Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ду рӯз қабл як сарбози амрикоӣ дар Афғонистон аз пойгоҳаш берун рафта, ба чанд манзили мардуми осишта ҳамла кардааст, ки дар натиҷа аз тири ӯ 16 нафар аз сокинони осоишта ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, миёни онҳо занону кӯдакон низ мебошанд. Дар ҳамин маврид раисҷумҳури Амрико Барак Обама дар як тамоси телефонӣ бо оғои Карзай таслияти худро баён дошта, узрхоҳӣ намуд. Аммо то куҷо ин аз ҷониби мардуми афғон қабул мегардад, то ҳанӯз норӯшан аст. Зеро ин маротибаи дуввум аст, ки дар ин кишвар аз ҷониби сарбозони амрикоӣ ҳодисаҳои тасодуфӣ рух медиҳанд. Чанде пеш нусхае аз китоби муқаддаси мусулмонон - Қуръон аз ҷониби як сарбози амрикоӣ дар Афғонистон сӯзонда шуд, ки президенти Амрико Обама аз Ҳомид Карзай расман узрхоҳӣ намуда буд. Ин навбат низ ин ҳодисаи тасодуфӣ, ки алъон дар меҳвари расонаҳои дохилу хориҷ қарор дорад, коршиносонро бетараф нагузошт. Ба андешаи бархе аз таҳлилгарони масоили сиёсӣ дар минтақа, ин амале, ки аз ҷониби сарбози амрикоӣ сар задаасту то ҳанӯз сабабаш дақиқ нест, метавонад, нуфузи Амрикоро, ки мехоҳад, дар кишварҳои исломӣ, хусусан минтақаи Осиёи Марказӣ демократия созад, коста гардонад.
-Чунки дар рафтори ин як сарбоз ҷомеа на рафтори он, балки натиҷаи таббии сиёсати кишварҳои ғарбро дар минтақа мебинанд,- мегӯяд, коршиноси умури сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло.
Ба андешаи номбурда Амрико дар минтақа чандон нуфузи зиёде надорад ва болои ин боз ин рафтори сарбози онҳо метавонад, онро боз ҳам коҳиш диҳад.
“Фикр намекунам, ки умуман нуфузи Амрико дар минтақа чандон баланд бошад ва ҳамин гуна ҳодисаҳо албатта, нуфузи на он қадар зиёдро боз ҳам бештар коҳиш медиҳад, чунки дар рафтори он як сарбози Амрико танҳо рафтори ӯро намебинанд. Онро ҳосили як натиҷаи таббии умуман сиёсати кишварҳои Ғарб дар минтақа, минтақаи исломӣ, яъне олами исломӣ мебинанд”, мегӯяд Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси умури сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ.
Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, амали чунин сарбоз метавонад нуфузи дилхоҳ кишварро коста гардонад, вале бо рафтори ин як сарбози амрикоӣ наметавон Амрикоро гунаҳкор кард. Зеро ба боварии номбурда, ин кишвар корҳои зиёдеро дар Афғонистон анҷом додааст.
“Ҳар як сарбозе, ки бе иҷозати роҳбар ба ин гуна кор даст мезанад, метавонад, обрӯи давлатро резонад. Лекин бо ҳамин тамоми Амрикоро гунаҳкор карда намешавад. Зеро Амрико корҳои хеле зиёдеро анҷом додааст. Ҳоло аз Афғонистон рафта истодааст. Ва мувофиқи он маълумоте, ки ҳозир телевизиони Русия гуфт, Обама шахсан занг зада аз оғои Карзай узр пурсиданд, барои ин кор ва ваъда доданд, ки гунаҳкорро ҷазои сахт хоҳанд дод”, иброз дошт, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров.
Узри бадтар аз гуноҳи Обама
Дарвоқеъ, президенти Амрико Барак Обама барои ин амали сарбози дар Афғонистон будаашон узрхоҳӣ намуд. Аммо тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ин амали сарбозро куштори байналмилалии сокинони осоишта ном бурда, талаби шарҳи ин қазияро аз НАТО намудааст.
Дар мавриде, ки абарқудратҳои олам баҳри нуфузи хеш дар минтақаи Осиёи Марказӣ талош доранд, ин ҳодиса бетаъсир буда наметавонад, зеро Амрико низ имрӯз яке аз абарқудратҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Дар баробари ин ба назари коршиноси умури сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло то замоне, ки мамолики Ғарб худро ҳамчун нерӯе дар муқобили олами Ислом мегузоранд, нуфузи маънавии онҳо зери суол бурда мешавад. Номбурда мегӯяд: “Мо мебинем, ки тақрибан як 15-20 сол боз кишварҳои Ғарб ҳамчун нерӯе худашонро нишон дода, ҳамеша худро дар ҳолати “ҷанг” бо олами Ислом мегузоранд. Албатта, дар чунин як шароит ба гумон аст, ки нуфуз, яъне обрӯи маънавияшон боло бошад. Албатта нуфуз доранд, он ҳам нуфузи сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ ва як андоза чун хеле аз мардум азбаски минтақаҳои худашон чандон ноором аст, пулҳои худашонр ба бонкҳои Амрико таҳмил медиханд.” Дар ин сурат ба боварии номбурда наметавон бо нуфузи мамолике, ки пулҳои қисме аз мардум дар онҷост муқовимат кард. Зеро “баъд аз он ки ба бонки Амрико таҳмил додед, хоҳ нохоҳ худро зери назорати онҳо вомегузоред. Модом ки худро зери назорати онҳо вомегузоред ба гумон аст, ки тавонед бо нуфузи онҳо муковимат кунед. Вале ин бештар ба онҳое дахл дорад, ки ин гуна имкониятро доранд”, мегӯяд Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси умури сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ
Аммо дар ҳамин маврид ба назари номбурда мардуми оддӣ нисбат ба он назари дигар доранд, ҳангоме, ки ба сари эшон бомбаҳо мерезанду мушакҳо меафтанд.
Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси умури сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мегӯяд: “Аммо дар байни мардум, хусусан мардуми оддӣ, ки масалан, аслан ба рӯзномаҳо сару кор доранд ё як чизи дигар ва вақте ба сарашон бомбаҳо мерезанд, мушакҳо аз боло меафтанд, онҳо чӣ фикр доранд дар ин масъала? Яъне фикрашон хеле манфӣ аст.
Ин ҳодиса на ба нафъи ИМА аст...
Ба назари як коршиноси дигар имрӯз баъзе аз абарқудратҳо ба мисли Чину Эрон аз дигар усули муносибот кор гирифтаанд, ки нуфузашон дар минтақа бештар афзудан дорад. Ин кишварҳо муносиботи худро дар сохтмони иншоотҳои ҳаётан муҳим бо дигар мамолик дар минтақа ба роҳ мондаанд, ки ба манфиати тарафайн буда, боиси зиёд гардидани нақши онҳо дар минтақа гаштааст.
Аз ҳамин нуқтаназар, Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси умури сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ бар он назар аст, ки “агар Амрико мехоҳад нуфузи худашро бардорад бештар на ба дору гири низомӣ дар мамлакатҳои исломӣ сару кор дошта бошад, балки бештар ба мусоидат намудан дар ҳалу фасл намудани мушкилоти иктисодӣ агар нерӯи худашро равона кунад, нуфузаш хеле болотар меравад. Вале мутаасифона аз афти кор на ҳама дар Амрико дар чунин фикранд”, мегӯяд номбурда. Ва хулоса мекунад, ки “ҳар як рӯзнома, ҳар як ВАО ин ё он мавкеъгириро ҳимоя мекунад ва ҳеҷ гоҳ бетараф буда наметавонад. Маълум аст, ки ВАО-и кишварҳои Ғарб, хуб, манфиатҳои стратегии умуман Ғарб ва манофеи ҳар яке аз кишварҳои онҳоро ҳимоя мекунанд ва манфиати онҳо бо манфиати олами ислом ба сурати умум ва ба ҳар як кишвари он на ҳамеша мувофиқат мекунанд”
Воқеан имрӯз бархе аз расонаҳо ин ҳодисаро, ки метавонад ба нуфузи Амрико дар минтақа таъсир расонда бошад, амали тасодуфӣ ном мебаранд, аммо пештар бо сар задани чунин як ҳодисаи тасодуфӣ –сӯзондани Қуръон, эътирозҳои зиёд дар ин кишвари исломӣ сар зада буд, ки тақрибан як ҳафта давом кард. Ва ба назари коршиносон ин навбат низ наметавон чизеро интизор нашуд.
Наврӯз Қурбонзода
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |