Бахшҳо
12 мар 2012 10:11Гузориш

Ангишт ҳам қимат мешавад!?

Сокинонро зарур аст, ки моҳҳои август, сентябр, октябр ва ноябр ангиштро харида захира намоянд, то ангиштфурӯшҳо имконият пайдо накунанд, ки бо истифода аз талаботи зиёд нархро якбора баланд бардоранд.

Ин нуктаро дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» Баҳриддин Абдураҳимов, сардори раёсати  саноати истихроҷи ангишти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳор дошт. Абдураҳимов рабт доштани афзоиши нархи ангиштро ба истеҳсоли ками он  рад карда, таъкид намуд, ки нархашро бозор муайян мекунад:

«Нархгузорӣ дар корхонаҳои истеҳсоли ангишт дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар  сурат мегирад. Дар нуқтаҳои фурӯши ангишт нархро бозор муайян мекунад. Аз сабабҳои асосии афзоиши нарх дар зимистон зиёд шудани талабот ва инчунин зиёд будани хароҷоти интиқол мебошад. Зимистони имсола нархи ангишт то 1,5 сомонӣ расид, ки 60 – 70 фоизи таркиби онро хароҷоти сӯзишворӣ ва интиқол ташкил медиҳад».

Баҳриддин Абдураҳимов изҳор медорад, ки тайи се – чор соли охир дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба густариши истихроҷу истифодаи ангишт зиёд шуда истодааст. Ба иттилои ӯ тайи чанд соли охир 80 корхонаи маҳсулоти сохтмонӣ, 28 корхонаи оҳангудозӣ, 1 корхонаи истеҳсоли шиша ва 17 корхонаи саноати хӯрокворӣ аз истифодаи гази қиммату камёби воридотӣ ба ангишти ватанӣ гузаштаанд.

Абдураҳимов ҳаҷм ва сифати захираҳои ангишти Тоҷикистонро баланд баҳогузорӣ карда, афзуд, ки то имрӯз 36 кони ангишт дарёфт ва қисман омӯхта шудаанд. Ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар Тоҷикистон ҳудуди 4,5 миллиард тонна арзёбӣ мегардад. Аммо истеҳсоли ангишт айни ҳол дар кишвар дар муқоиса бо имкониятҳо хеле ночиз аст. Масъулини вазорати энергетика ва саноат шумораи умумии корхонаҳои истеҳсоли ангиштро 14 адад арзёбӣ менамоянд, ки 8 тояшон хусусӣ мебошанд. Абдураҳимов мегӯяд, соли гузашта корхонаҳои истеҳсоли ангишт 236,8 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиса бо нишондоди соли 2010 –ум 18 фоиз ва нисбати нақша 36,8 ҳазор тонна бештар мебошад.

Тавваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷиро ба саноати истихроҷи ангишти Тоҷикистон, Абдураҳимов рӯзафзун гуфт. Вай мегӯяд, тайи се соли охир ширкатҳои Русия, Қазоқистон, Амрико, Ҳиндустон, Кореяи ҷанубӣ, Чин ва Британияи Кабир ба соҳаи ангишти Тоҷикистон 15 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардаанд.

Масъулини вазорати энергетика ва саноати кишвар изҳор медоранд, лоиҳаи қонун «Дар бораи ангиштсанг», ки дар марҳилаи қабулшавӣ аст, рушди соҳаро такон медиҳад. Сардори раёсати саноати истихроҷи ангишти Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ангиштсанг» - ро якумин қонуни махсуси соҳаи ангиштканӣ гуфта, таъкид кард: «Пештар қонун дар бораи энергетика, дар бораи маъданҳо буд. Қонуни махсус дар бораи ангишт нав қабул хоҳад шуд».

Ба гуфтаи Абдураҳимов рушди истихроҷу истифодаи ангишт дар Тоҷикистон вобастагии кишварро аз маҳсулоти нафтию гази воридотӣ камтар карда, сарбории аз ҳад зиёдро болои барқ, нестшавии дарахту буттазорҳо ва то ҷое бекориро бартараф хоҳад кард.

Давлатёров Ҳаким

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)