба писарони худ қисмат намуд. Дар ин рӯз камонкаш Ораш бо партоби тир сарҳадоти Эронзаминро то Фарғона муайян кард. Дар ин рӯз Кайгуштосп дини маздоясноро аз Зардушт пазируфт. Дар ин рӯз растохез фаро хоҳад расид. Худованд дар ин рӯз ёқутро офарид ва зинати Наврӯз гардонид.
Шоирони гузашта аз устод Рӯдакӣ сар карда то ба имрӯз дар осорашон Наврӯзро васф намуданд.
Дар осори мусиқии гузаштаи мо махсус мақомҳои Наврӯзӣ аз қабили «Боди Наврӯзӣ», «Наврӯзи бузург», «Наврӯзи Қайқубод», « Наврӯзи Маздак», «Сози Наврӯзӣ», «Роҳати Хусравонӣ», «Наврӯзи Аҷам» ва ғайраҳо аз ҷониби мусиқидонону навозандагон эҷод гардидаанд, ки имрӯз қисме аз онҳо дар мусиқии классикии мо «Шашмақом» пойбарҷост.
Наврӯз дар даврони исломӣ низ ҷойгоҳи вижае дошт. Ба ин ахбороту ривоятҳои бузургони ислом,ки хело зиёд таъбиру тавсиф шудааст далолат мекунанд.
Имом Бухорӣ дар Ат-таърих-ул-кабир аз Ҳаммод ибни Салама аз Алӣ ибни Зайд аз Сиъри Тамимӣ чунин ривоят мекунад: "Барои Алӣ (р) фолуда оварданд. Алӣ (р) пурсид: ин чист? Гуфтанд: имрӯз Наврӯз аст. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз кунед”. («Ат-таърих-ул-кабир», Бухорӣ, ҷ 1, с 414).
Заҳабӣ дар Сияр-ул- аъломин-нубало аз Мукаррам ибни Аҳмади Қозӣ аз Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Шозони Марвазӣ аз падараш, аз ҷаддаш ривоят мекунад: аз Исмоил шунидам, ки мегӯяд: ман писари Ҳаммод писари Абӯҳанифа писари Нӯъмон писари Собит писари Марзбон, аз форсҳои озода, ҳастам. Ба Худо савганд, ки ҳеч гоҳ дар миёни мо бардагӣ набуд. Падарбузургам (Абӯҳанифа) дар соли 80-и қамарӣ ба дунё омада аст. Ҷаддам Собит назди Алӣ ибни Абӯтолиб (р) рафт, дар ҳоле ки хурдсол буд, он гоҳ Алӣ (р) барои ӯ ва фарзандонаш дуои баракат кард, ва мо умедворем дуои Алӣ (р) дар ҳаққи мо ба иҷобат расад”. Сипас, ривоятро чунин идома медиҳад: "Нӯъмон ҳамон касест, ки дар рӯзи Наврӯз барои Алӣ (р) фолуда бурд. Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Наврӯз созед”. Ровӣ мегӯяд: "Бархе гуфтаанд, ки рӯзи Меҳргон буд ва Алӣ (р) фармуд: ҳар рӯзро Меҳргон кунед”. («Сияр-ул- аъломин-нубало», Заҳабӣ, ҷузъи 6, сафҳаи 395 аз «Ал-мактабатуш-шомила»).
Ин ривоят ҳамчунин дар «Вафаёт-ул-аъён», «Таҳзиб-ул-асмо», «Тақрибут-таҳзиб», «Таърихи Бағдод» ва дигар манобеи мӯътабар ворид шудааст.
Берунӣ дар «Ал-осор-ул-боқия» овардааст: "Овардаанд, ки дар Наврӯз, ҷоме пур аз ҳалво барои пайғамбар (с) ҳадия оварданд. Он ҳазрат пурсид: "Ин чист?” Гуфтанд: "Имрӯз, рӯзи Наврӯз аст”. Пурсид: "Наврӯз чист?” Гуфтанд: "Иди бузурги эрониён аст”. Фармуд: "Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард”. Пурсиданд: "Аскара чист?” Фармуд: "Аскара, ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг, тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд ба онон фармуд: Бимиред. Пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Аз ин рӯст, ки суннати об пошидан (дар Наврӯз) ривоҷ ёфта аст”. Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: "Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд”. («Ал-осор-ул-боқия», с 230).
Фирӯзободӣ дар «Ал-қомус» оварда аст: "Миқдоре ҳалво барои Алӣ (р) оварданд. Пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки барои Наврӯз аст. Фармуд, ҳар рӯзи мо Наврӯз аст. Ва дар Меҳргон гуфт, ҳар рӯзро барои мо Меҳргон кунед”. («Ал-қомус», Фирӯзободӣ, ҷ 2, с 279).
Адам Метс дар асари машҳури худ «Эҳёи мусулмонӣ» овардааст, ки дар дарбори халифаҳои Аббосӣ дар Бағдод дар қатори иди Фитр ва иди Қурбон, Наврӯз низ иди расмии хилофат буд. Аббосиҳо мисли Сосониён дар дарбори худ базми бошукӯҳ барпо мекарданд ва тӯҳфаҳо медоданд, ба ҳамдигар об мепошиданд, қасидахонӣ мекарданд, муғаниҳо нағмаороӣ мекарданд ва то саҳар базм давом меёфт.
Дар дарбори Сомониён низ мисли Сосониён Наврӯзро бо шукӯҳ ҷашн мегирифтанд. Сурудхонӣ, қасидасароӣ дар васфи Наврӯзу баҳор то субҳ идома меёфт, ки сари сабади базм устод Рӯдакӣ буд, ва бо қасидаву баҳорияҳои худ ҳозиринро ба ваҷд меовард.
Ҳамин тавр, ин иди сирфан миллии мо аз қазову қадар гузаштаву то ба имрӯз ба мо омада расид ва ҳатто ҷашни аҷнабиёне, ки моро ва Наврӯзро аз байн бурдан мехостанд қарор гирифт ва имрӯз дар аксари мамолики мусулмонӣ, инчунин Аврупову Амрико ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷилил карда мешавад.
Дар манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ин иди бошукӯҳ бо хусусиятҳои рангоранги ба худ хос таҷлил мегардад. Бо таваҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Маркази равобити хуби таърихи доштанд ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабонӣ минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа узбакҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркманҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст. Ҳоло ки дар шаҳрҳои марказӣ, Самарқанд, Бухоро, Насаф, Тирмeз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин манотиқ тоҷик ҳастанд, сунан ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми узбак низ бо чунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Узбакистон ғизои наврӯзӣ - саману ё суманак, омода карда мешавад ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд
Мавсими пеш аз соли нав (Наврӯзӣ) «гулгардонӣ» ё «бойчечак» ном дорад, ки кӯдакон дар он иштирок мекунанд. Баъди давраи «гулгардонӣ» мардум хонаву манзилҳои худро тамиз мекунанд. Дар рӯзҳои ид занҳо бо ҳамдигар гулоб мепошанд, то ки соли нав таборак ояд. Дар моҳи Наврӯзӣ дастархон аз хӯрданиҳои суманак, самбӯса, ҳалво ва анвоъи меваҷот оро дода мешавад.
Дар рӯзҳои ид ҳар гуна бозиҳои миллӣ гуштингирӣ, бузкашӣ, дорбозӣ, масхарабозӣ, инчунин хурӯсҷанг, қабкҷанг ва ғайраҳо барпо мегардид. Қариб дар тамоми манотиқи тоҷикнишин расми «ҷуфтбаророн», яъне оғози киштукори соли нав гузаронида мешавад.
Як вақтҳо, дар давраҳои сулолаҳои Пешдодиён, Каёниён, Сосониён, Ашкониён ин иди миллии мо ҷаҳонӣ буд ва дар даврони баъдӣ ҳам милали арабу турк, ҳинд, қибтию сурёнӣ ва ақвоми дигари олам онро ҷашн мегирифтанд. Аммо бо ба тасвиб расидани қатъномаи СММ он мақому манзалати худро ҳамчун мероси фарҳангии як миллати бузург, яъне тоҷик дар тамоми ҷаҳон аз нав болотар бурд ва ин миллат нишон дод, ки чӣ ҳиссаи бузурге ба таммадуни башарӣ додаст ва хоҳад дод.
Боз Наврӯз омаду дил шуд ҷавон,
Кӯҳнашаҳру кӯҳнаманзил шуд ҷавон.
Меҳр шуд бедор дар ҳафт осмон,
Офтобо эй фурӯғи сад ҷаҳон,
То ба Наврӯзи дигар моро расон.
Ҳамид Маҷидов,
профессор
Ҳабибулло Мақсадов