Виктор Иванов, сардори Хадамоти федеролии зидди маводи мухаддири Русия зимни баромади худ дар ҷаласаи охири ин ниҳод чанд пешниҳоди ба қавли худаш “муҳим”- ро барои таъминоти амнияти шаҳрвандони ин кишвар аз воридоту истеъмоли мухаддирот ироа намуд. Ин пешниҳодот асосан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, муҳоҷирони ин кишвар рабт дорад, ки ҷониби моро ба андеша водор намуд. Пештар дар Русия бо чунин изҳоротҳову тарс доданҳо ба кишварҳои ҳамсоя Генадий Онишенко, сардухтури беҳдоштии ин кишвар маъруфу машҳур буда, миёни миллатгароёни рус ба ҳайси як пешво маҳбубият касб карда буд. Акнун Виктор Иванов, яке аз чеҳраҳои дигари сиёсати Русия барои шарафманд шудани чунин маҳбубияти миллатгароён талош дорад.
Бино ба пешниҳоди “чоргона”-е, ки Виктор Иванов дар ин ҷаласа матраҳ намуд, мушкили муҳоҷирини Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикон ба маротиб мушкил хоҳад шуд, агар он аз сӯи раҳбарияти ин кишвар маврди дастгирӣ қарор ёбад. Худо накунад.
Чор пешниҳод алайҳи Осиёи Марказӣ ё фишори навбатӣ
Бино ба пешниҳоди ҷаноби Виктор Иванов, бастани сарҳад ба рӯи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ роҳи аслии мубориза алайҳи воридоту паҳншавии нашъа будааст. Ин оқо барои тақвияти фикраш вазъи ошкоркунии воридоти маводи мухаддирро дар сарҳад дар кишварҳое ба мисли Амрико (30 то 50 %), Эрон (то 85%) мисол оварда теъдоди ошкоркунии нашъаи ғайриқонуниро дар сарҳадоти Русия 0,5 дарсад арзёбӣ карда, бонги изтироб задааст.
Алабатта, аз як ҷониб, ташвиши Виктор Иванов баҷо буда, вазифаи ҷонии ӯст, ки дар ин ҳолатҳо бонги изтироб бизанад. Аммо пешниҳодоте, ки ҷаноби Иванов мекунад, на ислоҳи вазъ, балки фишори навбатӣ болои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва умуман пасошуравӣ мебошад. Бубинед, ба ҷойи беҳтар кардани фаъолияти хадамоти сарҳадбонӣ, пулис, хадамоти амният Иванов кори осон - бекор кардани тартиби воридот ба Русия бо шиносномаи дохилӣ, (дар мавриди Тоҷикистон - шиносномаи тоҷикӣ)-ро пешниҳод мекунад. Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қатори баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ тибқи як қарордоди чандҷониба ҳаққи вуруд ба Русия бидуни шиносномаи хориҷиро пайдо карда буданд.Ҷаноби Иванов ҳатто лозим намедонад таъкид созад, ки бо кадом шиноснома ворид шудани шаҳрванди хориҷӣ ба кишвараш барои воридоти нашъаи ғайриқонунӣ чӣ аҳамият ва ё таъсире дошта бошад. Ҳамагон медонад, ки барои қочоқчӣ фарқ надорад, ки бо кадом шиноснома “бор”-ашро интиқол мекунад. Ва чизи дигар аз муҳоҷири бечора дида, барои қочоқчӣ гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба чанд маротиб осонтар аст, ки ҷойи таъкиду баҳс ва шарҳ низ нест, ки чӣ гуна.
Ин дар ҳолест, ки Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав дар як ҷаласаи охир аз беҳтаршавии вазъи муҳоҷирин дар шаҳр, будубошии қонунии онҳо, риояи қонуну қавоиди шаҳру русуми мардуми таҳҷоӣ, камшавии ҷинояткорӣ миёни онҳо изҳори қаноатмандӣ ва хушнудӣ намуда буд: “Вазъият мӯътадил шудааст. Ҳолати хушнудкунанда ин кам шудани ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон ба андозаи 25 дар сад мебошад. Мо бе муҳоҷирин наметавонем, онҳо ба мо лозиманд, чунки норасоии нерӯи корӣ ба миқдорӣ 2 миллион нафар ҷой дорад. Муҳим ки онҳо дар қайд бошанд, андоз супоранд ва ҷиноят содир накунанд».
Баромадани Русия аз ҳайати кишварҳои Созишномаи байналмилалӣ оид ба тартиби соддакардашудаи гирифтани табаияти Русия пешниҳоди дуввуми Иванов будааст. Дар ҳоле ки тамоми ҷомеашиносон ва демографҳои Русия баъди доир кардани нуфусшумории соли 2010 аз камшавии бесобиқаи аҳолӣ изҳори ташвиш ва пур кардани ин хало аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус кишварҳои Осиёи Марказии хоҳишманди гирифтани шаҳрвандии Русияро мекунанд, ин пешниҳоди Виктор Иванов ҳайратовар менамояд.
Назорати доимии вуруди шаҳрвандон дар нуқтаҳои гузариши сарҳад ва доир кардани тартиби қайди саросарии воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ аз сӯи мақомоти амнияти ин кишвар як пешниҳоди дигари сардори хадамоти зидди мухаддир мебошад, ки ин барои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ наметавонад мушкили бештареро аз он ки боз аз муҳоҷири бечора чанд пайсае канда мешавад, ба миён биёрад.
То ин замон кишвари Русия нафароне, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранду ин тартибро вайрон мекунанд, аз ҳудудаш берун мекард. Аммо ин навбат Иванов пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноиро барои чунин ашхос бо ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории кишвараш пешниҳод мекунад. Огоҳем, ки чунин пешниҳод аз сӯи Владимир Путин, - президенти тозаинтихоби Русия дар давраи гармои сабқати пешазинтихоботӣ низ сурат гирифта буд. Ростӣ, аз ин пешниҳод ва ё қабул шуданаи он муҳоҷири қонунписандро бояд ҷойи ҳарос набошад.
Дар идомаи суханаш ҷаноби Иванов ҳатто вазифаи ҳамтои дигари худ Генадий Онишенкои ба миллатгароӣ машҳурро ба ӯҳдаи худ гирифта, манъи воридоти сабзавоту полезиро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо баҳонаи интиқоли маводи мухаддир пешниҳод кардааст. Ана аз ин метавон тарсид. Зеро ин боз ҳам фишоре болои мардуми бе ин ҳам қашшоқи кишварҳори Осиёи марказӣ ва иқтисодиёти касоди ин кишварҳо хоҳад буд.
Аммо ба андешаи мо мушкил на дар тартибу қойида ва ё қонунгузорӣ аст, мушкил дар муносибат ба муҳоҷирин ва кишварҳои “бародарӣ” аз сӯи нухбагони Русия мебошад. Ин фишори навбатӣ дар қиболи Укроин, баъди сард шудани муносиботи газӣ, Қирғизистон дар пайи дархости баргардонидани қарзӣ 15 миллион доллар барои истифодаи пойгоҳҳои низомӣ ва берун кашидани ин пойгоҳҳо аз кишвар, талаби баррасии тартиби истифодаи нерӯҳои низомии Русия дар Тоҷикистон аз сӯи Душанбе мебошад. Бале, Русия дар ҷаҳон ҳамчун кишваре худро муаррифӣ намудааст, ки дар сурати аз сӯи кишварҳои бо нерӯ ва ё қудрат аз худаш поинтар фавран аз таҳримҳову фишорҳое кор мегирад ва албатта, дар ниҳоят ба хостааш муваффақ мешавад.
Худо накунад, ки раҳбарияти Русия ин пешниҳодоти Виктор Ивановро ҷиддӣ бигиранд ва дар қиболи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ (мо- ку дар аввал барои тоҷикон месӯзем) чунин фишорҳоро роҳандозӣ намуда, бо ин тавассут раҳбариятҳои ин кишварҳоро дар ин даврони ҳассосу нозуки мубориза барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ ба зону шинонаду хзостаҳояшонро ба осонӣ бароварда намоянд...
Муҳаммад Рашод, Маскав
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |